Якуми декабри соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Муҳтарам вакилон!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд.
Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласа вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Содиқ Шоназаров, муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Восидиён, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каъбатулло Меликзода, муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Талбакзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд!
Ба рӯзномаи ҷаласа шаш масъала пешниҳод шудааст.
Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.
Лоиҳаи қарорро ба овоз монда, хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025»
2. «Дар бораи лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025»
3. «Дар бораи дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат»
4. «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)»
5. «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Душанбе — маблағгузории иловагӣ»
6. «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо».
РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.
Аз рӯи масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.
Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Дар оғоз мехоҳам миннатдории роҳбарияти Вазорати молияро барои ҳамкориҳои судманд ва тавсияҳо, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025» аз ҷониби вакилони арҷманд пешниҳод шудаанд, изҳор намоям.
Дар ин раванд нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2025, ки тибқи он, афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар сатҳи аз 7,8 то 8,1 фоиз барои ин давра пешбинӣ шудааст, ҳамчун заминаи асосӣ, инчунин дигар тадбирҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба дастгирии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ислоҳоти татбиқшаванда низ ба инобат гирифта шудаанд.
Ҳаҷми умумии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 аз ҳисоби ҳама манбаи даромад ба маблағи 37,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 4,1 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар лоиҳаи буҷети давлатӣ ҳамаи захираҳои молиявии давлатӣ, аз ҷумла маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар ҳаҷми 9,3 миллиард сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ 2,4 миллиард сомонӣ ва даромади ҷории буҷети давлатӣ 25,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши маҷмӯии 12,3 фоиз ба ҳисоб гирифта шудааст. Ҳиссаи ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 29,1 фоиз ва даромади ҷории он ба 19,9 фоиз баробар гардид.
Дар доираи ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ воридоти маблағҳо барои дастгирии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 587 миллион сомонӣ (40 миллион доллари амрикоӣ ва 4 миллион евро) пешбинӣ гардида, ҷалби он дар доираи татбиқи «Барномаи беҳтарсозии бахши молиявӣ ва идоракунии молиявӣ»-и Бонки осиёии рушд ва барномаи нави ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар назар аст.
Нақшаи воридоти андозҳои дохилӣ тавассути мақомоти андоз дар ҳаҷми 16,6 миллиард сомонӣ муқаррар гардида, афзоиши он нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 1,8 миллиард сомонӣ ё 12,0 фоизро ташкил дода, дар он рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, сатҳи таваррум, даромади воқеии солҳои гузашта ва дурнамои иҷрои он то охири соли ҷорӣ, инчунин воридот аз бақияпулиҳои андозӣ ба инобат гирифта шудааст.
Пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 7,4 миллиард сомонӣ бо афзоиши 14,6 фоиз муайян гардида, нисбат ба соли ҷорӣ 945 миллион сомонӣ зиёд аст. Вазни қиёсии онҳо дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 5,8 фоизро ташкил дода, манбаи пардохтҳои гумрукӣ, арзиши гумрукии молҳо мебошад, ки таҳти андозбандӣ қарор дода мешаванд.
Аз дигар мақомоти ваколатдор (вазоратҳои молия, корҳои дохилӣ) воридоти ғайриандозӣ ба маблағи 793,0 миллион сомонӣ бо афзоиши 18,2 фоиз ба нақша гирифта шудааст.
Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2023 ба маблағи 3 миллиарду 987,6 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, ташаккули он аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 3 миллиарду 956,8 миллион сомонӣ ва мусоидати молиявӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 30,8 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа баробар ба даромади он, яъне дар ҳаҷми 3 миллиарду 987,6 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда, мутобиқи моддаи 14 лоиҳаи қонуни мазкур тасдиқ карда мешавад.
Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли оянда дар ҳаҷми 14,7 миллиард сомонӣ, қисми хароҷот дар ҳаҷми 15,7 миллиард сомонӣ ва касри он дар ҳаҷми 1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Даромадҳои умумии буҷетҳои маҳаллӣ бо дарназардошти маблағи субвенсия дар ҳаҷми 9 миллиарду 928 миллион сомонӣ ва қисми хароҷоти он дар ҳаҷми 9 миллиарду 951 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дурнамои қисми хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, бо дарназардошти нишондиҳандаҳои қисми даромади он, дар ҳаҷми 38,1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 4,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он ба 29,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.
Дар ин раванд, бо мақсади ҷорӣ намудани низоми буҷетикунонии барномавӣ, дар моддаи 7-уми лоиҳаи қонун тасдиқи хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ тибқи гурӯҳбандии барномавӣ аз рӯи 14 соҳаи буҷетӣ муқаррар карда шуд. То ин дам гурӯҳбандии мазкур танҳо аз рӯи 5 соҳа татбиқ мегардид.
Дар сохтори хароҷоти буҷети давлатӣ манбаъҳои маблағгузории он аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин пешбинӣ шудааст, аз ҷумла хароҷоти ҷорӣ, яъне аз ҳисоби даромади дохилӣ 26,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 13,6 фоиз, барномаи давлатии сармоягузорӣ 9,3 миллиард сомонӣ бо афзоиши 17 фоиз ва маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 2,3 миллиард сомонӣ.
Барои маблағгузории соҳаи маориф 7,2 миллиард сомонӣ бо афзоиши 14,4 фоиз, тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ бо афзоиши 16 фоиз, ҳифзи иҷтимоӣ 4,9 миллиард сомонӣ бо афзоиши 13,1 фоиз ва фарҳангу варзиш 1,5 миллиард сомонӣ бо афзоиши 24,6 фоиз ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, барои рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ низ афзалият дода шуда, барои маблағгузории комплекси сӯзишворию энергетикӣ 6 миллиард сомонӣ, кишоварзӣ 1,6 миллиард сомонӣ бо афзоиши 57,3 фоиз, саноат ва сохтмон 259,8 миллион сомонӣ бо афзоиши 24,4 фоиз ва нақлиёту коммуникатсия 2,9 миллиард сомонӣ бо афзоиши 8,5 фоиз пешбинӣ гардидааст.
Дар маҷмӯъ, барои соҳаҳои зикршуда дар буҷети давлатӣ барои соли 2023-юм 10,9 миллиард сомонӣ бо афзоиши 837 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин 29 фоизи хароҷоти умумии буҷетро ташкил дода, ба 9,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.
Дар лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2023 фонди музди меҳнат барои соҳаҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 7,9 миллиард сомонӣ бо афзоиши 1,5 миллиард сомонӣ ё 23,3 фоиз ба нақша гирифта шудааст.
Барои сармоягузории асосии мутамарказ дар соли 2023 дар ҳаҷми 4,3 миллиард сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли ҷорӣ 64,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар сохтори даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ соли 2023 азхудкунии маблағҳо аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 9,2 миллиард сомонӣ ё баробар ба 7,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ низ пешбинӣ шудааст.
Бо таваҷҷуҳ ба муҳимияти иҷрои уҳдадориҳои молиявии кишвар вобаста ба хизматрасонии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ин мақсад дар лоиҳаи буҷет маблағҳо маҷмӯан дар ҳаҷми 3,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ карда шудаанд.
Аз ин маблағ, пардохти 2,4 миллиард сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 997 миллион сомонӣ аз ҳисоби иҷрои уҳдадориҳои созишномаҳои зерқарзии корхонаҳои давлатӣ, ки рӯйхати онҳо дар моддаи 3 — юми лоиҳаи қонун пешбинӣ гардидааст, анҷом дода мешавад.
Барои хизматрасонии қарзи дохилӣ дар соли 2023 маҷмӯан 700 миллион сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ 380 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои берун аз тавозуни буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 320 миллион сомонӣ, яъне аз ҳисоби фурӯши амволи бонкҳои муфлисшуда ба нақша гирифта шудааст.
Бо дарназардошти риояи мувозинатии буҷети давлатӣ касри он дар соли 2023 ба андозаи 0,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ё баробар ба маблағи 1 миллиарду 30 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Манбаъҳои пӯшонидани касри буҷети давлатӣ дар моддаи 3 — юми лоиҳаи қонун пешбинӣ гардида, ҳиссаи асосии он аз ҳисоби маблағҳои грантию қарзии ҷалбгардидаи созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар ҳаҷми 520,1 миллион сомонӣ, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ 100,0 миллион сомонӣ, иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ 124,6 миллион сомонӣ, ба муомилот баровардани векселҳои давлатӣ 100 миллион сомонӣ ва дигар манбаъҳои тибқи қонунгузорӣ муқарраргардида амалӣ карда мешавад.
Дар баробари ин, касри васеи буҷети давлатӣ бо дарназардошти қарзи баргардонидашавандаи давлатӣ дар ҳаҷми 2,3 миллиард сомонӣ ё 1,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ гардидааст.
Нишондиҳандаҳои қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 — 2025 нишондиҳандаҳои дурнамоӣ мебошанд ва ҳангоми пешниҳоди лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои дахлдор» аз нав баррасӣ карда мешаванд.
Дар баробари пешниҳоди маълумот дар бораи лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 бо мақсади иҷрои муқаррароти моддаи 25 — уми лоиҳаи пешниҳодшуда эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Ҳисобот оид ба иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 аз рӯи даромад ба маблағи 30 миллиард сомонӣ, аз рӯи хароҷот ба маблағи 29,2 миллиард сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 832,3 миллион сомонӣ ва хароҷоти воқеии буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2,3 миллиард сомонӣ тасдиқ карда шавад.
Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода дода мешавад. Марҳамат.
Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳияи нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2022-2024» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025» таҳия гардидааст.
Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат ба татбиқи сиёсати Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии муҳими давлатӣ, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини бехатарии давлат ва саноатикунонии босуръати кишвар равона гардидааст.
Бо назардошти дар сатҳи 7,8 фоиз рушд ёфтани иқтисоди миллӣ ва дар ҳаҷми 127,3 миллиард сомонӣ ташаккул ёфтани дурнамои Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2023 даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои даромад дар ҳаҷми 37,1 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли ҷорӣ 4,1 миллиард сомонӣ ё 12,3 фоиз зиёд мебошад ва нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 29,1 фоиз баробар гардида, дархостҳои буҷетии вазорату идораҳо аз рӯи имкониятҳои молиявии кишвар ба инобат гирифта шудаанд.
Хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2023 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 38,1 миллиард сомонӣ бо афзоиши 4,5 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он ба 29,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ карда, панҷ таклиф низ пешниҳод карданд, ки онҳо дар оянда ба назар гирифта мешаванд.
21- уми ноябри соли 2022 лоиҳаи қонуни мазкур таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дар ҷаласаи якҷояи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо иштироки намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Инчунин, 22 — юми ноябри соли ҷорӣ дар машварати кории назди муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода хулосаи пешниҳодгардидаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки роҳбарият ва кормандони масъули Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарият ва кормандони масъули Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
23 — юми ноябри соли 2022 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ ёфт.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қудратзода ва Зайниддин Сафарзода ба нуктаҳои баёнкардаи маърӯзачиён изҳори ҳамовозӣ карда, хоҳиш намуданд, ки вакилон лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоянд.
РАИС: - Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?
Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025 яклухт ба овоз монда шуда, қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2025 ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025» шурӯъ менамоем. Сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дода мешавад. Марҳамат.
Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31- уми октябри соли 2022 таҳти №525 тасдиқ шудааст, дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», инчунин дар доираи меъёрҳое, ки дар «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023» пешбинӣ шудааст, таҳия гардидааст.
Он аз 55 созишномаи қарзӣ, аз ҷумла 50 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи умумии 1,56 миллиард доллари амрикоӣ ва 5 созишномаи дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро ба маблағи 432,9 миллион доллари амрикоӣ дар бар мегирад.
Дар доираи барномаи мазкур дар баробари дигар лоиҳаҳои пешбинишуда, ҷалби маблағҳои қарзӣ барои амалӣ кардани як қатор лоиҳаҳои афзалиятдошта, аз ҷумла лоиҳаи «Маблағгузории сохтмони НБО «Роғун» дар ҳаҷми 314,5 миллион евро, лоиҳаи «Барқарор намудани системаҳои обёрӣ ва сохтмони канализатсия дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон» дар ҳаҷми 9 миллион доллар, лоиҳаи «Таҷдиду барқарорсозии қитъаи роҳи автомобилгарди Обигарм – Нуробод» дар ҳаҷми 50 миллион доллар, лоиҳаи «Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳаҷми 50 миллион доллар ва лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар рушди ҷомеа, марҳилаи 2» ба маблағи 15,7 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Мутобиқи нишондиҳандаҳои барнома ҳаҷми умумии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2023-2025 чунин пешбинӣ мегардад, аз ҷумла ба ҳолати:
- 01.01.2023 — дар ҳаҷми 3,96 миллиард доллари амрикоӣ, баробар ба 41,6 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 2023 (9,53 миллиард доллари амрикоӣ);
- 01.01.2024 — 4,10 миллиард доллари амрикоӣ, баробар ба 40,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 2024 (10,04 миллиард доллари амрикоӣ);
- 01.01.2025 — 4,05 миллиард доллари амрикоӣ, баробар ба 37,2 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 2025 (10,89 миллиард доллари амрикоӣ).
Аз маҷмӯи лоиҳаҳои созишномаҳои қарзии ҷалбшуда ва ҷалбшаванда 12 лоиҳаи қарзӣ ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, 13 лоиҳа ба энергетика ва саноат, 13 лоиҳа ба хоҷагии манзилию коммуналӣ, 9 лоиҳа ба кишоварзӣ ва обёрӣ, 5 лоиҳа ба соҳаи маориф, 2 лоиҳа ба соҳаи идоракунии давлатӣ ва 1 лоиҳаи қарзӣ ба соҳаи тандурустӣ рост меояд.
Ҳамаи маблағҳои қарзии то имрӯз ҷалбшуда имтиёзнок буда, муҳлати онҳо аз 15 то 40 солро дар бар мегирад.
Дар баробари ин, меъёри фоизи онҳо аз 0,75 то 2 фоизи солонаро ташкил дода, давраҳои имтиёзнок аз рӯи баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 солро ташкил менамояд.
Азхудкунии маблағҳои қарзӣ барои солҳои 2023 – 2025 маҷмӯан дар ҳаҷми 693,7 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар соли 2023 дар ҳаҷми 300,4 миллион доллар, дар соли 2024 — 252,9 миллион доллар ва барои соли 2025 дар ҳаҷми 140,4 миллион доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 барои хизматрасонии қарзи беруна маблағҳои зарурӣ дар ҳаҷми 991,6 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла барои соли 2023 дар ҳаҷми 253,9 миллион доллари амрикоӣ, дар соли 2024 дар ҳаҷми 284 миллион доллари амрикоӣ ва барои соли 2025 дар ҳаҷми 453,7 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Нишондиҳандаҳои барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 дурнамоӣ буда, вобаста ба тағйирёбии вазъи иқтисодӣ ва ниёзмандии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, инчунин ҷалб гардидани маблағҳо барои иншооти азими аср, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бозбинӣ карда мешавад.
Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бо мақсади маблағгузории ду лоиҳаи афзалиятнок, аз ҷумла бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд як созишномаи қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва обпарто дар ноҳияи Файзобод» ба маблағи 2 миллион доллари амрикоӣ ва бо Бонки исломии рушд як созишномаи қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 17 миллион доллари амрикоӣ бо тартиби амалкунанда ба имзо расонида шуда, эътибори расмӣ пайдо намуданд.
Моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои қарзии ҷалбшуда 163,7 миллион доллари амрикоӣ аз худ карда шуда, то анҷоми соли 2022 азхудкунии 61,2 миллион доллари амрикоӣ маблағи қарзӣ (маҷмӯан дар ҳаҷми 224,9 миллион доллари амрикоӣ) пешбинӣ шудааст.
Барои хизматрасонии қарзи беруна 198 миллион доллари амрикоӣ пардохт карда шуд, ки аз он 134,6 миллион доллари амрикоӣ қарзи асосӣ ва 63,4 миллион доллари амрикоӣ фоизи қарзро ташкил медиҳад (то охири соли ҷорӣ 253,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад).
Ҳаҷми қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 октябри соли 2022- юм 3,8 миллиард доллари амрикоӣ ё 37,1 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил менамояд, ки аз он 3,2 миллиард доллари амрикоӣ ё 85 фоиз қарзи берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (31,6 фоизи ММД) ва 0,6 миллиард доллари амрикоӣ ё 15 фоиз (5,5 фоизи ММД) қарзи дохилӣ мебошад.
Татбиқи босамари барномаи пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки маблағгузории барномаҳои иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ ва рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт таъмин карда шаванд.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашурзода дода мешавад. Марҳамат.
Ғиёсиддин АШУРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақсади асосии барнома баланд бардоштани самаранокӣ ва мониторинги мунтазами раванди ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳ надодан ба ҷамъшавии назоратнашавандаи қарзи беруна мебошад, ки дар талаботи зерини Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ инъикос гардидааст, аз ҷумла:
- маҳдудияти ниҳоии қабули уҳдадориҳо оид ба ҷалби қарзҳои давлатҳои хориҷӣ ва қарзҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ аз рӯи лоиҳаҳои банақшагирифташудае, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;
- ҷалби қарзҳо барои маблағгузории хароҷоти лоиҳаҳои амалишаванда бо мақсади ба анҷом расонидани онҳо;
- мутамарказонидани захираҳои қарзӣ барои амалисозии лоиҳаҳои банақшагирифташудаи азими инфрасохтории дорои аҳамияти стратегии умумидавлатӣ, ки ҷиҳати татбиқи онҳо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон лоиҳаи барномаро ҷонибдорӣ карда, 5 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 4-тоаш қабул ва 1-тоаш қабул нашуд.
Дар ҷаласаи васеи кумита 23- юми ноябри соли 2022 лоиҳаи барномаи зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.
Лоиҳаи барнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» ва моддаҳои 22 ва 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дода мешавад. Марҳамат.
Ҳоким ХОЛИҚЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Мушкилиҳои ҷойдошта дар ҷаҳон, аз қабили коста гардидани занҷираи таъминоти молу маҳсулот ва ноором гардидани вазъи геосиёсӣ дар минтақа ба раванди молиявию иқтисодии тамоми кишварҳо таъсири манфӣ расонида истодааст. Иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи иқтисодиёти ҷаҳон ба тағйирёбии вазъи молиявию иқтисодӣ ва сатҳи нархҳои ҷаҳонӣ вобаста мебошад.
Дар соли ҷорӣ, тибқи таҳлилҳо, он омилҳое, ки ба раванди ташаккулёбии сатҳи таваррум дар дохили ҷумҳурӣ бештар таъсир мерасонанд, асосан хусусияти ғайримонетарӣ дошта, дар натиҷаи болоравии сатҳи нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ ба вуҷуд омадаанд.
Новобаста ба ин мушкилиҳо, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо тавассути истифодаи фишангҳои монетарӣ дар доираи ваколатҳояш чораҳои заруриро андешида истодааст.
Моҳҳои январ — октябри соли ҷорӣ дар ҳамбастагии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор ва бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқтисодиёти кишвар тамоюли рушди мусбатро идома дода, муътадилии сатҳи нархҳо таъмин карда шуд.
Дар ин давра рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 8 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 банди фоизӣ кам мебошад.
Рушди иқтисодиёт бештар аз ҳисоби афзоишёбии хизматрасониҳои пулӣ 16,1 фоиз, соҳаи саноат — 15,9, сохтмон — 14,5, гардиши савдои чакана — 11,2 ва кишоварзӣ 7,7 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ 6,0 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат», дар назди низоми бонкӣ вазифаҳои муҳим ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, таъмини муътадилии сатҳи нархҳо ва қобилияти харидории пули миллӣ, беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъмини суботи молиявӣ гузошта шуда буданд.
Дар 10 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум ба 3,5 фоиз баробар гардид, ки асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 4,1 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ -3,0 фоиз ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 2,6 фоиз ба вуқӯъ пайваст. Нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,8 банди фоизӣ паст мебошад.
Болоравии назарраси сатҳи нархҳо асосан дар моҳи март ба қайд гирифта шуда, 1,7 фоизро ташкил дод. Дар моҳҳои баъдӣ сатҳи таваррум тамоюли афзоишёбии муътадил дошта, дар моҳҳои август ва сентябр коҳишёбии нархҳо ба назар расид. Яке аз сабабҳои асосии коҳишёбии сатҳи нархҳо дар давраи зикршуда ҷамъоварии ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, муътадил шудани нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти хӯрокворӣ ва устувор гардидани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ мебошад.
Таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба 5,2 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3,5 банди фоизӣ кам мебошад. Раванди тағйирёбии сатҳи нархҳо бештар дар натиҷаи таъсири омилҳои мавсимӣ, таклифотӣ ва фишорҳои берунӣ ба амал омад.
Тибқи дурнамои сиёсати пулию қарзӣ нишондиҳандаи мақсадноки сатҳи таваррум барои соли 2022 дар доираи 6,0 (+/-2 банди фоизӣ) фоиз пешбинӣ гардида буд. Бо дарназардошти вазъи ҷорӣ дар соли 2022 сатҳи таваррум на зиёда аз 6,0 фоиз ҷамъбаст хоҳад гардид.
Меъёри бозтамвил дар татбиқи реҷаи ҳадафгирии таваррум ҳамчун фишанги калидии механизми трансмиссионии канали фоизӣ барои анҷом додани амалиёти монетарӣ, дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолии дохилию берунӣ ба иқтисодиёт, бо назардошти дар сатҳи ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва нисбатан беҳтар шудани интизориҳои таваррумии аҳолӣ, аз 1 ноябри соли ҷорӣ 0,5 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 13,0 фоизи солона муқаррар шуд.
Баҳри танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ ва қурбӣ, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок дар ин давра аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши коғазҳои қиматнок ва ҷалби амонатҳои шабонарӯзӣ [овернайт] амалӣ гардид.
Ба интиҳои моҳи октябри соли 2022 ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи амалиётӣ дар давраи гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум 36,5 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 32,3 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали сол мувофиқан 45,1 фоиз ва 46,3 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра афзоиши нишондиҳандаҳои мазкур асосан дар натиҷаи нисбатан вусъатёбии равобити тиҷоратӣ, фаъолнокии иқтисодиёт, афзоиши даромаднокии аҳолӣ ва ташкилотҳои қарзӣ, инчунин зиёд гардидани эътимоди аҳолӣ ба пули миллӣ бинобар устувор гардидани он нисбат ба асъори озод табдилшаванда ба амал омад.
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ сиёсати қурбиро дар реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» идома дод.
Бо мақсади коҳиш додани фишорҳои қурбӣ дар бозори дохилии асъор 9-уми марти соли 2022 тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии доллари ИМА ба андозаи 15 фоиз ва бо мақсади қонеъ намудани талаботи норасоии асъор дар бозори байнибонкӣ мудохилаи асъорӣ ба маблағи 65 миллион доллари ИМА анҷом дода шуд.
Инчунин, ҷиҳати нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ нисбати асъори хориҷӣ Бонки миллии Тоҷикистон тартиби истифодаи асъори хориҷиро дар муомилот пурра зери назорат гирифт.
Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат ҷиҳати ноил гардидан ва муътадил нигоҳ доштани сатҳи нархҳои дохилӣ сиёсати пулию қарзиро дар доираи ваколатҳояш бо истифода аз механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ роҳандозӣ менамояд.
Дар соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат (солҳои 2024 ва 2025) ҳадафи таваррум дар доираи 6,0 фоиз (±2 банди фоизӣ) пешбинӣ мешавад.
Интизор меравад, ки дар соли 2023 таъсири омилҳои берунае, ки асосан хусусияти ғайримонетарӣ дошта, ба болоравии сатҳи таваррум дар дохили кишвар бештар таъсир мерасонанд, боқӣ хоҳанд монд.
Дар шароити номуайянии иқтисодиёти ҷаҳон пешгирии омилҳои берунӣ ва хавфҳои қурбию таваррумӣ бо мақсади таъмин намудани муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ, мониторинги пайвастаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва пешгирии дигар омилу хавфҳои берунӣ зарур мебошад.
Бинобар ин, дар соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат Бонки миллии Тоҷикистон бо назардошти хавфҳо ва фишорҳои эҳтимолии таваррумӣ дар доираи ваколатҳояш имкониятҳоро барои нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат бо истифода аз механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ равона хоҳад кард.
Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ вобаста ба вазъи макроиқтисодии кишвар самаранок истифода гардида, андозаи воқеии он, бо назардошти интизориҳои таваррумӣ муқаррар карда мешавад.
Дар соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат сиёсати қурбӣ ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» асос ёфта, қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар асоси талабот ва пешниҳод дар бозори дохилии асъор муқаррар карда мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи реҷаи мазкур танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ба бозори дохилии асъор дахолат хоҳад кард.
Бо назардошти таъсири хавфҳои эҳтимолии ҷойдошта ва бетағйир мондани дигар омилҳо, дурнамои сатҳи таваррум барои соли 2023 аз рӯи сенарияҳои оптимистӣ ва базавӣ дар доираи ҳудуди болоии ҳадафи муқарраршуда пешбинӣ мегардад.
Бонки миллии Тоҷикистон баҳри иҷрои саривақтии дастуру вазифаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, бо назардошти идомаи ислоҳот барои гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва мусоидат ба рушди устувори иқтисоди миллӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Баҳри татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ дар соли оянда бо мақсади таҳкими механизми таъсирбахши сиёсати фоизӣ ва бартараф намудани мушкилиҳои дар ин самт ҷойдошта андешидани чораҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:
- гузаронидани ислоҳот ҷиҳати рушди бозори байнибонкии пул бо мақсади зиёд намудани таъсирбахшии воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ;
- идомаи ислоҳот баҳри таъмини рушд ва устувории низоми бонкии кишвар;
- идомаи ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ барои такмили моделҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон, таҳкими раванди таҳлилу тадқиқот ва баҳодиҳии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ;
- дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд идома додани татбиқи босамари «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025».
Лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат» барои Бонки миллии Тоҷикистон хуҷҷати стратегӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад.
Аз шумо бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад. Марҳамат.
Азиз ГИЁЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
«Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат» аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Дурнамои мазкур мутобиқи моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардида, самтҳои асосии сиёсати пулию қарзиро барои соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.
«Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат» самтҳои асосии ташкили механизми самараноки таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум ва таъмини шаффофиятро бо назардошти коҳишдиҳии хавфҳои ҷойдошта дар бар гирифта, баҳри ноил шудан ба нишондиҳандаи мақсаднок равона мегардад.
Дар соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат (солҳои 2024 ва 2025) ҳадафи таваррум дар доираи 6,0 фоиз (±2 банди фоизӣ) пешбинӣ карда мешавад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дурнамои зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.
Он ба моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.
Хоҳиш менамоям, ки ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» шурӯъ менамоем.
Сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад. Марҳамат.
Юсуф МАҶИДӢ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» бо мақсади беҳтар кардани танзими давлатии фаъолияти гаравхонаҳо ва мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Таҷрибаи ҳуқуқэҷодкунии солҳои охир аз он шаҳодат медиҳад, ки бо мақсади пешбурд, танзим ва рушди соҳаи дахлдор дар қонунгузорӣ мушаххасан салоҳияти Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳо муқаррар мегарданд. Вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти гаравхонаҳо ба таври мушаххас дар санади меъёрии ҳуқуқии соҳа мақомоти ваколатдор муайян нагардидааст. Бинобар ин, бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти гаравхонаҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳа, татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти гаравхонаҳо, натиҷагирӣ аз таҷрибаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо ва ғайра дар доираи лоиҳа пешниҳод мегардад, ки салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самт мушаххасан муқаррар карда шавад.
Ҳамзамон, бо мақсади мутобиқ намудани матни лоиҳаи қонун ба талаботи забони давлатӣ пешниҳод мегардад, ки аз қонуни амалкунанда калимаҳои «ломбард» пурра хориҷ карда шавад, зеро дар он мафҳум ва муқаррароти «гаравхона» омадааст.
Инчунин, ҷиҳати иҷрои талаботи моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» (аз 7-уми августи соли 2020) пешниҳод мегардад, ки дар матни лоиҳа калимаҳои «нархгузорӣ» ба калимаҳои «баҳодиҳӣ» иваз карда шаванд.
Аз шумо бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Сурайё Дӯстмуродзода дода мешавад. Марҳамат.
Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Таҳлили амалияи кишварҳои хориҷи дуру наздик нишон медиҳад, ки дар онҳо ҷиҳати батанзимдарории фаъолияти гаравхона (ломбард) мақомоти алоҳида таъсис ва ё фаъолият менамоянд. Вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба танзими фаъолияти гаравхонаҳо (ломбардҳо) ба таври мушаххас бо санади алоҳидаи соҳавӣ мақомоти дахлдори алоҳида муқаррар нагардидааст.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намудани масъалаҳои татбиқи сиёсати давлатӣ ва муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо бо мониторинги минбаъда аз таҷрибаи танзими фаъолияти гаравхонаҳо (ломбардҳо) пешбинӣ гардидааст.
Инчунин, тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида ба қонуни амалкунанда моддаҳои 31 ва 32 илова мешаванд.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ карда, ҳамчунин, 20 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 5-тоаш қабул, 9-тоаш қисман қабул ва 6-тоаш қабул нагардид.
Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.
Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба овоз монда шуда, қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Душанбе — маблағгузории иловагӣ» шурӯъ менамоем.
Сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дода мешавад. Марҳамат.
Юсуф МАҶИДӢ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Душанбе — маблағгузории иловагӣ» пешниҳод шудааст.
Созишномаи мазкур 18-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд дар ҳаҷми 42,6 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расид, ки аз он маблағҳои грантӣ 38 млн. доллари амрикоӣ ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4,6 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҳадафи он беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои устувории обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе ва барқарору аз нав сохтани системаи ташноби асосии шаҳр ва ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе мебошад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур барои барқарорсозии чоҳҳо, истгоҳҳои насосӣ, насби ҳисобкунакҳои об ва ба кор андохтани системаи назорати диспетчерӣ ва ҷамъоварии маълумот, барқарорсозии қубурҳои магистралӣ, инчунин истгоҳҳои насосии навбати сеюм ва барқарорсозии шабакаи тақсимот дар минтақаҳои интихобшудаи марказҳои ноҳиявии ченкунии харҷи об равона шудааст.
Дар баробари ин, дар доираи лоиҳа, бо мақсади баланд бардоштани иқтидори занон барои такмили малакаҳои техникӣ ва зиндагӣ, тавонмандсозии занон аз ҷиҳати иқтисодӣ тавассути кумак ба онҳо дар оғоз намудани тиҷорат ва пайдо кардани кор, дастгирии занони гирифтори зӯроварӣ дар оила бунёди Маркази рушди занон ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи он охири соли 2022 оғоз гардида, анҷоми он дар соли 2028 ба нақша гирифта шудааст.
Аз шумо бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС:- Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.
Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Душанбе — маблағгузории иловагӣ» 18 -уми октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Ҳадафи лоиҳаи мазкур беҳтар намудани дастрасии фарогир ва устувор ба хизматрасониҳои бехатар ва устувории обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе мебошад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.
Созишномаи мазкур дар кумита бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Боз кӣ дар ин хусус сухан кардан мехоҳад? Марҳамат.
Зоир РАҲМОНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ҳадафи лоиҳаи мазкур, беҳтар намудани дастрасӣ ва таъмини сокинони шаҳри Душанбе ба об буда, он хизматрасониҳои бехатари обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе, инчунин барқарор кардани коллекторҳои канализатсионии асосии пойтахти мамлакатро дар бар мегирад.
Ҳамчунин, зичии аҳолӣ, махсусан дар пойтахти кишварамон зиёд мушоҳида мегардад, ки албатта, бо оби босифат ва саривақтӣ таъмин намудани онҳо дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ҳадафҳои муҳиму саривақтӣ мебошад.
Хизматҳо ва талошҳои зиёди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти корҳои ободониву созандагӣ низ баръало мушоҳида гардида, ҳамарӯза мо шоҳиди азнавсозиҳо дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла сохтмону коммуникатсия гардида истодаем.
Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитарияи шаҳри Душанбе — маблағгузории иловагӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо» шурӯъ менамоем.
Сухан ба вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дода мешавад. Марҳамат.
Далер ҶУМЪА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи энергетика, ҳамчун пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ ба шумор рафта, он ба сифати соҳаи афзалиятноки рушди устувор ва яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар муайян карда шудааст.
Маҳз бо роҳбарӣ ва тадбирҳои ҳадафноки Пешвои миллат солҳои соҳибистиқлолӣ кӯшишҳо баҳри пурра ба эътидол овардани низоми энергетикии кишвар роҳандозӣ карда шуда истодаанд ва ин мароми созанда минбаъд низ идома хоҳад ёфт.
Мақсади асосии татбиқи «Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон» такмили низоми идоракунӣ дар ширкатҳои энергетикӣ, ҷорӣ намудани низомҳои муосири ҳисоботи молиявӣ ва умуман идоракунии корпоративӣ дар ин ширкатҳо ба ҳисоб меравад.
Дар доираи барнома барои ҳадафҳои зикргардида ба Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкатҳои энергетикӣ пешниҳод намудани кумакҳои техникию машваратӣ, бо мақсади мусоидат дар ташкили бозори шаффоф ва одилонаи неруи барқ пешбинӣ гардидааст.
Ин дар навбати худ ба бунёди робитаи мутақобилаи қавии об, энергетика ва озуқаворӣ дар Тоҷикистон тавассути барқарор намудани ҳамкории мутақобилаи муассир ва беҳтар намудани ҳамоҳангии байни тарафҳои манфиатдор дар бахшҳои энергетика ва об мусоидат хоҳад кард. Оғози амалисозии лоиҳа соли 2023 ва анҷоми он соли 2026 муайян карда шуда, маблағ барои амалисозии он 15 млн. евро ва сарчашмаи маблағгузориаш Иттиҳоди Аврупо буда, он пурра грант мебошад.
Қисматҳои лоиҳа ин аз сармоягузории асосӣ барои хариди таҷҳизот, таъминоти барномавии таъиноташон гуногун (барномаҳои муҳосибӣ ва гардиши электронии ҳуҷҷатгузорӣ дар ширкатҳои энергетикӣ, васеъсозии низоми SCADA) ва машваратӣ доир ба баланд бардоштани иқтидори техникию тахассусӣ дар соҳаи энергетика ва ҳамчунин, чорабиниҳои зарурӣ оид ба идомаи ислоҳоти соҳа, хизматрасониҳои машваратӣ, кумаки техникӣ барои дастгирии лоиҳа ва хароҷоти мушовирон (омодасозии лоиҳаҳои ҳамгироёна (алоқамандии энергия — об ва озуқаворӣ) ва инчунин кумак дар омодасозии асосноккунии техникӣ - иқтисодӣ ва ҳисобот оид ба арзёбии экологию иҷтимоии лоиҳаи «Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» ба шумор меравад.
Бо татбиқ гардидани Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори идоракунии ШСХК «Барқи Тоҷик», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2011 таҳти №431 тасдиқ гардида буд, ҷамъиятҳои саҳомии «Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва ШСХК «Барқи Тоҷик» фаъолияти мустақилонаро оғоз намуданд. Бо оғоз гардидани фаъолияти мустақилонаи ширкатҳо (ҷамъиятҳо) агар шаффофият дар фаъолияти техникии онҳо таъмин шуда бошад, ҳамоно як қатор омилҳо ба фаъолияти устувори онҳо таъсири манфӣ расонида истодааст. Аз ҷумла, дар сатҳи муносиб мавҷуд набудани таҷҳизот ва барномаҳои муосир барои идоракунии равандҳои молиявӣ ва техникӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани кордонӣ ва тахассусмандии кормандон (дар самти истифодабарии таҷҳизот ва таъминоти барномавии зикршуда), мавҷуд набудани санадҳо ва дастурамалҳои соҳавӣ, таҷҳизот ва низомҳое, ки барои таъсиси бозори шаффоф ва рақобатпазир зарур буда, дигар омилҳо ва равандҳои муосир, ки тақозои замон мебошанд, ба татбиқи барнома асос меёбад.
Бо татбиқ гардидани барнома умед аст, ки иқтидори техникии ширкатҳои энергетикӣ баланд ва сатҳи тахассусии кормандони ин ниҳодҳо дар самти истифодабарии дуруст ва самараноки таҷҳизот ва барномаҳои муосири дар доираи барнома харидоришаванда устувор карда шавад.
Аз шумо бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Музаффар Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.
Музаффар МАҲМУДЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо 31-уми августи соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олин Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 28-уми ноябри соли 2022 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ супорида шуда, мувофиқи созишнома аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба соҳаи энергетикаи кишвар ба сифати грант 15 млн. евро пешниҳод мешавад.
Татбиқи созишномаи зикргардида дар доираи «Барномаи бисёрсолаи фарогири Иттиҳоди Аврупо — Тоҷикистон барои солҳои 2021-2027» пешбинӣ гардида, барои амалишавии ҳадафҳои зерин, аз ҷумла мусоидат дар татбиқи «иқтисоди сабз», рақамикунонӣ, «идоракунии захираҳои табиӣ, самаранокӣ ва устуворӣ», манбаъҳои барқароршавандаи энергия, баланд бардоштани самаранокии энергия, таъминоти барқ равона гардидааст. Ҳамчунин, барномаи мазкур ба Вазорати энергетика ва захираҳои об тавассути пешниҳод намудани машваратҳои экспертӣ ва омӯзиш дар ташкили бозори шаффоф ва одилонаи неруи барқ мусоидат хоҳад кард.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намуданд.
Созишномаи мазкур ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад.
Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи дастгирии энергетикаи устувор дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд.
Ба шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои фаъол буданатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Хӯҷаназари АМИНИЁН,
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ