Якуми марти соли 2024 бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзуи «Оилаи солим бидуни хушунат ва пошхӯрӣ» дар доираи эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Чорабиниро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ифтитоҳ бахшид.
Сипас, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда иброз дошт, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади дастгирии занону бонувон тадбирҳои зиёди судмандро амалӣ намуда истодаанд.
Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ содиқона хизмат мекунанд.
Мавсума Муинӣ зикр кард, ки дар ин давраи сарнавиштсоз масъалаи аз рӯи принсипҳои ахлоқи ҷамъиятӣ ташкил ёфтану устувор гаштани никоҳ, оила ва муносибатҳои оилавӣ, дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, муносибати бошуурона ва меҳнати муфиди ҷамъиятӣ тарбия намудани насли наврас эътибори махсусро тақозо менамояд.
Қабули Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодакунандаи ҳолати кунунӣ ва дурнамои сиёсати давлат дар самти таҳкими мақоми оила арзёбӣ шуд. Асоси ин ҳуҷҷати муҳимро баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, солимии занон ва танзими оила ташкил медиҳад. Бо ин мақсад, дар низоми таҳсилоти миёнаи умумии кишвар омӯзиши фанни «Маърифати оиладорӣ» ба роҳ монда шудааст, ки омӯзгорон дар доираи он ба хонандагон масъалаҳои ташаккулу таҳкими оиладорӣ, эҳтирому муносибати ҳамдигарӣ ва дар маҷмӯъ, фарҳанги хонаводагии миллиро меомӯзонанд.
Соли 2015 дар кишвари мо «Соли оила» эълон гардида буд, ки дар доираи он дар самти фарҳанги оиладорӣ як силсила тадбирҳои судманд амалӣ шуданд.
Ҳадаф аз эълон шудани «Соли оила» баланд бардоштани маърифати хонаводагӣ, устувор гардондани мавқеи оила дар ҷомеа, гирифтани пеши роҳи хушунат, тақвият бахшидани масъулияти волидайн дар самти таълиму тарбияи фарзанд, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва муносибати хубу ғамхорона дар хонавода, эҳтироми падару модар ва калонсолон, инчунин, ҳифзи оила ҳамчун арзиши ниҳоят гаронбаҳои фарҳанги миллиамон буд.
Воқеан, бо амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия пояҳои устувори ҷомеа ва давлат созмон дода шуда, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ таҳким ёфт. Рушди устувори иқтисодии кишварамон таъмин гардида, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат, инчунин, ҳар як хонавода шароити зиндагии арзанда муҳайё шуд.
- Итминон дорам, ҳамагон бо фаъолияти ҳамгироӣ дар самти баланд бардоштани маърифату маданияти оиладорӣ, маърифати ҳуқуқии ҳар узви оила, омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии вайроншавии оилаҳо дар раванди бархӯрди тамаддунҳо ва бунёди оилаи солим бидуни хушунат чораҳои доимӣ андешида, ҷиҳати такмилу таҳкими қонунгузориҳои миллӣ ва татбиқи он тадбирҳои судмандро амалӣ менамоем, — гуфт дар интиҳо Мавсума Муинӣ.
Дар мизи мудаввар, ҳамчунин, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Лола Одилбекова, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Нуруллозода, намояндаи САҲА дар Душанбе Эмми Севимли, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода суханронӣ намуданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон