Мардуми тоҷик зиндагии пуршебу фарозро аз сар гузаронидааст. Фарзандони фарзонааш дар ҳама давру замон тамаддунофариву фарҳангсозӣ кардаанд ва машъалафрӯзони хираду дониш, илму ирфон буданд. Яке аз онҳо Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ мебошад, ки бо шеъри баланд мақому мартабаи хос ёфтааст.
Туғрал қурбони сиёсати давр мегардад ва ӯро чун унсури бегона «сиёҳ» мекунанду аз байн мебардоранд. Аммо бузургоне чун Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Абдулаҳад Қаҳҳоров, Носирҷон Маъсумӣ ва Ҳабибулло Назаров барои қадрдонӣ кардани ҳунару истеъдод ва ашъори безавол талош ба харҷ додаву шамъи хотираи ӯро барафрӯхтаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар шинохти хидматҳои фарзонамардони тоҷик гомҳои боарзише бардошта, пайваста барои омӯхтани зиндагӣ ва осори онҳо таъкид мекунанд. Ин таъкиду ҳидоятҳои Сарвари давлат бахусус дар роҳи худшиносиву ватанпарварӣ аз аҳамияти баланд бархӯрдор ҳастанд
Пешвои миллат дар суханронии худ ба муносибати ҷашни 150- солагии Нақибхон Туғрал иброз дошта буданд: «Орзуманди он ҳастам, ки аз баракати равони ин бузургвор ва дигар бузургони халқамон ин диёр ҳамеша пурфайзу нусратбор бошад ва ин пораи хоки муқаддаси Тоҷикистони азизамон боз ҳам ободу пешрафта гардад» ва дар идома шахсият ва мақоми адабии Туғралро чунин ифода намуданд: «Дар баробари ин, Туғрал дар мактаби шоири барҷастаи тоҷику форс Мирзо Абдулқодири Бедил дар ҳадде муваффақ гардида буд, ки ҳамзамононаш ӯро ҳамчун «Бедили сонӣ» ном бурдаанд».
Шоири ширинкалом Қутбӣ Киром аз арбоби давлатӣ Абдулаҳад Қаҳҳоров ёдрас шуда, менависад, ки он кас аз ашъори Бедилу Тӯғрал илҳом гирифта, бо тахаллуси Тӯробӣ ғазалҳои дилошӯб гуфтаанд.
Соли 1959 Абдулаҳад Қаҳҳоров дар деҳаи Зосун тавассути дӯст ва ҳамнишини Туғрал Муллошариф макони қатли шоирро пайдо намуда, аз мағок устухонҳои ӯро берун оварда, дар сари роҳи деҳа дафн кардаанд. Сипас, вақте ба Душанбе бармегарданд, субҳи рӯзи дигар хабари марги Муллошарифро мешунаванд. Зеро он рӯз хотири парешони Муллошариф ҷамъ гардида, охирин орзуяш – ба таври шоиста ба хок супоридани дӯсташ амалӣ шуд.
Қутбӣ Киром дар асараш «Қатли Туғрал» менигорад: «Ана, Муллораҷаб ва Муллошариф ду бародар, ду ҳамнишину ҳамрози шоир пайдо гаштанд… Дар паси онҳо, дар байни панҷ тан сарбоз, шоири пойлучу побараҳна, қоматбаланду самандсавор ва дасторзеби худро бори аввал дар ин ҳолат дида, заҳрадарон шуданд. Марду зан рӯймолча гирифта, дида пок мекарданд, ба ҷуз сарбозони инқилоб ва худи шоир, ки ба сари бараҳнаю баланд шеъреро аз Бедил зам-зама мекард».
Туғрал пеш аз маргаш дарк карда буд, ки осудагию оромии кишвараш ба хатар афтода, аз ҳавои деҳу шаҳр бор бастааст, ки боиси ноумедию ғамзадагии ӯ гардидааст:
Туғрал ғуломи мисраи зебои Бедилам,
Осудагӣ зи кишвари мо бор бастааст.
Гурӯҳи зоҳирбин наметавонистанд суханони Туғралро дарк созанд, ба умқи онҳо фурӯ раванд, аз ин рӯ дар гирди номи ӯ ғавғо барпо карданд. Ба гуфти Лоиқи равшанзамир, бузургонро бузургон зинда медоранд. Таърих гувоҳ аст, ки ҳама вақт нодону ҷоҳил, кӯрдилу нуқтагир… ҷониби фарзонагон санги маломат меандохтанд.
Нақибхон Туғрали шайдои ишқ дар байни он панҷ хуношом бо сари лучу пойи урён, дили пур аз розҳои ногуфта, зери осмони баланду замини сахт ба тӯдаи ба ҳаросафтодаи мардум менигаристу сахт мушавваш гашт. Онҳо аз панҷ болшевики туфанг дар даст ба ваҳм омада, аз даҳон ҳарфе бароварда наметавонанд.
Туғрал, ки аз зиндагӣ даст шуста буд ҳар чӣ дар дил дошт, ба забон меовард, онро бо эҳсос ба мардум мегуфту мисоли шуълаи аз зери хокистар ҷилодиҳанда гирду атрофашро нур мепошид.
Вақте сардори панҷгонаи болшевикӣ эълон намуд, ки то омадани ҳукми суд аз Самарқанд Туғралро набояд парронанд, шоир ба ин розӣ нашуда, талаб мекунад ӯро парронанд. Он гоҳ сардори даста амр медиҳад, ки ӯро дар чуқурие бурда парронанд.
Шоир аз ин пастзании «нӯкар»-и инқилоб хашмгин гашта, фарёд мезанад:
- Не! Маро дар он пастӣ напарронед! Ман фарзанди кӯҳҳои осмонбӯсам, аз дарёҳои пуршӯру пуртуғён об нӯшидаам. Ман на аз пастфитратону пастинатонам. Аз минбарҳои баланд ба инсонҳо ҳарфи маърифат гуфтаам, дарду ғами онҳоро бо сурудаҳоям ифода намудаам. Намехоҳам ҷонамро дар пастӣ аз танам рабоед. Шумо намедонед, ки Туғрал кист?! Замоне мерасад, ки шамоли тундраве меояду хасу хошоки сари қабри маро пок месозад ва мардум боэҳтиром ёдам мекунанд, аммо шуморо гумном мегардонанд.
Суханони шоир рост баромад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси Нақибхон Туғрал чунин андеша ронданд: «Ҳамчунин қомат афрохтани муҷассама ва бунёди мақбараи шоир дар зодгоҳаш чун ҳадяи Ҳукумати мамлакат ба ифтихори ҷашн гӯё аз зиндагии дубораи шоири шаҳир ба мардуми кишвар паём мерасонад.
Қомати барафрохтаи шоир, ки рамзи сари баланду рӯи сурхи вай дар пешорӯи таърих мебошад, гӯё ба забони ҳол ба мову шумо ва наслҳои оянда мегӯяд:
Дерест ба фикри расо сайди маонӣ мекунӣ,
Эй Туғрали авҷи сухан, аз ошёни кистӣ?».
Зани шоир — Истамгул дар оташи сӯзони қалби пурҳарораташ месӯхт. Чашмони бодомиаш аз ашкрезиҳо суп — сурх гашта буданд. Ҳамнишинии Истамгул бо Туғрали ширинсухан тавонист, ки ӯро ба ҳамсари соҳибзавқу хушлаҳн мубаддал созад.
Ӯ дар мактаби ахлоқи ҳамидаи Туғрали хушсалиқа ба воя расида, аз аввалин шунавандаи ғазалҳои безаволи «Бедили сонӣ» буд.
Туғрали чун кӯҳҳои сарбаланди кӯҳистон устувор пеш аз марг ба Истамгул назар андохту гуфт:
- Медонӣ, ки ман умрамро беҳуда сарф накардаам. Ғазалҳоям умри маро ҷовидон нигоҳ медоранд, зеро дар онҳо ҳақиқати илоҳӣ нуҳуфтааст. Вой бар ҳоли онҳое, ки ин ҷаҳонро падруд мегӯянду аз худ номи нек боқӣ намегузоранд. Бонги сафари охирати онҳо навохта мешавад, вале ҳанӯз тӯшаи охиратро тайёр накардаанд. Корвон мераваду онҳо аз корвон мемонанд ва дар чорроҳаи ҳаёт сарсону саргардон хоҳанд шуд .Ту хафа нашав, ман аз ту ва аз марги мардонаам розӣ ҳастам.
Дар ҳамин лаҳза нолаи зане, ки аз зери девори боғ боло мешуд, ҳамаро моту маҳбут намуд. Ӯ дар як дасташ кӯзаи об ва дар дасти дигараш косаи сурхи қирмизӣ сӯи шоир бо навҳаи талх равон шуд. Яке аз нӯкарон пеши роҳи ӯро гирифт ва нагузошт, ки ӯ ба шоир об диҳад. Модар чун модашери бовиқору ғурур, ки дар талоши озод намудани фарзанди ба дом афтодааш наъра мезад, бо садои баланд ба нӯкар гуфт:
- Дафъ шав аз назарам, вагарна бо чанголҳоям рӯятро хуншор, бо дастонам гулӯятро буғӣ ва бо дандонҳоям пӯстатро аз танат ҷудо хоҳам кард.
Талоши байни ӯву нӯкар рӯймолро аз сари зан афтонд. Мӯйҳои чун шаб сиёҳи ӯ ба ҳаво алвонҷ хӯрданд. Нӯкар аз чунин ранг гирифтани вазъ дар ҳарос афтода, роҳро ба рӯи зан боз намуд. Вай ба назди шоир рафта, ба косаи қирмизӣ об рехту сӯи Туғрал дароз кард ва бо илтифоти модарона гуфт:
- Нӯш! Нӯш, ҷону ҷигарам, то инҳо ба қадри ту мерасанд, ки олам дигар мешавад. Ту дили софу беғуборе дорӣ, агар дӯсти Худованд намебудӣ, бароят илҳоми худовандӣ насиб намегардид.
Туғрал обро аз дасти зан гирифту бо эҳтиром нӯши ҷон кард. Зан ин байтро зам -зама намуд!
Гӯям дуою умри абад хоҳам аз Худо,
То умри хеш сарф кунам дар дуои ту.
Воқеан ҳам, ба шарофати қадршиносии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Туғрал умри абадӣ дарёфтааст.
Абдуҳалим Ғаффоров,
вакили Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Усмон Охунов,
мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон