Ҳамоиш

Чӣ тавр метавон ба саноатикунонии босуръати кишвар ноил гашт?

№147 (4253) 08.12.2020

DSC_0319Ҳаштуми декабри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҳамоиш «Оид ба саноатикунонии босуръати кишвар ва шуғли пурмаҳсули аҳолӣ» доир гардид.

Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ва роҳбарону намояндагони вазорату кумита ва идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар оғоз зикр намуд, ки аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кор хеле бузург аст. Аз ин рӯ, сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешниҳод ва қабули ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла, масъалаи саноатикунонии босуръати мамлакат, яке аз масъалаҳои калидии пешрафти иқтисодиёти миллӣ ба шумор меравад.

Тавре Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, амалигардонии се ҳадафи стратегии мамлакат — «Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ», «Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ», «Таъмини амнияти озуқаворӣ ва ­дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат» ба раҳоӣ бахшидан аз буҳрони шадиди иқтисодӣ, гузоштани заминаи устувор ба таъмини рушди иқтисодиёт, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла, роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, инчунин, бунёди садҳо ҳазор гектар боғу токзор замина фароҳам овард. Дар натиҷа, бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта, рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар таъмин гардида, танҳо дар се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15 то 17 фоиз афзоиш ёфт. Аммо то кунун баъзе аз камбудиҳо дар соҳа ҷой доранд.

- Бинобар ин, ҳадаф таҳкиму такмили заминаи ҳуқуқии амалкунанда ва ҳангоми зарурат қабули қонунҳои нав дар самти фароҳам овардани шароит барои таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи омилҳои ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо, бунёди корхонаҳои нав, ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот ва тақвияти истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот мебошад, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло, бино ба таҳлилҳои оморӣ, изҳор дошт, ки саноати мамлакат солҳои охир рушд ёфта истодааст. Чунончӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 10 моҳи соли ҷорӣ 24345,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд буда, суръати афзоиш 110,7 дарсадро ташкил менамояд.

Ҳаҷми умумии маҳсулот дар давраи зикршуда ба тариқи зайл аст: саноати коркард 61,5 фоиз, таъминоти неруи барқ, газ ва буғ — 24,1, саноати истихроҷ — 13,8, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 0,6 дарсад.

-Яке аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқие, ки асоси ҳуқуқии муносибатро дар соҳаи саноат ба танзим медарорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» мебошад. Он мақсад, вазифа ва принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ, хусусият ва механизмҳои амалӣ намудани дастгирии давлатии субъект­ҳои фаъолият дар соҳаи саноатро муқаррар намуда, ба ташаккул ва устувор намудани иқтидори саноатӣ равона гардидааст, — гуфт Амонулло Хайрулло. — Аммо тавре мушоҳида мегардад, он ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ниёз дорад. Зеро мақсади асосии сиёсати давлат аз кишвари аграрӣ – саноатӣ ба мамлакати саноатӣ – аграрӣ табдилдиҳӣ мебошад. Вале ин нукта дар қисмати муайяннамоии мақсади ниҳоии сиёсати давлат умуман дарҷ нагардидааст. Инчунин, оид ба рушди босуръати саноати кишвар дар қонун сухан намеравад.

Ҷиҳати дастгирии корхонаҳои саноатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон МД «Содиротсаноатбонк» таъсис дода шудааст. Барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо он зарурати ба қонун даровардани тағйиру иловаҳо ба миён омадааст, чунки дастрасии корхонаҳо ба маблағҳои гардишӣ омили муҳими фаъолияти босамар мебошад. Дар қонуни амалкунанда моддаи алоҳида муносибати корхонаҳои саноатиро бо Фонди рушди саноат муайян менамояд, аммо дар айни замон он барҳам дода шудааст. Ҳамчунин, ваколатҳои мақомоти ваколатдори соҳа – Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон қисман маҳдуд буда, дар самти даст­раснамоии маълумоту ҳисоботи корхонаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои соҳавӣ мушкилиҳо вуҷуд доранд.

DSC_2753Таҷриба нишон медиҳад, ки баъзе аз соҳибмулкон корхонаҳои саноатиро ҳамчун амволи ғайриманқул ҳисобида, барои бакорандозӣ ва самаранок истифоданамоии иқтидорҳо ва биною иншооти бекорхобидаи онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Дар натиҷа, кормандони зиёд бекор монда, ба буҷети давлат низ андоз ворид намешавад. Бинобар ин, пешниҳод карда мешавад, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» моддаи нави батанзимдарорандаи муносибатҳои соҳибмулкону роҳбарони корхонаҳо (новобаста аз шакли моликият) бо мақомоти дахлдори давлатӣ илова карда шавад. Яъне, дар умум барои ба ҳадафи чоруми стратегии миллӣ расидан вориднамоии тағйиру иловаҳо ба қонуни зикргардида зарур мебошад.

- Санади дигаре, ки ба рушди саноатикунонии босуръати кишвар ва шуғли аҳолӣ алоқамандии зич дорад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» мебошад, — илова намуд Амонулло Хайрулло ва ёдовар шуд, ки ба он (соли 1994 қабул гардидааст) 5 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Он асосҳои ҳуқуқии омӯзиш, ҳифз ва истифодабарии сарватҳои зеризаминиро муқаррар намуда, муносибатро дар соҳа танзим менамояд, вале барои рушди босуръати саноати коркард мукаммал гардониданаш аҳамияти калон дорад. Дар мамлакат захираҳои калони канданиҳои фоиданоки ангишт, сурб, рух, мис, висмут, оҳан, симоб, волфрам, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ мавҷуданд. Коркарди пурраи онҳо барои бо ҷои кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин намудани аҳолӣ, ғанигардонии буҷети давлатӣ, дарёфти фоидаи иловагӣ аз ҳисоби коркард ва рушди соҳа мусоидат менамояд. Бинобар ин, пешниҳод мегардад, ки дар сатҳи қонунгузорӣ содироти консентрати маъданҳо ва сарватҳои табиӣ бе коркарди пурра манъ карда шавад.

Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир гуфт, ки саноатчиёни мамлакат «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 — 2025»-ро таҳияву пешниҳод намуданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 майи соли равон таҳти №293 тасдиқ шуд. Амалишавии он барои иҷро гардидани сиёсати саноатии кишвар калидӣ мегардад, зеро ба гузариши босуръати иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба самти инноватсионии рушд, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва коҳишёбии сатҳи бекорӣ равона карда шудааст.

- Дар натиҷаи амалишавии марҳилаи якуми «Барномаи саноатикунонии босуръат» ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои дурнамо аз 27,6 миллиард сомонии соли 2019 то ба 69,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуда, суръати афзоиш аз 113,6 дарсади соли 2019 то ба 253,3 дарсад дар соли 2025 мерасад, — гуфт Шералӣ Кабир.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода зикр кард, ки  соҳаи саноат дар ташаккули иқтисодиёти миллӣ нақши калидӣ дошта, ҳамчун соҳаи пешбаранда тавассути ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ба таъсиси ҷойҳои нави кор, воридоти технологияи муосир, таҳкими иқтидори истеҳсолии мамлакат ва тақвияти раванди содиротӣ замина гузошта истодааст.

- Бо мақсади ҳавасманд гардонидани соҳибкорону сармоягузорон тибқи қонунгузории амалкунанда беш аз 100 имтиёзу сабукӣ муқаррар карда шудааст, ки беш аз 80 дарсади онҳо ба имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ рост меоянд. Дар тақсимоти соҳавӣ дар бахши саноат 51 имтиёз, аз ҷумла, саноати истеҳсолу коркард — 37 (72 %), энергетика  — 10 (20 %) ва коркарди маъданҳо 4 имтиёз (8 %) мавҷуд мебошанд, — гуфт Саъдӣ Қодирзода.

Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода иброз намуд, ки дар истифодаи сарватҳои зеризаминӣ суръати коркард ва истихроҷи захираҳои канданиҳои фоиданок нисбат ба афзунгардонии захираи онҳо баланд мебошад. Сабаб он аст, ки теъдоди корхонаҳои истихроҷи канданиҳои фоиданок  нисбат ба корхонаҳои ба омӯзиши геологӣ машғулбуда якчанд маротиба зиёд аст.

- Бинобар ин, ислоҳот бояд барои ташаккули низоми нави идоракунии соҳа равона гардида, ба содагардонии дастрасӣ ба захираҳои табиӣ ва муайян намудани манбаи маблағгузорӣ заминаи мустаҳкам гузорад. Бо ин мақсад зарур аст, ки дар қонунгузорӣ барои омӯзиши геологии захираҳои табиӣ баъзе аз тағйиру иловаҳо вобаста ба муайян намудани манбаи маблағгузорӣ низ ворид карда шаванд, — гуфт Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Инчунин, вазирони кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода, энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қодир Қосим андеша  баён намуда, вакилони Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода, Мирзоанвар Аҳмадов, Ҷамшед Муртазозода, Ғайрат Азиззода ва дигарон ба пурсишҳояшон посух гирифтанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар назди вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифа гузоштанд, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад. Баҳри амалигардонии ин ҳадаф аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» қабул гардид, ки иҷрои пурраи нишондодҳои он ба рушди соҳа такони амиқ мебахшад.

- Ҳоло дар мамлакат имконияту иқтидори зиёд барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифати саноатӣ, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ мавҷуд мебошад. Танҳо бо заҳмати шабонарӯзии содиқонаву софдилона метавон ҳамчун неруи тавоно мушкилоти соҳаро бартараф созем, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Дар интиҳо бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои зикршуда тавсияҳо  қабул гардиданд.

Самариддин АСОЗОДА,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ