Солҳои охир масъалаи зӯроварии гендерӣ дар саросари ҷаҳон ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯз мубаддал гардида, дар нишасту ҷаласаҳои созмонҳои ҷамъиятию давлатӣ, миллию байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори омма мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст, ки ин бесабаб нест. Ҷомеаи байналмилалӣ солиёни зиёд ба масъалаи зӯроварии гендерӣ дахолат намекард, зеро чунин меҳисобид, ки ин масъала хусусияти шахсӣ дошта, конвенсияҳои байналмилалӣ ба он таъсир намерасонад. Бо назардошти зиёд шудани шумораи низоъҳои миллӣ афзоиши зӯроварии гендерӣ дар ҷомеа на танҳо нисбат ба занону духтарони алоҳида, балки кулли гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасад.
Вобаста ба мушкилоти мазкур 19-уми сентябри соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» дар мавзӯи «Ташаббусҳои сиёсӣ оид ба мубориза бо зӯроварии гендерӣ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшиносон, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва коршиносон ширкат намуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Дилрабо Мансурӣ зимни ифтитоҳи машварат иброз намуд, ки Ассамблеяи генералии СММ 20-уми декабри соли 1993 «Эъломия дар бораи маҳкум кардани зӯроварӣ нисбат ба занон»-ро қабул намуд. Дар доираи Даҳсолаи амали СММ оид ба баробарии гендерӣ бошад, мардуми саросари ҷаҳон муваззаф гардиданд, ки «Аз сухан ба амал» гузаранд ва барои ба даст овардани Ҳадафҳои рушди устувор дар самти зӯроварии гендерӣ якҷоя мубориза баранд.
- Солҳои навадуми асри гузашта мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мушкилоти зиёди сиёсию иқтисодӣ, равонию ҷисмонӣ дучор омаданд ва ин мушкилот ба рӯҳияи мардум ва сатҳи зиндагии онҳо бетаъсир намонд. Дар ин муддат масъалаи рушди маънавии инсон то андозае коста гардида, мушкилоти моддию молиявӣ ҷои арзишҳои дигари инсониро ишғол намуд. Дар Тоҷикистон низ масъалаи зӯроварии гендерӣ ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯз мубаддал гардида, занону духтарон бештар дучори зӯроварӣ мешуданд,- таъкид намуд Дилрабо Мансурӣ.
Номбурда зикр намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали Сарвари давлат интихоб шуданашон дар роҳандозӣ намудани сиёсати босамари гендерӣ ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардону занон дар кишвар иродаи қавии сиёсӣ нишон дода, масъалаи мазкурро мавриди таваҷҷуҳи хос қарор доданд.
Коршиноси барномавӣ оид ба масоили гендерии ЮНФПА (Бунёди нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нилуфар Баҳромзода дар мавзӯи «Аҳамияти ҷамъоварии маълумот барои амалисозии сиёсати мубориза бо зӯроварии гендерӣ» маърӯза намуда, ёдовар шуд, ки бо мақсади муайян кардани сабаб ва оқибатҳои зӯроварии гендерӣ ҷамъоварии маълумот дар хусуси паҳншавии шаклҳои гуногунии зӯроварии гендерӣ муҳим аст.Ҷамъоварии факту рақамҳои мушаххас бо мақсади огоҳ намудани ҷомеа дар бораи зӯроварӣ нисбат ба занон барои ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҳукумати кишварҳо ба мушкилоти мазкур ва андешидани тадбирҳои саривақтию зарурӣ мегардад. Вобаста ба ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ ва нақша-чорабиниҳои таҳияшуда, аз ҷумла «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки ба рушди минбаъдаи қонунгузории гендерӣ дар кишвар мусоидат мекунад, қабул карда шудааст.
Нилуфар Баҳромзода зикр намуд, ки дар ҷамъоварии маълумот оид ба теъдоду сабабҳои қурбониёни зӯроварии гендерӣ баъзе нуқсонҳо ҷой доранд.Чунончи, дар аксар ҳолатҳо маълумот дар бораи ҷинс, синну сол, мавзеи рӯйдоди зӯроварии гендерӣ, муносибати зӯровар бо қурбонии зӯроварӣ зикр намешаванд. Ҳар қадар, ки вобаста ба параметрҳои ҳодисаи зӯроварӣ бештар маълумот гирд оварда шавад, ҳамон андоза хулосабарории дуруст таъмин ва боиси андешидани тадбирҳои зарурӣ мегардад.
Дар машварат инчунин, вазири тандурустии Япония, профессор Кейзо Такеми, муовини директори минтақавии ЮНФПА ВЕКАРО Ҷулия Валезе, директори иҷроияи Кумитаи қонунгузории Филиппин Ромео Дангето, узви парлумони Бангладеш Арома Датта ва дигарон ба тариқи онлайн суханронӣ карда, дар бораи мушкилоти ҷойдошта дар масоили гендерӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо, инчунин, рафти иҷрои қарорҳои Иҷлосияи Қоҳира (соли 1994) андешаҳояшонро баён карданд.
Вобаста ба ҳалли мушкилоти мазкур вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Маликзод, Гулбаҳор Ашӯрзода, Сурайё Дӯстмуродзода, Муҳаммад Шодиён ва коршиноси соҳа Гулҷаҳон Бобосодиқова назару пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқи башар ва «Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳама гуна табъизи занон»- ро эътироф намудааст, ки иҷрои онҳо барои беҳдошти вазъи занон дар ҷомеа равона шудааст.
Ҳамзамон, моҳи майи соли 2014 Ҳукумати ҷумҳурӣ «Протоколи факултативии Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон»-ро тасдиқ намуд.
Воқеан, дар самти пешгирии зӯроварии гендерӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор корҳои неку шоиста анҷом дода шудаанд.
Нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки заминаи асосии қонунгузорӣ мебошад, ҳуқуқи баробар барои занон ва мардонро кафолат медиҳад.
Баъдан, соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба тасвиб расид.
Дар заминаи фармони мазкур Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарии мардон ва занон ва имкониятҳои баробар барои татбиқи онҳо» (соли 2005) қабул гардид, ки муносибатҳоро барои таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарии мардон ва занон дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ танзим намуда, кафолатҳои давлатии имкониятҳои баробар барои шахсони ҷинси гуногунро муқаррар менамояд.
- Албатта, барои ҳуқуқвайронкуниҳо нисбат ба занону духтарон ва дигар аъзои оила қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарӣ муқаррар намудааст, вале бе танзими ҳуқуқии пешгирии зӯроварӣ масъалаи мазкур номукаммал буд, бинобар ин зарурати дар сатҳи қонуни алоҳида ба низом даровардани ин муносибатҳои ҷамъиятӣ ба вуҷуд омад. Бо назардошти ин барои ҳифзи бештари ҳуқуқҳои занон ва дигар аъзои оила, пешгирӣ ва барҳам додани зӯроварӣ соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Қонуни мазкур яке аз муҳимтарин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба ҳисоб рафта, тавассути он ҳимояи ҳуқуқии оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт роҳандозӣ мегардад, — иброз намуд Дилрабо Мансурӣ.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ