Чаро 32 шаҳру ноҳия уҳдадории андозро таъмин накарданд?

№128 (3765) 31.10.2017

АзизиБисту ҳафтуми октябри соли равон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, нақлиёт, маориф ва илм, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентиҳои захираҳои моддии давлатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоб, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Ширкати саҳомиву холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик», муовинони раисони вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Абдуҷаббор Азизӣ дар оғоз гуфт, ки рушди босуботи кишвар маҳз аз таҳияи дуруст, воқеъбинона, шаффофияти ташаккули Буҷети давлатӣ вобастагӣ дошта, иҷрои босифати он яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти дахлдор ба шумор меравад. Аз ин рӯ, вазифа аз он иборат аст, ки истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои буҷетӣ ва риояи интизоми молиявӣ таъмин гардад.

Сипас, гузориши раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба молия ва иқтисод Шариф Раҳимзода шунида шуд. ӯ зикр кард, ки бо мақсади таъмини иҷрои супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2016 «Оид ба доир намудани муҳокимаи парламентӣ вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017» Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия бо сохторҳои дахлдор матолиби заруриро омода намуд.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки новобаста аз вазъи ногувори иқтисодӣ, мушкилӣ дар соҳаҳои алоҳида ва коҳиши савдои хориҷӣ Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва вазорату идораҳои дигари дахлдор ҷиҳати идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва таъмини сифатноки иҷрои Буҷети давлатӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд. Ба ин, албатта, рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мусоидат намуд, ки он дар 9 моҳи соли 2017-ум 6,8 фоизро ташкил намуд.

Мутаассифона, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ 0,9 фоиз коҳиш ёфта, 2868,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016-ум 26,7 млн. доллари ИМА кам аст. Даромади ҷории Буҷети давлатӣ 10,5 млрд. сомонӣ ё 100,4 фоизи нақшаро ташкил дод. Воридоти даромадҳои дохилии буҷет 7048,4 млн. сомонӣ ё 102,2 фоизи нақша ва пардохтҳои гумрукӣ 3072,6 млн. сомонӣ ё 93,5 фоизи нақшаро ташкил доданд. Вале, бо сабаби иҷро нашудани нақшаи воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба буҷет 212,6 миллион сомонӣ ворид нагардид. Иҷрои нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 96,6 фоизро ташкил дод.

Дар маҷмӯъ, иҷрои нақшаи даромадҳои Буҷети давлатӣ бо дарназардошти қарзу грант, лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва маблағҳои махсус 100,3 фоизро ташкил намуд, ки ба 14,1 млрд. сомонӣ баробар аст. Гарчанде иҷрои даромади Буҷети давлатӣ таъмин гардида бошад ҳам, сифатнокии он аз ҳисоби 5 намуди андоз ба маблағи 516,6 млн. сомонӣ таъмин нашуд.

Қисми даромади буҷетҳои маҳаллӣ, аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ 105,7 фоиз таъмин ва ба буҷет зиёда аз 3,4 млрд. сомонӣ ворид шуд, ки аз нақша 185,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кумаки молиявӣ (дотатсия) ба маблағи 623,5 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Бино ба гуфти Шариф Раҳимзода, 32 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ уҳдадории андозро аз рӯи контингенти умумии даромад (бо дарназардошти андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ) таъмин накарданд. Маърӯзачӣ, ҳамчунин изҳор дошт, ки баробар ба натиҷаҳои бадастомада, дар ин давра баъзе омилҳои алоҳида барои рушди соҳа ва таъмини саривақтии нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ расониданд. Аз ҷумла, нақшаи қисми даромади Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки дар нуҳ моҳи соли 2017 дар ҳаҷми 1944,0 млн. сомонӣ пешбинӣ шуд, иҷро нагардид ва аз ин ҳисоб 166,0 млн. сомонӣ ворид нашуд.

Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидории давлатӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаю ташкилот 272 санҷиши аудиторӣ гузаронида, зарари молиявиро ба маблағи 94,2 миллион сомонӣ муайян намуд.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ошкоргардида чораҳои мушаххас андешида, товони зарар ба маблағи 43,6 млн. сомонӣ барқарор шуд. Дар маҷмӯъ, дар нуҳ моҳи соли 2017 ­маблағҳои ба буҷет ва ташкилоту муассисаҳо, субъектҳои хоҷагидор барқароршуда 70,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Натиҷаи санҷишҳои аудиторӣ муайян намуд, ки ба камбудию норасоиҳои зиёди молиявӣ, хусусан, дар сохторҳои Кумитаи телевизион ва радио, вазоратҳои кишоварзӣ, нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ШСХК «Барқи Тоҷик» роҳ дода шудааст.

Дар ин давра аудити молиявии 11 марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ гузаронида шуд ва зарари молиявӣ ба ­маблағи 2,6 млн. сомонӣ ошкор гардид.

Мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 760 тафтишу санҷиш гузаронида, 293,9 млн. сомонӣ зарари молиявиро ошкор намудаанд. Дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ 191,5 млн. сомонӣ барқарор карда шуд.

Дар давраи сипаришуда тафтишу санҷишҳои молиявӣ дар сохторҳои зертобеи 27 вазорату кумитаи ҷумҳурӣ зарари молиявиро ба андозаи 130,0 млн. сомонӣ ошкор намуд. Маблағҳои нисбатан калони зарари молиявӣ ба сохторҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» — 53,9 млн. сомонӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ — 19,6, Вазорати саноат ва технологияҳои нав — 12,1, Хадамоти гумрук — 9,7, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ — 9,5, Вазорати маориф ва илм — 3,7 млн. сомонӣ, ва Хадамоти алоқа 3,6 млн. сомонӣ тааллуқ доранд.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи корӣ ва дархостҳои асосноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолияти молиявию хоҷагии 35 ҷамъияти саҳомӣ ва ширкату корхонаи хусусиро мавриди тафтиш қарор дода, зарари молиявиро ба маблағи 56,1 млн. сомонӣ ошкор намуд, ки 47,9 млн. сомонии он ба Буҷети давлатӣ барқарор карда шудааст. Оид ба ситонидани бақияи маблағи зарар чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ дар вилояти Хатлон зарари молиявиро ба маблағи умумии 13,3 млн. сомонӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ёвон — 3,7, Ҷайҳун — 3,4, ва Панҷ 2,6 млн. сомонӣ ошкор намуд.

Дар вилояти Суғд зарари молиявӣ ба маблағи умумии 39 млн. сомонӣ, аз ҷумла дар ҷараёни тафтиши маҷмӯи ташаккул ва иҷрои буҷети вилоятӣ — 16,5, шаҳрҳои Хуҷанд — 8,4, Исфара — 8,2 ва Истаравшан 5,8 млн. сомонӣ ошкор гардид.

Шариф Раҳимзода, ҳамчунин зикр кард, ки таҳлили таҳия, ташаккул ва иҷрои буҷетҳои маҳаллӣ нишон дод, ки ҳангоми тартиб додани лоиҳаи буҷетҳои маҳаллӣ имконияти афзоиши ҷамъоварии андоз дар ташаккули буҷетҳо ба инобат гирифта нашуда, нақшаи даромадҳо дидаю дониста паст тасдиқ карда мешаванд. Дар баробари ин, дар мавриди банақшагирии даромадҳо воридоти бақияпулии андозҳоро ба назар намегиранд, ки дар иҷрои нақшаи соли оянда ҳамчун даромади иловагии буҷетҳои маҳаллӣ ба ҳисоб гирифта, минбаъд барои хароҷоти дар буҷет пешбининагардида равона мешаванд.

Тафтишу санҷишҳои сохторҳои назоратӣ шаҳодат медиҳанд, ки маблағҳои буҷетӣ самаранок истифода намешаванд. Бинобар ин, Вазорати молия ва дигар вазорату идораҳои дахлдорро мебояд ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда чораҳои судманд андешанд.

Муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» дар 9 моҳи соли 2017» маълумот дода, аз ҷумла гуфт, ки даромади ҷории Буҷети давлатӣ дар ин давра 24,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил намуд. Номбурда афзуд, ки гарчанде дар ин давра иҷрои Буҷети давлатӣ дар маҷмӯъ барзиёд таъмин гардида бошад ҳам, сифатнокии иҷрои он аз ҳисоби 5 намуди андоз ба маб­лағи 516,6 миллион сомонӣ таъмин нашуд.

Муовини якуми раиси Кумитаи андози ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аюб­ҷон Солеҳзода доир ба ҳолати ҷамъоварии андозҳо, ки сарчашмаи асосии ташаккули Буҷети давлатӣ мебошанд, маълумот дода, гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли 2017 нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ки ҷамъоварии онҳо ба зиммаи мақомоти андоз гузошта шудааст, ба андозаи 102,2 дарсад таъмин гардидааст.

Доир ба иҷро нашудани қисми даромади буҷет дар 32 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ номбурда гуфт, ки агар сабаби асосӣ, аз як тараф, пурра ба инобат нагирифтани омилҳои ба иҷрои нишондиҳандаҳои қисми даромади Буҷети давлатӣ таъсиррасонанда ба шумор равад, аз ҷониби дигар, бинобар идома ёфтани таъсири манфии омилҳои беруна, пурра фаъолият накардани корхонаҳои калон, нигоҳ надоштани ҷойҳои мавҷуда ва таъсис надодани ҷойҳои нави корӣ, зиёд накардани музди миёнаи меҳнат ва дар сатҳи кофӣ ба ин масъала диққат надодани кормандони мақомоти андоз мебошад. Бино ба гуфти ӯ, маблағи бақияи қарзи андоз ва пардохтҳо то 1 октябри соли ҷорӣ 853,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назокат Одиназода доир ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа маълумот дод. Номбурда гуфт, ки дар нуҳ моҳи соли 2017 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 1 миллиарду 778 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 209 миллион сомонӣ ё 13,4 фоиз зиёд мебошад. Қисми хароҷоти он 1 миллиарду 837 миллион сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 240,8 миллион сомонӣ ё 15,1 фоиз зиёд аст. Умуман, дар давраи ҳисоботӣ ба 45 312 нафар нафақа таъин шуд ва теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ ба 659 ҳазору 437 нафар расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 598 нафар зиёд мебошад.

- Гузариш ба пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ дар соли 2017 низ идома ёфта, пардохти нафақаи 82 ҳазору 954 нафар дар 11 шаҳру ноҳия бо талаботи моҳонаи 22,7 миллион сомонӣ тавассути кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шуд. Дар маҷмӯъ, теъдоди умумии онҳое, ки пардохти нафақаашон аз тариқи кортҳои бонкӣ ба роҳ монда шудааст, 96,6 фоизи теъдоди умумии нафақагиронро ташкил менамояд, — изҳор дошт Н. Одиназода ва афзуд, ки бо вуҷуди натиҷаҳои бадастомада, то ҳол имкону захираҳои молиявии мавҷуда ба таври зарурӣ истифода нашудаанд ва камбудию норасоиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ нақшаи андози иҷтимоиро 55 шаҳру ноҳия таъмин карда натавонист ва аз ин ҳисоб ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 121 миллион сомонӣ ворид нагардид.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Фелалиев, Т. Ҷобирзода, А. Қобилов, Х. Холиқов, Ҷ. Муртазоқулов, Н. Раҷабова, А. Ғаффоров, С. Усмонзода, И. Абдуллозода, Г. Бобоева, Ҳ. Қурбонзода, А. Холмуҳаммадзода доир ба мавзӯи матраҳшуда савол дода, посух гирифтанд. Ҳамчунин, вакилон М. Ахмедов, С. Усмонзода, Қ. Миралиён, Р. Латифзода, Ҷ. Маҷидзода, Х. Асозода доир ба беҳтар намудани кор дар самти иҷрои Буҷети давлатӣ мулоҳиза баён карданд.

Вобаста ба масъалаи баррасишуда қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ