Сиюми апрели соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев дар мавзӯи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва оид ба «Ҳифз, нигоҳдорӣ ва истифодаи ҳудудҳои махсуси муҳофизатшавандаи табиӣ бо мақсади ҷалби сайёҳон» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.
Акрамшо Фелалиев иброз намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 декабри соли 2018) солҳои 2019 — 2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Ҳадаф аз ин пешниҳоди Сардори давлат амалигардонии нақшаҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ривоҷ бахшидани ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум мебошад. Ва табиист, ки баланд будани маърифати экологии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиии кишвар барои ҷалби сайёҳон муҳим аст.
Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумрон Абдураҳмонзода зикр намуд, ки «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» аз 5 боб ва 73 банд иборат мебошад. Аз оғози татбиқ (соли 2015) то охири соли 2018 — ум 32 банди нақшаи чорабиниҳои он иҷро гардида, 41 банди дигар дар марҳилаи татбиқ қарор дорад.
- Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист баҳри татбиқи босамар оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ ҳар сол чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла аксияҳои «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал», «Тозагии Замин» ва «Тозагии роҳ» гузаронида мешавад, ки барои тозаю озода нигоҳ доштани кӯлу дарёҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва дар рӯҳияи созандагию бунёдкорӣ тарбия намудани насли ҷавон мусоидат менамояд, — гуфт Саидумрон Абдураҳмонзода.
Ӯ, инчунин иброз дошт, ки барои баланд бардоштани сатҳи огоҳонии ҷомеа оид ба олами набототу ҳайвонот, захираҳои табиат, мавзеъҳои сайёҳии экологӣ китобу варақаҳои иттилоотӣ ва таблиғномаҳо таҳияву нашр ва ба аҳолӣ дастрас шуданд. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ, кумакҳои молиявии ташкилотҳои байналмилалии экологӣ ва дигар манбаъҳо, дар маҷмӯъ, 1 миллиону 96 ҳазору 121 сомонӣ сарф гардид. Аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки баъзе аз бандҳои барнома аз сабаби ҷудо нашудани маблағ иҷро нагардидаанд. Аз ин рӯ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки бандҳои дахлдори барномаро мавриди таҳлил қарор дода, ҷиҳати дарёфти маблағ тадбир андешад.
- Барои татбиқи босамари барнома имконияту захираҳои таълимию тарбиявӣ бояд васеъ истифода шаванд, то ин ки ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барои ҳифзи табиат ва покизагии муҳити зист масъулияти баланд эҳсос намояд. Ҳар яки моро лозим аст, ки дар сарсабзии кишвар саҳм гузорем, — гуфт дар фарҷом С. Абдураҳмонзода.
Муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Шарифзода зикр намуд, ки бо ҷалби ширкатҳои сайёҳӣ дар мавзӯи «Нақши мавзеъҳои сайёҳии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинари илмӣ — амалӣ доир гардид. Дар он имконияту ҳадафҳо, талаботи асосии ворид гаштан, риояи низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва интихоби мавзеъҳои сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 16 хатсайри экологӣ ва 9 буклети экологӣ оид ба масъалаҳои рушди сайёҳӣ, гуногунии биологӣ, манбаъҳои об, ёдгориҳои табиӣ муаррифӣ гардид. Дар натиҷа, шумораи сайёҳоне, ки ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда меоянд, торафт зиёд мешавад. Соли гузашта теъдоди сайёҳон нисбат ба соли 2017 — ум 1,8 маротиба афзуд.
- Сайёҳон асосан аз Искандаркӯл, Кӯли Аловуддин, Кӯли Калон, мавзеъҳои «Даштиҷум», «Чилдухтарон», «Бешаи палангон», резервати биосферии «Ромит», паркҳои табиии «Ширкент» ва «Сари Хосор» дидан карданд. Бо мақсади рушди сайёҳӣ дар хоҷагии ҷангали «Шӯрообод» ва мавзеи «Дарёкӯл» — и мамнуъгоҳи табиии давлатии «Бешаи палангон» меҳмонхонаи замонавии дуошёна ба истифода дода шуд. Илова бар ин, дар парки табиии «Сари Хосор» меҳмонхонаи замонавии дуошёнаи 12 — ҳуҷрадор сохта шуда истодааст, ки то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ ба истифода дода мешавад, — гуфт Раҷабалӣ Шарифзода.
Аз рӯи масъалаи зикршуда, инчунин муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ва муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода суханронӣ карданд.
Дар интиҳо, баъди саволу ҷавоб қарор ва тавсияҳои парламентӣ қабул гардиданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ