Ҳаштуми апрели соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи иҷроиши «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» баргузор шуд, ки дар он намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия ва Палатаи ҳисоб иштирок доштанд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, аз ҷумла, гуфт, ки рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва ояндадори кишвар дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзалиятнок ба шумор меравад.
- Сайёҳӣ дар ҷаҳони муосир ба соҳаи даромаднок ва барои сармоягузории хориҷӣ таваҷҷуҳбарангез табдил ёфтааст. Барои Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф ташкили манбаъҳои гуногуни ба рушди иқтисодӣ мусоидаткунанда хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Яке аз онҳо сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷаҳон баъд аз нефт ва доруворӣ даромад аз бахши сайёҳӣ дар ҷои сеюм қарор дошта, қариб 30 дарсади содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Бо дарназардошти ин афзалиятҳо моҳи июли соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди сайёҳӣ» дар таҳрири нав қабул шуд, — афзуд Дилрабо Мансурӣ.
Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Абдухолиқзода зикр кард, ки бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Шароити мусоиди табиӣ ва иқлими кишвар барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтаринро муҳайё кардааст.
- Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2018 «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 — 2020» қабул гардидааст, ки аз 5 қисм ва аз 46 банд иборат мебошад. Соли 2018 аз рӯйи нақшаи маблағгузорӣ барои амалисозии бандҳои он 992 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуд, ки аз он 889 ҳазору 626 сомонӣ ё 89,6 дарсад маблағ аз худ шуд. Соли 2019 як миллиону 60 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, 99,6 фоизи он истифода шуд. Соли 2020 бошад, 1 миллиону 136 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, танҳо 61,4 дарсади маблағ барои баргузории чорабиниҳо ва тарғибу ташвиқ сарф гардид.
Мутаассифона, соли 2020 нуҳ банди барнома, ки чорабиниҳои сатҳи байналмилалиро пешбинӣ карда буд, иҷро нашуд. Сабаб паҳншавии бемории сироятии коронавирус мебошад, — изҳор дошт Лутфия Абдухолиқзода.
Бино ба гуфти ӯ, бо мақсади такмили қонунгузории соҳаи сайёҳӣ ва соҳаҳои ба он рабтдошта, дар доираи барномаи зикршуда «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2019-2022 оид ба амалисозии «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунармандӣ» таҳия ва қабул гардид. Илова бар ин, лоиҳаи «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022» таҳия ва ба баррасии Ҳукумати кишвар ирсол шуд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» дар таҳрири нав аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.
Лутфия Абдухолиқзода, ҳамчунин, доир ба самти такмили ихтисоси кадрҳо ва таъминоти илмӣ — методии соҳаи сайёҳӣ маълумот дода, аз ҷумла, зикр кард, ки дар 14 муассисаи олии касбии ҷумҳурӣ 2112 нафар ва коллеҷҳо 550 кас аз рӯи 16 ихтисоси соҳаи сайёҳӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Тибқи таҳлилҳои оморӣ, соли 2018 бори нахуст дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи сайёҳони хориҷӣ ба 1 миллиону 34 ҳазору 700 нафар расид, ки нисбат ба як соли пеш 2,6 маротиба зиёд мебошад. Соли 2019 аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии ба ҷумҳурӣ ташрифоварда 1 миллиону 257 ҳазору 300 нафар сайёҳ арзёбӣ гардид.
- Аз теъдоди умумии сайёҳон қисми зиёдро шаҳрвандони Россия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки қисмати зиёди сайёҳон, ки шаҳрванди хориҷӣ қайд мегарданд, дар асл мардуми кишвар буда, шаҳрвандии Федератсияи Россияро гирифта, барои аёдати наздикон меоянд. Ба ин монанд шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки ба аёдати хешу табор омада, ба ҷои зист эҳтиёҷманд нестанд. Ҳарчанд таҳлилҳои оморӣ воридшавии сайёҳонро дар сатҳи баланд нишон диҳанд ҳам, ин раванд аз ҷиҳати молиявӣ ба ҷумҳурӣ манфиати кам меорад. Бинобар ин, мақомоти дахлдорро зарур аст, ки дар самти ҷалби сайёҳони хориҷӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонанд, — таъкид кард Лутфия Абдухолиқзода.
Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода доир ба масъала маълумот дода, аз ҷумла, зикр кард, ки дар заминаи иҷрои бандҳои барнома ташрифи сайёҳон ба кишвар афзуд.
- Дар давраи зикршуда панҷ маротиба ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар онҳо масъалаҳои мубрами рушди соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба хотири тарғибу ташвиқи захираҳои сайёҳии кишвар дар доираи лоиҳаи муштараки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо АМИТ «Ховар» дар сомонаи он рубрикаи «Тоҷикистон — сарзамини сайёҳӣ» таъсис дода шуд, ки дар он ҳар рӯз дастовардҳои соҳаи сайёҳии кишвар бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ инъикос мешаванд. Аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ, аз ҷумла, «Ютуб» ва «Фейсбук» роликҳои таблиғотӣ ва филмҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ дар мавзӯъҳои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, шикор, гастрономӣ, аграрӣ, таърихию фарҳангӣ таблиғ мегарданд.
Бино ба гуфти Тоҷиддин Ҷӯразода, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва масъулон дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ ширкат варзида, аз соли 2017 то аввали соли 2020 дар соҳаи сайёҳӣ 7 санади ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Урдун, Фаронса, Швейтсария ва Кувайт ба имзо расид. 32 санади ҳамкорӣ бо Ҳиндустон, Туркманистон, Малайзия, Словакия, Руминия, Британияи Кабир, Италия, Қирғизистон, Марокаш, Кореяи Ҷанубӣ, Миср, Туркия, Олмон, Канада, Полша, Сингапур, Чин, Ҷопон, Эрон, Покистон, Сербия, Филиппин, Тунис, Исроил, Уммон, Арабистони Саудӣ, Бразилия, Беларус, Қатар, ИМА, Шотландия ва Ирландияи Шимолӣ таҳия ва барои мувофиқа ирсол гардиданд.
Инчунин, 54 ширкати сайёҳии ватанӣ бо 36 ширкати сайёҳии хориҷӣ қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Аз он қаноатмандӣ гардид, ки дар натиҷаи татбиқи имтиёзҳо соли 2020 шумораи ширкатҳои сайёҳӣ ба 224 адад расид, ки нисбат ба соли 2016-ум 106 — то зиёд мебошад. Теъдоди меҳмонхонаҳо ва дигар субъектони хизматрасонии сайёҳӣ низ нисбат ба солҳои пешин зиёд шудааст.
Ҳамчунин, имкониятҳои Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ мусбат арзёбӣ гардид.
Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Гулмуродзода доир ба маблағгузории соҳаи сайёҳӣ маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва такмили сиёсати давлатии идоракунии соҳа афзалият дошта, дар ин замина ба кодексҳои андоз ва гумрук тағйиру иловаҳо ворид гардид. Тибқи онҳо, даромад аз фаъолияти субъектҳои сайёҳӣ аз пардохти андоз аз фоида (содакардашуда) ва воридоти мол барои объектҳои сайёҳӣ, ки номгӯи онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2018 тасдиқ гардидааст, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озоданд.
Соли 2020 ба маблағи 3,7 миллион доллари ИМА таҷҳизоту техника барои иншооти сайёҳӣ ворид гардида, маблағи имтиёз 9,2 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Барои татбиқи «Барномаи давлатии рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2020» аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6,2 млн. сомонӣ равона гардид.
Илова бар ин, бо ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ ду лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст.
Зимни баррасӣ муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода низ суханронӣ намуд. Бино ба иттилои ӯ, аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи аз 1 майи соли 2017 то 1 июни соли 2019 чорабинии назоратӣ гузаронида, камбудии молиявӣ ба маблағи 35,9 ҳазор сомонӣ муайян гардид. Аз маблағи зикршуда, ки барқарор карда шудааст, 23 ҳазор сомонӣ барои татбиқи «Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020» пешбинӣ гардидааст.
Вакилони Маҷлиси намояндагон А. Ғаффоров, Г. Назирӣ, Х. Усмонзода, Г. Шарофзода, П. Шодизода, Д. Р. Ҷ. А Қурбонзода, З. Сафаров, Ғ. Азиззода, З. Раҳмонзода, Р. Раҳматзода, М. Ахмедов, Ш. Рустам, С. Уроқова ва Ф. Обидов ба масъулин савол дода, барои татбиқи босамари барномаҳои соҳа таклифу пешниҳод ироа карданд.
Ҷаласаро муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷамъбаст намуд ва вобаста ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдор ва тавсияҳо қабул шуданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ