Тағйирёбии иқлим ба яке аз мушкилоти асосии асри XXI табдил ёфтааст, ки чанд соли охир оқибатҳои онро аҳолии дунё эҳсос карда истодаанд. Коршиносон гарм шудани ҳарорати ҳаво, кам шудани меъёри боришот нисбат ба 50-60 соли пеш, хушкшавии баҳру кӯл ва обшавии пиряхҳоро аз нишонаҳои асосии тағйирёбии иқлим арзёбӣ мекунанд. Воқеан, ҳар нафаре, ки синнаш аз 50 болост, хуб дар ёд дорад, ки солҳои 60-70-уми асри гузашта дар деҳоти кӯҳистон барфи зиёд меборид. Солҳои охир бошад, бориши барф дар минтақаҳои кӯҳӣ ниҳоят кам аст.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисон яке аз сабабҳои асосии гармшавии ғайримуқаррарии иқлимро ба пайдоиши омили нави иқлимӣ – ҷамъшавии (консентратсияи) бемислу монанди гази ангидриди карбон (СО2) ва метан дар атмосфера нисбат медиҳанд. Афзоиши якбораи гази ангидриди карбон дар атмосфера дар 40-50 соли охир хурӯҷ кард.
Баландшавии ҳарорати ҳаво ба сӯхтани канданиҳои фоиданок ва аз байн бурдани ҷангалзор алоқаманд буда, болоравии дараҷаи гармӣ дар кураи Замин танҳо яке аз оқибатҳои он мебошад. Аз сабаби он ки партови газҳоро дар муҳлати кӯтоҳ кам кардан имкон надорад, инсониятро гармшавии бештари ҳарорати ҳаво интизор аст. Аз ин рӯ, инсониятро на танҳо ҳодисаҳои фавқулодаи табиие, ки ҳоло ба амал меоянд, балки бештар рухдодҳои оянда ба ташвиш овардааст.
Бисёр олимон сабабҳои гармшавии иқлимро Офтоб ва тағйирёбии ҳарорат дар уқёнуси Ором медонанд. Албатта, гармии Офтоб ба болоравии ҳарорат дар уқёнуси Ором бетаъсир нест, вале ҳоло таъсири ҷамъшавии газҳои гулхонаӣ дар атмосфера нисбат ба радиатсияи офтобӣ 10 маротиба бештар аст.
ОЁ 1ОС ЗИЁД ШУДАНИ ГАРМӢ БА ТАБИАТ ТАЪСИР МЕРАСОНАД?
Мувофиқи маълумоти расида, ҳарорати гармӣ нисбат ба 100 соли пеш 10С боло рафтааст. Мутахассисон ба ин назаранд, ки ба 10С боло рафтани гармӣ барои сайёра рақами кам нест. 10 С гармӣ ҳам нақше дорад, мисле, ки агар ҳарорати бадани одам 36,60 бошад, сиҳат ва агар 37,60 бошад бемор аст. Болоравии ҳарорат (ҳатто ба 10 ҳиссаи 10С) боис ба обшавии пиряхҳо ва баланд шудани сатҳи оби уқёнус гашта, метавонад шаҳрҳои калонро ғарқ кунад.
ОБШАВИИ ПИРЯХҲО ЧӢ ЗАРАР ДОРАНД?
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2019 доир ба гармшавии иқлим ва таъсири он ба кишвар сухан ронда, аз ҷумла, таъкид карданд, ки «ҳолати кунунии пиряхҳо тақозо менамояд, ки якҷо бо сохторҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла, дар самти ташкил намудани экспедитсияҳои омӯзиши вазъи онҳо тадбирҳо андешида шаванд».
Бо вуҷуди он ки кишвар дар самти истихроҷи газҳои гулхонаӣ яке аз ҷойҳои охирро ишғол мекунад, аммо аз таъсири тағйирёбии иқлим дар канор намонд. Дар мамлакат 13 ҳазор пиряхи хурду бузург мавҷуд буда, масоҳати умумии онҳо 6 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд. Дар чил соли охир беш аз 100 пирях пурра аз байн рафтааст. Онҳои манбаи асосии оби кишварҳои минтақа мебошанд. Аз обе, ки ҳар сол дар кишвар ташаккул меёбад (қариб 60 дарсади оби минтақаи Осиёи Марказӣ), 10 дарсад барои эҳтиёҷоти Тоҷикистон истифода мешавад. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, дар ҷумҳурӣ ба таври умумӣ болоравии ҳарорат, бардавомии хушкии ҳаво ва ҳодисаҳои фавқулодаи табиат ба мушоҳида мерасад. Обшавии пиряхҳо, ки дарёҳои минтақаҳои Осиёи Марказиро бо об таъмин мекунанд, метавонад соҳаҳои энергетика ва кишоварзиро дар мамлакат ва минтақа таҳти хатар қарор диҳанд. Тибқи пешгӯии илмӣ, то соли 2050 бисёр пиряхҳои майдони то 1 км2-ро ишғолкарда пурра нобуд шуда, масоҳати зери ях қарордошта дар бисёр ноҳияҳои ҷумҳурӣ то 20 — 25 фоиз коҳиш хоҳад ёфт. Дар он сурат ҳарорат мумкин аст аз 1,80 то 30 ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ 4-5 ва ҳатто 90 бештар аз гармии маъмулӣ шавад. Маълумотҳое, ки дар Нақшаи миллии фаъолият доир ба паст кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим оварда шудаанд, нишон медиҳанд, ки танҳо дар як даҳсола (солҳои 1991-2000) аз се як ҳиссаи талафоти соҳаи кишоварзии кишвар натиҷаи ҳодисаҳои экстремалӣ будаанд. Аз ин рӯ, давлат нисбат ба мушкилоти об ва сарчашмаҳои он бетафовут нест. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз охири солҳои 90-и асри гузашта дар вохӯриву конфронсҳои сатҳи баланд доир ба тағйирёбии иқлим ва мушкилоти дар натиҷаи он бавуҷудомада изҳори назар намуда, барои пешгирии оқибатҳо ташаббус нишон доданд. Боиси ифтихор аст, ки вобаста ба об ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле хуб пазироӣ шудаанд. Зеро, бо вуҷуди об будани қисми зиёди кураи Замин, ҳанӯз ҳам аҳолии сайёра аз мушкилоти вобаста ба об, аз ҷумла, норасоии оби нӯшокӣ, ранҷ мекашанд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, наздики 2 миллиард нафар дар сайёра аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ кашида, миллионҳо нафари дигар дар шароити бади санитарӣ зиндагӣ доранд ва ҳар сол дар ҷаҳон садҳо ҳазор нафар бо касалиҳои аз оби ғайрисанитарӣ бавуҷудоянда мефавтанд.
Тоҷикистон аз рӯйи масоҳат 85–ум давлати дунёст, лекин захираҳои бузурги гидроэнергетикиро дорост, ки ба 527 миллиард киловатт/ соат баробар ва бо ин ҳисоб дар ҷаҳон ҷои 8–умро ишғол мекунад. Вале айни замон зиёдтар аз 5 дарсади ин иқтидор истифода мешаваду халос. Бо доштани чунин иқтидори бузург Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусҳои башардӯстона пайи рафъи буҳронҳои дар масъалаи об бавуҷудоянда ва таъмини аҳолии минтақаву ҷаҳон бо оби тозаи нӯшокӣ иқдом намудааст. Гувоҳи ин гуфтаҳо силсилаи иқдомҳое мебошанд, ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид қабул шудаанд. Аз ҷумла, якуми октябри соли 1999 дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки соли 2003 — «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи умумии СММ соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» эълон шуда, 29 август-1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими кушодашавии он иштирок ва суханронӣ намуда, минҷумла, зикр карданд: «Кишвари мо, ҳарчанд ки дар саргаҳи ташаккулёбии захираҳои оби тоза қарор дорад ва соҳиби беш аз 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ аст, аз масъалаи глобалии танқисии оби тоза худро канор гирифта наметавонад. Зеро бо вуҷуди доштани сарчашма ва манбаъҳои бузурги оби тоза мо низ бо ин проблема рӯ ба рӯ ҳастем. Гузашта аз ин, мо аз он дар ташвиш ҳастем, ки зиёда аз як миллиард одам дар ҷаҳон ба оби тоза дастрасӣ надорад.
Вақте ки бо сабаби нарасидани оби тозаи нӯшокӣ аз панҷ як ҳиссаи аҳолии сайёра азият кашида, ҳар сол тақрибан панҷ миллион одам аз истеъмоли оби ифлос ва бемориҳои вобаста ба он ҷони худро аз даст медиҳанд, мо — мардуми Осиёи Марказӣ, ки ин проблема алалхусус бароямон мураккаб аст, наметавонем мавқеи бетарафиро ихтиёр кунем».
Дар ҳамон форум Сардори давлат ба дигар масъалаҳои вобаста ба об, аз ҷумла, обшавии аз меъёр зиёди пиряхҳо, низ дахл карда, ҳушдор доданд, ки агар ин раванд чунин идома ёбад, бо дарназардошти зиёдшавии аҳолӣ дар оянда масъалаи таъминоти аҳолӣ бо оби тоза бамаротиб шадидтар мешавад: «Мо бояд захираҳои оби худро маҳфуз дорем ва идоракунии пурсамари онҳоро омӯзем, то ин ки дар оянда сатҳи таъминот ва дастрасии инсоният ба оби тоза ва ташкили зиндагӣ аз рӯйи меъёрҳои санитарӣ баланд бардошта шаванд».
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, зикр карданд, ки мушкилоти оби тоза дар як сол ҳал намешавад ва дар оянда низ яке аз ҳассостарин масъалаҳо боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, пешниҳоди эълон кардани солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт» ба иштирокчиёни форум ироа намуданд: «Пешниҳод ин аст, ки аз соли 2005 то соли 2015-ум Даҳсолаи байналмилалии оби тоза эълон карда шавад. Ин иқдом ҷавобгӯи Эъломияи ҳазорсола оид ба масъалаи оби тоза хоҳад шуд, ки яке аз ҳадафҳои он то соли 2015-ум ду баробар кам кардани шумораи одамони аз оби тоза маҳрум дар ҷаҳон мебошад».
Ҳамин тавр, бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт», Маҷмаи умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе, 23 декабри соли 2003 Қатънома қабул карда, солҳои 2005-2015 -ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об-барои ҳаёт» эълон кард.
Пешниҳодҳои дигари Тоҷикистон оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консорсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез, Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки ин масъала низ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми 3-юми ҷаҳонӣ доир ба иқлим 31 август — 4 сентябри 2009 дар шаҳри Женева, сипас дар Конфронси 15-уми ҷонибҳои Конвенсияи СММ оид ба тағйироти иқлим дар Копенгаген 7-8 декабри соли 2009 пешниҳод гардид ва эълон намудани соли 2013- Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об (20 декабри 2010) мебошад. Тибқи ташаббуси мазкур, 20-21 августи 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Пешниҳоди дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2017 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Қобили зикр аст, ки дар доираи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакатҳои гуногун, якчанд конфронсу симпозиумҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар масъалаи об баргузор гардиданд, ки агар як тараф, ҳассосияти масъалаи обро нишон диҳад, аз ҷониби дигар, муаррификунандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ба ҳисоб мераванд.
Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдориро аз коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ ба атмосфера изҳор дошта, ҳар чӣ бештар истифода бурдани манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар рушди «иқтисоди сабз»-ро ҷонибдорӣ намудааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2019) изҳор дошта буданд, ки «кишвари мо аз ҳисоби нишондиҳандаи партови газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон ҷойи 135 — умро ишғол менамояд, ки ин мақоми хеле баланд ва саҳми арзишманди Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад. Ин чунин маънӣ дорад, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ дар Тоҷикистон ба ҳар як нафар аҳолӣ дар миқёси минтақа камтарин буда, саҳми муносиби мо дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра мебошад.
Дар нигоҳ доштани сатҳи пасттарини партовҳои зараровар истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, асосан гидроэнергетика, мусоидат менамояд. Бо пурра ба кор даромадани Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи «энергияи сабз» шомил мегардад. Бино ба таъкиди Президенти кишвар, тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ, Тоҷикистон доир ба истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад ва имкон дорад, ки баъди ба кор андохтани иқтидорҳои нав, аз ҷумла, Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз лиҳози фоизи истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои таҷдидшаванда дар ҷаҳон ба ҷойи дуюм ё сеюм барояд.
«Ин саҳми Тоҷикистон дар ҳалли яке аз мушкилоти глобалӣ – кам кардани партовҳои гази карбон ба ҳавои атмосфера ва коҳиш додани оқибатҳои манфии гармшавии иқлим хоҳад буд.
Дар робита ба ин, ҳамчунин, зарур аст, ки мо ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем» — омадааст дар Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2018).
ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Бо вуҷуди кам будани партови газҳои гулхонаӣ ва рушди энергияи сабз, ки ба беҳтар шудани муҳити зист ва вазъи экологии минтақа мусоидат мекунад, ба қавли коршиносон, Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар раванди тағйирёбии иқлим аст ва чанд сол боз аз оқибатҳои он зарари ҷиддӣ мебинад.
Коршиносони тоҷик муътақиданд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мушкилоти тағйирёбии иқлим муносибати хеле ҷиддӣ дорад ва барои мутобиқшавӣ ба он тадбирҳои мушаххас андешида, ҳамкориро бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дар ин масъала дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондааст. Олимон низ аз рӯйи проблемаҳои экосистемаҳои кӯҳӣ ва соҳаи кишоварзӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим фаъолона кор мекунанд.
Мувофиқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, соли 2011 Бонки осиёии рушд дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар ҷумҳурӣ барнома доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро роҳандозӣ намуд, ки мақсад дастгирии Тоҷикистон дар таҳияи барнома оид ба паст кардани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим аст. Дар даҳ соли охир Барномаи ҳамкорӣ барои рушди СММ, Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистонро зиёда аз 100 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ карда, вобаста ба он корҳои зиёд анҷом дода шуданд. То ин замон се Гузориши миллӣ доир ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки солҳои 1995 — 1998, 1998 — 2005 ва 2005-2010-ро дар бар мегиранд, аз ҷониби Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати озонии назди Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба Конвенсияи қолабии СММ фиристода шудааст.
Бо дарки тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он барои Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ қарорҳои муҳим қабул карда, ҳама саъю кӯшишро ба коҳиш додани таҳдидҳое, ки ба тағйирёбии иқлим алоқаманданд, равона намудааст. Тоҷикистон Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлимро соли 1998 ва Протоколи Киоторо соли 2008 ба тасвиб расонида, уҳдадориҳои базиммагирифтаашро амалӣ менамояд. Дар мамлакат асоси қонунгузорӣ ва институтсионалӣ, ки барои фаъолият ба ҳалли масъалаи тағйирёбии иқлим равона гардидааст, гузошта шудааст. Айни замон омода намудани Гузориши миллии чорум ва Ҳисоботи якуми дусола ҷараён дорад.
Тавофуқномаи Париж доир ба иқлимро, ки 12 декабри соли 2015 дар сессияи Конференсияи 21-уми тарафдорони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар пойтахти Франсия шаҳри Париж бо иштироки сарони мамлакатҳо, аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул гардид, метавон аз воқеаҳои такондиҳанда вобаста ба тағйирёбии иқлим дар чанд соли охир унвон кард. Парлумони Тоҷикистон онро 16 феврали соли 2017 ба тасвиб расонид ва Тоҷикистон бастаи ҳуҷҷатҳои батасвибрасидаро ба Депозитарияи СММ пешниҳод кард.
Ҷонибдории Тоҷикистон баҳри мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар конференсияи Париж аз забони Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо дод. Пешвои миллат қайд карданд, ки «соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ шудааст. Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйирёбии иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Дар давоми 30 соли охир аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон беш аз 1000 пирях нобуд шудааст. Ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад. Танҳо тобистони соли равон бар асари офатҳои табиии вобаста ба об ба аҳолии Тоҷикистон ва иқтисодиёти мамлакат садҳо миллион доллари амрикоӣ зарари моддӣ расид».
Сарвари давлат, инчунин, изҳор доштанд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он то имрӯз барои такмили қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ ва иҷрои тавсияҳои ҳамоишҳои тарафҳои Конвенсия тадбирҳои амалӣ андешида, бо шарикони байналмилалии худ ва котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим фаъолона ҳамкорӣ менамояд».
ИНСОН БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ЧӢ ГУНА ТАЪСИР РАСОНИДА МЕТАВОНАД?
Пас аз он ки коронавируси нави навъи COVID — 19 моҳи декабри соли гузашта ба қайд гирифта шуду тадриҷан ба пандемия табдил ёфт, аксар кишварҳои дунё шаҳрвандонашонро ба карантин фаро гирифтанд. Дар баъзе давлатҳо сокинон моҳҳо дар хона қарор доштанд. Ба фаъолияти ҳаррӯза машғул нашудани инсон ҳодисаҳоеро ба намоиш гузошт, ки дар равандҳои дар табиат бавуҷудоянда таъсири ниҳоят бузург доштани одамизодро исбот кард. Бино ба иттилои расонаҳои хабарӣ, дар аксари кишварҳои бузурги дунё, аз қабили ИМА, Чин, Италия ва дигар давлатҳои Аврупо, дар замони карантин будани аҳолӣ ифлосшавии ҳаво коҳиш ёфта, ба туфайли ҷорӣ шудани карантин ва истифода накардани нақлиёти шахсӣ шаҳри Шанхай аз кайҳон намоён шуда, баъзе намудҳои парандаҳо ба Берлин баргаштаанд. Он давра ҳавои шаҳри Москва низ панҷ маротиба тозатар шуд. Дар баъзе шаҳрҳои калон хуку маймун, гӯрхару гавазнҳо ба кӯчаҳо баромаданд. Оҳувони нодири раманда низ озодона дар кӯчаҳо сайр намуданд. Ин ҳодисаҳо гувоҳи онанд, ки дар раванди тағйирёбии иқлим таъсири асосиро инсон гузошта метавонад.
Аз рӯйи иттилои таҳқиқгарон, фақат дар даҳсолаи охир партови газҳои гулхонаӣ дар атмосфера 29 фоиз афзудааст, ки он ҳам омили инсонӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, тасмимҳое, ки дар масъалаи тағирёбии иқлим аз ҷониби давлатҳо ва ё созмону ташкилотҳои байналмилалӣ гирифта мешаванд, пеш аз ҳама, ба маҳдудкунии фаъолияти инсон равона шудааст. Мутахассисон, хусусан кам кардани партови газҳои гулхонаиро яке аз роҳҳои асосии то андозае пешгирӣ намудани раванди гармшавӣ арзёбӣ мекунанд. Дар ин асно, таҷриба ва мавқеи кишвари мо қобили таҳсину офарин аст, зеро ҳама кӯшиши роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат ба он равона шудааст, ки дар кишвар «энергияи сабз» ва «иқтисоди сабз» рушд намояд.
Қонунгузории кишвар низ тадриҷан ба шароит мувофиқ шуда истодааст. Бархе аз қонунҳо, аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳавои атмосфера», «Дар бораи энергетика», «Дар бораи сарфаи энергия», «Дар бораи фаъолияти гидрометеорологӣ» қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар баробари соҳаҳои алоҳида, ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба тағйирёбии иқлимро ба танзим медароранд. Дар баробари ин, айни замон қонунгузорони кишвар якҷо бо дигар субъектони дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Кодекси экологии Тоҷикистонро таҳия намуда истодаанд. Ба тасвиб расидани он ки маҷмӯи қонунҳои соҳаро фаро мегирад, фаъолият дар самти мубориза ба тағйирёбии иқлимро боз ҳам мушаххастар менамояд.
Зуфар ИСМОИЛЗОДА,
раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон