Чаро мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар қабули буҷет фаъол нестанд?

№141 (3778) 28.11.2017

DSC_930224 ноябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ муҳокимаи парламентӣ доир гардид, ки дар он масъала «Оид ба иҷрои муқаррароти моддаҳои 27 ва 45 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» вобаста ба қабули буҷети шаҳрак ва деҳот дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода иброз дошт, ки мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар ҳама давру замон ҳамчун омили пайвандгари халқ бо ҳокимияти давлатӣ мақоми хосаро доро буд. Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳотро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» танзим менамояд. Қонуни мазкур, ки соли 1994 қабул гардид, соли 2009 дар таҳрири нав қабул шуд. Моддаи 27-и қонун аз 6 қисм иборат буда, меъёрҳоро вобаста ба буҷети шаҳрак ва деҳот муайян намудааст. Тибқи он қисми даромади буҷети шаҳрак ва деҳот аз ҳисоби даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ташаккул меёбад. Ба даромади буҷети шаҳрак ва деҳот маблағҳо аз ҳисоби андоз аз молу мулки ғайриманқули шахсони воқеӣ дохил мешаванд.

Мувофиқи моддаи 45-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» қабули буҷети шаҳрак ва деҳот бояд аз соли 2011 оғоз меёфт, вале то ҳол дар ин самт пешравӣ дида намешавад.

Дар иртибот ба ин масъала таҷрибаи деҳоти «Исфисор»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ­шоистаи таҳсин аст. Дар он ҷо танҳо аз ҳисоби хизматрасонии коммуналӣ дар як сол 600 000 сомонӣ даромад гирифтаанд. Зиёда аз 400 000 сомонӣ андоз аз амволи ғайриманқул ҷамъоварӣ ва 10 нафар дар ҷамоати деҳот соҳиби ҷойи кор шудааст.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдулғаффор Раҳмонзода иттилоъ дод, ки дар ҷумҳурӣ 56 ҷамоати шаҳрак ва 374 ҷамоати деҳот фаъо­лият менамоянд ва зиёда аз 70 дарсади аҳолии онҳо дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Бо мақсади муайян намудани монеаҳо дар татбиқи қонуни мазкур Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ соли 2016 бо раисони ҷамоатҳо чанд вохӯрӣ ва зиёда аз 200 назарпурсӣ гузаронида, аз рӯи натиҷаи онҳо тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкурро омода кард, ки он моҳи майи соли равон қабул гардид.

Ҳангоми назарпурсӣ маълум шуд, ки баъзе аз кормандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот муқаррарот ва моҳияти қонуни мазкурро намедонанд.

Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Грез Қосимзода дар ин робита гуфт, ки Агентӣ ҳамеша барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва бозомӯзии кормандони ҷамоатҳо омодааст ва бо ин мақсад ҷиҳати истифода аз усулҳои муосири идоракунӣ, банақшагирии стратегӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ тадбирҳо меандешад.

Вобаста ба масъалаи мазкур намояндагони вазоратҳои адлия Ифтихор Самадзод, молия — Сайвалӣ Сафаров, ҷамоатҳои шаҳракҳои Ёвон — Қаҳҳорбек Ҳасанзода, Ҳисор — Маҳмадалӣ Сафаров андеша баён намуданд.

Дар хотима аз рӯи натиҷаи масъалаи баррасишуда тавсияҳо қабул гардиданд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»