Муҳокимаи парламентӣ

Чаро пардохти ғайринақдӣ бояд рушд ёбад?

№58-59 (4320-4321) 01.05.2021

DSC_9592Бисту нуҳуми апрели соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло Қурбоналӣ доир ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок доштанд.

 Машраб Файзулло изҳор дошт, ки «Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2014 тасдиқ шуд.

Солҳои 2015-2020 бандҳои нишондиҳандаҳои асосии мониторинги татбиқи «Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» пурра ё қисман иҷро гардиданд.

- Дар маҷмӯъ, иҷрои нишондиҳандаҳои асосии мониторинги татбиқи «Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» 66,7 дарсадро ташкил намуда, 33,3 дарсади боқимонда солҳои 2021-2025 бояд иҷро гарданд.

Дар заминаи татбиқи стратегия, ҷиҳати муайян намудани асосҳои ҳуқуқию ташкилии низоми пардохтӣ ва тартиби пешниҳод намудани ин хизматрасонӣ 24 феврали соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» қабул гардид.

Мутобиқи моддаи 14 қонуни мазкур, санади меъёрии «Тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ» бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2017 тасдиқ шуд, — изҳор дошт Машраб Файзулло.

Аз он қаноатмандӣ иброз гардид, ки солҳои 2017-2020 шумораи терминалҳои электронӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасониҳои ҷумҳурӣ 5,4 маротиба афзоиш ёфта, аз 700 ба 3 811 адад расид.

Тибқи ҳисоботи ташкилотҳои қарзии молиявӣ, то 31 декабри соли 2020 аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ 14 агенти бонкии пардохтӣ ва аз ҷониби агентҳои мазкур 237 субагенти бонкии пардохтӣ барои қабули пардохтҳо ҷалб гардиданд. Бино ба гуфти ӯ, дар асоси муқаррароти қисми 16 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатӣ тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон» 2 майи соли 2019 қабул гардид. Ин тартиб ба мақомоти давлатӣ имкон медиҳад, ки дар асоси озмун (тендер) як ё якчанд ташкилоти қарзии боэътимодро интихоб намуда, қабули маблағҳоро тавассути шабакаи терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ роҳандозӣ намоянд.

Дар доираи лоиҳаи грантии Бонки ҷаҳонӣ-«Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусӣ» (қисмати 4 «Рушди инфрасохтори молиявӣ») Низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағҳо (НАБИМ) татбиқ шуда, аз 19 июли соли 2019 дар Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд. НАБИМ дар асоси технологияҳои муосир сохта шуда, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад ва дорои як қатор бартарӣ, аз қабили идоракунии навбатнокии пардохтҳо, набудани маҳдудият ба шумораи пардохтҳо дар давоми рӯзи амалиётӣ, модулҳои муосири интиқоли пардохтҳо дар реҷаи вақти воқеӣ, клиринг ва пардохтҳои босуръат мебошад.

Айни замон 39 иштирокчӣ ба НАБИМ пайваст буда, он аз 18 бонк, 18 ташкилоти амонатии қарзии хурд, Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Бонки байнидавлатӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ва филиали Бонки «Тиҷорат»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон иборат мебошад.

- Тибқи муқаррароти моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», аз оғози соли 2019 операторҳои алоқаи мобилӣ низ якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ инфрасохтори зарурии пардохтиро барои қабули маблағҳои пардохти молу хизматрасониҳо ба таври ғайринақдӣ тавассути ҳамёнҳои электронӣ роҳандозӣ намуда истодаанд. То 31 марти соли 2021 теъдоди ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ 2 221 924 ададро ташкил дода, моҳҳои январ-марти соли 2021 тавассути он 5,5 миллион амалиёти пардохти ғайринақдӣ ба маблағи 233,5 млн. сомонӣ анҷом дода шуд, ки нисбат ба ҳамин санаи соли 2020 теъдоди умумии ҳамёнҳои электронии ташкилотҳои қарзии молиявӣ — 4,3 маротиба афзудааст, — изҳор дошт Машраб Файзулло. — Илова бар ин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ фаъолона QR-рамз насб карда истодаанд, ки аз ҷиҳати хароҷот ва дастгирии техникӣ назар ба терминалҳои электронӣ камхарҷ буда, ба истифодабарандагон имконияти васеътарро барои пардохти ғайринақдӣ фароҳам меоранд.

Дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» солҳои 2017 — 2020-ум 8 санади меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ таҳия ва тасдиқ шуд, — гуфт дар фарҷом номбурда.

Сипас, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Моҳбону Накҳатзода тавассути слайдҳо доир ба вазъи низоми пардохти ғайринақдӣ дар кишвар маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, Бонки миллии Тоҷикистон муҳим будани низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро барои иқтисодиёти мамлакат эътироф карда, лоиҳаи «Стратегияи рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 — 2025»-ро таҳия намуд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 октябри соли 2014 тасдиқ шудааст.

- Низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҷузъҳои асосии инфрасохтори молиявӣ буда, фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетиро бо гузаронидани пардохтҳои саривақтӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо таъмин намуда, ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад,- афзуд вай.

Бино ба маълумоти пешниҳодкардаи Моҳбону Накҳатзода, дар асоси муқаррароти моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ва «Тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ», солҳои 2018 – 2020 ба низоми пардохтии миллии «Корти миллӣ» низомҳои пардохтии байналмилалии «Western Union», «Visa», «Mastercard», «Золотая корона», «Contact», «Юнистрим», «Народная», «Blizko», «БЭСТ», «MoneyGram», «UnionPay», низомҳои пардохтии ватанӣ «Осон», «Атласпэй», «EхpressPay» ва «Пардохти фаврӣ» иҷозатнома дода шудааст.

Моҳияти маблағҳои электрониро шарҳ дода, муовини раиси Бонки миллӣ, инчунин гуфт, ки маблағҳо бо пули миллӣ ё асъори хориҷӣ, ки қаблан аз ҷониби шахси воқеӣ ба таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ пешниҳод шудаанд ва аз ҷониби таҳвилгари хизматрасониҳои пардохтӣ иттилоот оид ба андозаи пулҳои бе кушодани суратҳисоби бонкӣ додашуда барои иҷрои уҳдадориҳои пулии шахси воқеӣ дар назди шахсони сеюм ба ҳисоб гирифта мешавад. Татбиқи технологияи интиқоли маблағҳои электронӣ яке аз тамоюли нав дар низоми бонкии ватанӣ мебошад. Маълум гардид, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ чунин усули пардохтҳои ғайринақдиро аз соли 2018 ба муштариёни худ фаъолона пешниҳод намуда истодаанд.

Бо истифода аз ин намуди маблағ муштариён имконият пайдо карданд, ки як қатор хизматрасониҳоро тавассути телефонҳои мобилӣ (смартфонҳо) ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд.

-Тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 8 қонун, танҳо таҳвилгари хизматрасонии пардохтӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ мебошад, ҳуқуқи анҷом додани амалиёти интиқоли маблағҳои электрониро дорад. Айни замон 12 ташкилоти қарзии молиявӣ хизматрасонии ҳамёни электрониро ба аҳолӣ пешниҳод намуда истодаанд, — зикр кард номбурда. Бонки миллии Тоҷикистон таҳлили вазъи муосири бозори интиқоли маблағҳои пулиро бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ дар Тоҷикистон гузаронида, дар натиҷа, як қатор мушкилиҳоро ошкор намудааст, ки ба устувории низоми бонкӣ таъсири манфӣ расонидаанд. Бинобар ин, тибқи муқаррароти қисми 9 моддаи 20 қонуни мавриди назар моҳи сентябри соли 2019 «Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Дар заминаи тартиби мазкур дар Бонки миллии Тоҷикис­тон Маркази протсессингии миллии интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ (NPCR) татбиқ гардида, аз 3 декабри соли 2019 ба фаъолият шурӯъ намуд. Айни замон, 25 ташкилоти қарзии молиявӣ ва 3 низоми пардохтӣ иштирокчиёни Маркази протсессингии миллии интиқоли фаромарзии Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд.

Таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ баёнгар аст, ки дар самти зиёд намудани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдии амалиётҳо солҳои охир натиҷаҳо назаррас шудаанд. Яъне, то 31 марти соли 2021 ҳиссаи амалиётҳои ғайринақдӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ 10,5 дарсадро ташкил намуд.

Бино ба гуфти Моҳбону Накҳатзода, ғайрифаъол будани аксар терминалҳои электронии дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насбгардида ба манфиатдор набудани субъектҳои хоҷагидорӣ ва вазорату идораҳои давлатие, ки ба аҳолӣ хизматрасонии пулакӣ пешниҳод менамоянд, мавҷуд набудани имтиёзҳои андоз­бандӣ барои соҳибкорон ҷиҳати анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳавасманд набудани соҳибкорон барои фаъолияти шаффоф, дар сатҳи паст қарор доштани заминаи техникӣ, нисбатан паст будани сатҳи саводнокии молиявии аҳолии кишвар, алалхусус дар шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои дурдаст рабт дорад.

Муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нарзулло Маликзода аз тадбирҳои андешида ҷиҳати роҳандозӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ёдовар шуда, изҳор дошт, ки аввал барои қабули маблағи андозҳо тавассути Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз ҷониби мутахассисони Кумитаи андоз барномаи «Қабули пардохтҳо аз оператори «Амонатбонк» таҳия гардид. Он ба андозсупоранда имконият дод, ки ҳангоми бо пули нақд пардохт кардан, бе омадан ба нозироти андоз ва дар вақти барояш қулай маблағи андозҳои дахлдорро дар шуъбаҳои «Амонатбонк» пардохт намояд. Илова бар ин, баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 30 октябри соли 2018 «Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ», кумита 200 POS-терминалҳои Бонки байналмилалии Тоҷикистонро харидорӣ намуда, онҳоро ба мақомоти ҳудудии андоз тақсим намуд. Ба воситаи онҳо андозсупорандагон дар минтақаҳо метавонанд андозҳои маҳаллиро бо истифода аз кортҳои бонкӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт намоянд.

- Ҷиҳати вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва сарфаи он Кумитаи андоз дар сомонаи худ шакли нави хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидорро ҷорӣ намуд, ки бо истифода аз он андозсупорандагон имконият доранд бе омадан ба нуқтаҳои хизматрасонии «Амонатбонк» маблағи андоз аз объектҳои ғайриманқул, андози замин, андоз аз воситаҳои нақлиёт ва боҷи давлатиро бо истифодаи кортҳои пардохтии бонкӣ («Visa» ва «Корти миллӣ») пардохт намоянд. Тибқи махзани маълумоти Кумитаи андоз, то ҳол зиёда аз 2800 амалиёт гузаронида шудааст, — изҳор дошт номбурда.

Бино ба гуфти ӯ, суратҳисоби бонкӣ ба соҳибкорон, ки дар асоси маълумотномаи хаттии мақомоти андоз имконпазир аст, комилан электронӣ гардид. Барои анҷом додани хизмат­расонии зикршуда Кумитаи андоз бо 34 ташкилоти молиявии қарзӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Зайдуллозода доир ба корҳои анҷомёфта дар самти рушди низоми пардохтӣ дар Хадамоти гумрук маълумот дода, гуфт, ки ҷиҳати гузариш ба ҷамъоварии даромадҳои давлатӣ аз тариқи низоми автоматишудаи байнибонкии интиқоли маблағ, ҳамчунин, ҷиҳати дар дидбонгоҳҳои гумрукӣ ба кор даровардани терминалҳое, ки тавассуташон пардохтҳои гумрукӣ сурат мегиранд, 29 марти соли 2019 «Тартиби ба имзо расонидани шартномаи хизматрасонӣ бо бонкҳо ва ташкилотҳои амонатии қарзии дорои имконияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бо истифода аз воситаҳои пардохти электронӣ» қабул гардид. Дар асоси он 29 апрели соли 2019 байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» шартнома оид ба ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба имзо расид. Бо мақсади ҷорӣ намудани системаи қабули пардохтҳои электронӣ тибқи шартномаи дуҷониба ҶДММ ТАҚХ «Душанбе Сити» уҳдадор аст, ки дар дидбонгоҳои гумрукӣ POS-терминал ва терминалҳои худкори бонкиро насб намояд.

То 27 апрели соли ҷорӣ пардохт­ҳои ғайринақдии ба буҷет пардохтшуда 1 902,4 млн. сомониро ташкил медиҳад, — зикр кард И. Зайдуллозода.

Дар фарҷом вобаста ба масъалаи баррасишуда қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ