Таи ним соли охир мардуми ҷаҳонро бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 ранҷ медиҳад. Дар бораи пайдоиши он андешаи зиёд ва гуногун вуҷуд дорад. Ба фикри баъзеҳо гӯё коронавирус аз паранда ба инсон гузаштааст, бархеи дигар ақида доранд, ки онро дар пажӯҳишгоҳҳои махсуси махфӣ истеҳсол ва паҳн намудаанд. Чунин назар ҳам вуҷуд дорад, ки гӯё коронавирусро давлатҳои абарқудрат барои роҳандозии мақсадҳои геосиёсӣ истифода мебаранд. Аммо сабабу омили сар задани беморӣ ҳар чизе ҳам набошад, натиҷа он аст, ки ҳоло дар дунё нафарони зиёд аз он ҳалок гардида, миллионҳо нафар гирифторанд. Воқеият ин аст, ки дар натиҷаи беаҳамиятӣ ва рафтору фаъолияти нодурусти баъзе аз одамон зиндагӣ дар сайёраи Замин хеле душвор мегардад. Агар чунин муносибат идома ёбад, оянда маҷбур мешавем чун кайҳоннавардон бо либоси махсуси муҳофизатӣ (скафандра) зиндагӣ намоем. Мебояд, ки нигоҳро ба масъалаҳои экологӣ ва тандурустӣ куллан тағйир диҳем. Ба ҷои истеҳсоли ҳар гуна яроқу аслиҳа, ки бадбахтӣ меоранду табиатро заҳрнок месозанд, ба ҳифзи муҳити зисту саломатӣ бештар диққат намоем.
Бояд гуфт, ки баробари тасдиқи мавҷудияти беморӣ дар мамлакат бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирии вабо ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил шуд. Он тибқи маслиҳати мутахассисони соҳа ва таҷрибаи дигар давлатҳо нақшаи корӣ таҳия намуда, аз рӯи он амал менамояд. Ташкил намудани назорати тиббӣ дар даромадгоҳҳои кишвар, таъсиси ҷойҳои махсус барои карантини шахсони аз хориҷа меомада, гузаронидани санҷишҳои тестӣ ва ташхисӣ, корҳои безараргардонии кӯчаву хиёбон ва биноҳо, ба таври фаврӣ бунёди беморхонаҳои иловагӣ барои табобати беморон, воридоти доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тариқи расонаҳои ахбор, воридоти хӯрокворӣ аз хориҷа ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулот дар мамлакат, дастгирии табибон ва иҷрои дигар корҳо чораҳое мебошанд, ки ҳар рӯз амалӣ шуда истодаанд.
Барои пешгирии шиддати паҳншавии коронавирус ва ҳалли масъалаҳои дигари марбут ба он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун ҳарвақта ташаббус нишон дода, ҷиҳати ҳалли таъҷилии мушкилӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вохӯрӣ доир карданд. Пешвои миллат зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки ба таҳлука наафтода, пеш аз ҳама, қоидаҳои одитарини гигиениро риоя намоем. Матин ва боирода бошем, зеро ин вабо ҳам мегузарад. Инчунин, бо дастури Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат корвони маҳсулоти озуқа ва доруворӣ фиристода шуд, ки аз тадбирҳои дигари Ҳукумати мамлакат дар самти муқовимат бо бемории коронавирус мебошад.
Аз тариқи воситаҳои ахбори омма ҳар рӯз тавсияҳои духтурон, баромаду суханронии онҳо нишон дода мешавад, ки барои пешгирӣ аз беморӣ равона шудаанд. Илова бар ин, аз ҷониби ҲХДТ ва мақомоти давлатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули хона ба хона ташкил шудааст. Мутаассифона, мушоҳида мегардад, ки одитарин қоидаҳои пӯшидани ниқоб ва риояи масофаро бисёре аз сокинон риоя намекунанд. Ҳатто, вақте ки ба чунин нафарони бепарво бо эҳтиром зарурати пӯшидани ниқобро фаҳмонӣ, малол шуда, дағалӣ менамоянд. Ҳол он ки мутахассисон ин омилро яке аз роҳҳои асосии паҳншавии беморӣ ном мебаранд. Баъзеҳо худро «оқил» шуморида, ҳамаро ба тақдир ҳавола мекунанд. Лекин, то ҷое маълум аст, марги азалӣ ҳасту боз марги нобаҳангом. Инсон махлуқи мухтор офарида шуда, аз беэҳтиётӣ (бо фоҷиае) ва ё масалан, ҳангоми худкушӣ бо марги қасдан ҳалок мегардад. Инсон махлуқи бошуур офарида шудааст, аз он ки дидаву дониста ба оғӯши марг медавад, бояд худро аз ҳар гуна балою офат ҳимоят кунад. Яъне, барои аз беморӣ шифо ёфтан аввал бояд ҳама сабабҳоро риоя намоем, аз дастамон ҳар коре меояд, иҷро кунем. Вале бо вуҷуди андешидани тадбирҳо агар чораи дигар набошаду фавтидем, пас он гоҳ метавон гуфт, тақдир ҳамин будааст.
Мавлоно Ҷаллолидини Балхӣ мефармояд:
Аз ҷаҳони марг сӯи барг рав,
Чун бақо мумкин бувад, фонӣ машав.
Ё шайх Саъдии Шерозӣ фармудаанд:
Гарчӣ кас бе аҷал нахоҳад мурд,
Ту марав дар даҳони аждарҳо.
Пас зарур аст, ки тавсияҳои духтуронро риоя намуда, ниқоб пӯшида, мунтазам дастҳоямонро бо собун шуста, ҳангоми роҳравӣ ва дар суҳбатҳо фосиларо нигоҳ дорем, то аз беморӣ эмин бошем.
Соли 1992, айни авҷи ҷанги шаҳрвандӣ дар ноҳияи Фархор болои мушкилиҳои ҷойдошта боз бемории «шикамдамак» (гелиотропи ҷигар) хурӯҷ карду чанд тан ҳалок гардиданд. Он вақт, дар аввал духтурҳо бемориро дуруст ташхис ва табобат карда натавонистанд. Бинобар ин, дар деҳаҳо ҳар рӯз садои гиряву нола баланд мешуд. Рӯзҳои сахту сиёҳе буданд, он рӯзҳо…
Ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад, ки он замон Раиси тозаинтихобгардидаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъҷилан ба ноҳияи Фархор сафар карда, беморонро аёдат намуданд ва зуд ситоди тиббӣ таъсис доданд. Фавран бо талоши Роҳбари давлат аз хориҷа бо тайёраи калони боркаши ҳарбӣ доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ ворид гардид. (Ин нуктаро соли 2010 генерали артиши Федератсияи Россия Николай Бордюжа, ки бо собиқ вазири мудофиаи Федератсияи Россия генерал П. Грачёв шоҳиди ин ҳодиса будаанд, зимни як вохӯрии корӣ оид ба чораҷӯиҳои Роҳбари давлати Тоҷикистон ба ман нақл карданд. Аз рӯи гуфтаи генерал Н. Бордюжа, баъди чанд сол, лаҳзаҳои пеш аз маргаш, генерал П. Грачёв бо чашмони пурашк он рӯзҳо ва беморонро ба ёд оварда будааст).
Маҳз бо ташкили дурусти кор ва чораҷӯии саривақтии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморон соли 1992 пурра шифо ёфтанд.
Ҳоло, бешубҳа, бемории сироятии коронавирус низ як навъ имтиҳон асту бартараф мегардад. Олимону духтурон дар аксар давлатҳо ба омӯзишу тадқиқот машғуланд. Дер ё зуд ба муқобили беморӣ дорую дармон кашф мегардад. Лекин ҳоло зарур аст, ки якҷо сарҷамъу муттаҳид бошем, ба воҳима наафтем, гуфтаҳои илман асосноки мутахассисонро иҷро намоем, чунки ба гуфти баъзе аз коршиносон, эҳтимолияти паҳншавии мавҷи дуюми беморӣ низ вуҷуд дорад. Ҳар кадомамон, агар имконияту ҳиммат дошта бошем, амалан аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, дар пешгирии паҳншавии вабо ва расонидани кумак ба беморхонаҳо ва табибон саҳм гузорем ва ба оянда бо умед нигарем.
Хайрулло АМОНУЛЛО,
раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия