Понздаҳуми майи соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ва ҳамраиси ҷаласаи мазкур, сардори ҳайати вакилони парламенти Аврупо Андрис Америкс ҷаласаи 10 — уми Кумитаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.
Дилрабо Мансурӣ зимни ифтитоҳи ҷаласа чунин иброз намуд: «Мо мулоқоти имрӯзаро далели таҳкими ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо дар сатҳи дуҷониба ва минтақавӣ мешуморем. Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро барои мусоидат ба таҳаввулоти демократӣ дар кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ ба самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, рушди иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист шарики муҳими байналмилалӣ шуморида, саъй мекунад, ки ҳамкориҳои дарозмуддат ва устуворро дар принсипҳои мутақобила вусъат диҳад. Боварӣ дорам, ки имрӯз мо аз рӯи маҷмӯи масъалаҳои рӯзнома мубодилаи самарабахши афкор хоҳем кард».
Сипас, «Қабули лоиҳаи протоколи ҷаласаи 9-уми Кумитаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки соли 2022 дар Брюссел баргузор гардид», «Вазъи кунунии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо», «Сиёсати минтақавии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ», «Ҳуқуқҳои инсон, волоияти қонун ва сиёсати иҷтимоӣ, аз ҷумла тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодиҳои асосӣ», «Сана ва макони баргузории ҷаласаи 11-уми Кумитаи ҳамкориҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аз лиҳози тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад. Кишвари мо яке аз сарчашмаҳои асосии захираи оби минтақа ба шумор меравад. Қариб нисфи масоҳати кишвар дар баландии 3000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шуда, 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ аз пиряхҳои Тоҷикистон вобастагӣ доранд.
- Обшавии босуръати пиряхҳо, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба амал омада истодааст, ба аҳолӣ ва манбаъҳои об таҳдид мекунад. Зиёда аз 80 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон маҳз бо тағйирёбии иқлим алоқаманд мебошад. Мувофиқи омори расмӣ, тайи 10 соли охир зарари офатҳои табиӣ зиёда аз 600 миллион долларро ташкил дод. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки хисороти солона аз тағйирёбии иқлим аз 50,4 миллион доллари солҳои 2016-2020 метавонад то ба 132,3 миллион доллар дар соли 2030 расад, — гуфт Муҳаммадраҳим Юсуфӣ.
Номбурда, инчунин, дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба мушкилоти обу экология ва дурнамои рушди соҳаи гидроэнергетика дар Тоҷикистон сухан ронда, зикр намуд, ки 98 дарсади истеҳсоли неруи барқ дар кишвари мо ба неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд.
Доир ба масъалаҳои рӯзнома роҳбари ҳайати вакилони парламенти Аврупо Андрис Америкс, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Рустам Раҳматзода маърӯза намуданд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ