Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Дар бораи алоқаи барқӣ қонун қабул шуд

№55 (4638) 20.04.2023

CTX_506519 — уми апрели соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 59 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер Ҳикматулло, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир Мавлодод, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Атоев, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сайфиддин Сироҷзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа се масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудуд­ҳои табиии махсус муҳофизатшаванда».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъалаи якум сухан ба муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Атоев Илҳом дода мешавад. Марҳамат.

Илҳом АТОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар таҳрири нав бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини рақобати озод, рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳо ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ, мусоидат дар таъмини қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби хироҷҳои соҳаи алоқаи барқӣ, истифодабарии имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва татбиқи «ҳукумати электронӣ» ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ пешниҳод гардидааст.

Зарурати дар таҳрири нав қабул намудани қонуни мазкур мутобиқ намудани он ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», сода, оммафаҳм ва мушаххас гардонидани муқаррароти қонунгузорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, пешгирии духӯрагӣ ва аз муқаррароти қонунгузории соҳаи алоқаи барқӣ хориҷ намудани меъёрҳое, ки ба қонунгузории дигар соҳаҳо алоқаманданд, таъмини амнияти иттилоотӣ тавассути соҳаи алоқаи барқӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва умумидавлатӣ, инчунин, пешгирии ҳама гуна кирдорҳои ғайриқонунӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, ба инобат гирифтани манфиатҳои давлат дар самти истифодабарии хизмати алоқаи барқӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ, таъмин ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини сифати баланди хизматрасонии алоқаи барқӣ ба истифодабарандагон, ба таври ройгон анҷом додани бақайдгирии идентификаторҳои воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ, таҳкими хизматрасонии универсалии алоқаи барқӣ, таҳкими ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иҷозатномадор ва истифодабарандагони соҳаи алоқаи барқӣ, таъмини рақобати солим дар соҳаи алоқаи барқӣ ва ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ҳамаи субъектони соҳа, дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ва бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ мебошад.

Бо қабул гардидани қонуни мазкур анҷом додани як қатор корҳо, аз қабили азнавташкилдиҳии равандҳои корӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, зарурати қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии нав ва ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунии амалкунандаи соҳа, хароҷот барои харидорӣ ва васлу насби таҷҳизоти наву муосири техникӣ, дар вақти муайян барои оммафаҳм гардидани муқаррароти лоиҳаи қонуни мазкур ва мавриди корбарии пурра қарор гирифтани он, ба нақша гирифта шудааст.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?

Сухан ба муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дода мешавад. Марҳамат.

Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА: - Тавре аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, зарурати таҳияи қонуни мазкур дар таҳрири нав бо мақсади беҳтар кардани хизматрасонӣ дар самти интернети босуръат ва босифат мебошад. Дар ин самт чӣ кор кардед?

Илҳом АТОЕВ: - Дар қонуни нав моддаи 14 ҷой дода шудааст, ки «Хизматрасонии интернет» ном дорад. Он аз 4 банд иборат буда, таъмин намудани хизматрасониҳо, баланд бардоштани суръат ва сифати интернетро танзим менамояд. Дар се моҳи аввали сипаришудаи соли равон, тибқи фармоиши сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ширкатҳои алоқаи мобилӣ ва интернетпровайдерҳо ситод таъсис ва як қатор корҳо анҷом дода шудааст. Ворид намудани интернети баландсуръат ба кишварро ба 100 гигабайт расондем, ки зарфияташ дар ин шабонарӯз зиёд аст.

Инчунин, ширкатҳое, ки ба тақсими ин намуди алоқаи барқӣ машғуланд, бо иҷозатнома таъмин шудаанд. Марказҳои хизматрасонии харидуфурӯши симкортҳои алоқаи мобилӣ зиёд гардида, барои баланд бардоштани суръати интернети мобилӣ якчанд нақша — чорабиниҳои кӯтоҳмуҳлату миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат тартиб дода, дар семоҳаи аввал аз ҷониби ширкатҳо дастгоҳҳои нав ворид шудааст. Дар шаҳри Душанбе зиёда аз 42 дастгоҳи базавии типи нав насбу васл ва ба кор супорида шуда, зиёда аз 100 истгоҳи базавӣ аз нав таъмир гардида, ин кор ҷараён дорад.

РАИС: — Боз кӣ савол дорад?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода дода мешавад. Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА: — Мо ҳукумати электронӣ мегӯем, аммо банкоматҳо дар кишвари мо ба талабот ҷавобгӯ буда наметавонад. Рӯ ба офтоб насб шуда, кор кардан душвор аст. Сабаб дар чист?

 Дувум, ҳангоми занг задан ба марказҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ вақти зиёд сарф мешавад, аммо бо оператор суҳбат накарда, алоқа қатъ мешавад. Чаро?

Илҳом АТОЕВ: - Мо кӯшиш мекунем бо Бонки миллӣ ва дигар мақомоти марбута дар масъалаи банкоматҳо ҳамкорӣ намуда, мушкилотро бартараф намоем. Масъалаи робита бо марказҳои хизматрасонӣ бисёр муҳим аст ва мо иловатан дар назди Хадамоти алоқа маркази боварӣ бо рақами 221009 таъсис додем. Ин масъаларо боз баррасӣ хоҳем кард.

РАИС: — Боз кӣ савол дорад?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода дода мешавад. Марҳамат.

Гавҳар ШАРОФЗОДА: — Мутаассифона, дар маркази шаҳр сифати алоқа бисёр паст аст. Хусусан онҳое, ки дар хориҷ ҳастанд, мехоҳанд тавассути мессенҷер суҳбат кунанд, аммо дар мо суръат ва сифати интернет паст аст. Шумо гуфтед, ки дастгоҳҳои нав ворид кардед. Онҳо насб шудаанд ё не?

Илҳом АТОЕВ: — Бале, дар ҳудуди шаҳри Душанбе 42 дастгоҳ насб гардидааст, вале кам аст. Шумо суҳбат ба воситаи мессенҷерҳоро дар назар доред, ки ҳангоми набудани истгоҳи базавӣ дар мавқеи техникӣ сифати алоқаи мобилӣ паст мешавад. Дар сурати муроҷиат комиссияи техникӣ камбудиро бартараф менамояд.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон саволи дигар ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Маҳмудзода Музаффарҷон дода мешавад. Марҳамат.

Музаффарҷон МАҲМУДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» дар партави Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 — юми декабри соли 2022 бо мақсади таъмини амнияти иттилоотӣ, рушди соҳа, пешгирии таҳдидҳои нав ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ, бо дарназардошти истифодабарии имкониятҳои технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ, ҷорӣ намудани ҳукумати электронӣ ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд. Лои­ҳаи қонуни мазкур аз 5 боб ва 37 модда иборат буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи алоқаи барқӣ танзим ва кафолати дастрасӣ ба ҳама намудҳои хизматрасонии алоқаи барқӣ, ҷорӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ, таъмини мутобиқати шабакаҳои алоқаи барқӣ бо шабакаҳои байналмилалии алоқaи барқӣ ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатиро васеъ менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои мукаммалсозии он чанд таклиф пешниҳод намуданд ва аз 34 таклиф 21 таклиф қабул, 3-то қисман қабул ва 10 таклиф қабул нагардид. Тағйироти пешниҳодшуда лоиҳаи қонунро мукаммал намуда, онро ба дигар санадҳои қонунгузорӣ мутобиқ месозад.

Лоиҳаи қонуни мазкур тамоми расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузорӣ, инчунин ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикис­тон эътироф намудааст, мутобиқ мебошад ва қабули он аз буҷети давлатӣ маб­лағи иловагиро талаб намекунад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест?

Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» яклухт ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: -Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Шарифзода Ғиёсиддин дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин ШАРИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», ки мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Д.С. Мансурӣ, П. Маликзод ва П. Шодизода дар заминаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Тағйиру иловаҳо асосан ба моддаҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 9, 11, 15 ва 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» дохил карда шуда, ба такмили қонун ва раванди рушди низоми қонунгузории кишвар мусоидат менамояд. Дар моддаи 1, мафҳумҳои таҳсилоти махсус, барномаи таълимии модулӣ, баҳодиҳӣ, модули таълимӣ илова гардида, мафҳуми муассисаҳои таҳсилоти калонсолон мукаммал шудааст.

Баъди баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 66 таклиф пешниҳод намуданд, ки 38 таклиф қабул, 3 таклиф қисман қабул ва 25 – тои он қабул нагардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 33 ва 34 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» моддаҳои дигари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Алишер Ҳикматулло дода мешавад. Марҳамат.

Алишер АЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, Маликзод Парвина Иноятулло ва Шодизода Парвиз Шодибой барои мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи таҳиягардида хусусияти мутобиқгардонӣ дошта, бо мақсади бартараф намудани норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона ва бо мақсади мукаммал гардонидани моддаҳои қонуни амалкунанда ва бо талаботи техникаи қонунгузорӣ мутобиқ гардонидан пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат ­надошта, аз буҷети давлатӣ маблагғузории иловагиро талаб намекунад.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» -ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Гулаҳмадзода Зулфиқор дода мешавад. Марҳамат.

Зулфиқор ГУЛАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Рустам Латифзода, Мирзоанвар Ахмедов, Зоир Раҳмонзода ва Зулфиқор Гулаҳмадзода таҳия ва пешниҳод гардидааст. Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур мушаххас гардонидани як қатор меъёр, мафҳум ва истилоҳу ибораҳои дар қонуни амалкунанда истифодашаванда ба талаботи қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур мафҳуми нав «ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» илова ва мафҳуми «сайёҳии экологӣ» дар таҳрири нав пешниҳод шудааст. Тибқи талаботи моддаҳои 8, 40 ва 83 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», калима ва ибораҳои «табиии солимгардонӣ», «нодир, нобудшаванда ё зери хатари», «осоишӣ, табобатию», «биосфера», «системаҳои», «сайёҳӣ», «ва ё низоми ба мақсадҳои ҳифзи табиат танзимшавандаи истифодаи замин» дар тамоми матни қонун дар як шакл, мутобиқ ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва «Дар бораи сайёҳӣ» ифода шудааст. Қисми 1 моддаи 17, қисми муқаддимавии моддаи 20, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 26 ба назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав ифода гардида, матни моддаҳои мазкур мушаххас шудааст.

Ҳамчунин, ибораҳои «захираи заминҳо», «аҳолии таҳҷоии», «фонди табиӣ», «муқаррарнамудаи минтақаҳо» бо як маъно мутобиқ ба истилоҳоти санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд.

Лоиҳа расмиёти дохилиро дар асоси талаботи Дастури Маҷлиси намояндагон гузашта, дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз 50 таклифи пешниҳодкардаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, 37 таклиф қабул, 4 таклиф қисман қабул ва 9 таклиф қабул нагардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 13 ва 59 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Бо эҳтиром хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мавлодод Абдулқодир Мавлодод дода мешавад. Марҳамат.

Абдулқодир МАВЛОДОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади таъмини устувории мувозинати биологии табиат, ҳифзу нигоҳдории олами ҳайвоноту набототи нодир, экосистемаҳои хоси табиӣ, мониторинги биологӣ, ёдгориҳои табиию таърихӣ, рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва амалисозии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба таҳлилу баҳодиҳии равандҳои таъсиррасон ба экосистемаҳои табиӣ таъсис дода мешаванд ва фаъолияти онро дар маҷмӯъ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» танзим менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» дар маҷмӯъ хусусияти таҳрирӣ дошта, барои ҳаммаъно гардонидани як қатор мафҳумҳо, истилоҳу ибораҳои дар қонуни амалкунанда истифодашаванда ва мушаххас намудани матни моддаҳои қонуни амалкунанда равона гардидааст.

Хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»-ро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани ­тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои фаъол буданатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ