Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Дар бораи гарави молу мулки манқул қонун қабул гардид

№127 - 128 (3921 - 22) 20.10.2018

Инчунин, вобаста ба тасдиқи он ба як қатор қонунҳои амалкунанда тағйироту иловаҳо ворид карда шуд

DSC_6577Ҳабдаҳуми октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум баргузор шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 56 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ­«Авесто Гурӯҳ» ва Ширкати «Ulasim le Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi»-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва таъсиси маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми II»

9. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

12. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто гурӯҳ» ва Ширкати «Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi»-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва таъсиси маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Созишномаи зикршуда бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул дониста шуда, 9 августи соли 2018 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба имзо расидааст.

Мутобиқи созишнома, корхонаи нави истеҳсоли автобусҳо бо иқтидори 250-300 адад дар як сол бунёд ва дар он барои 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ ташкил карда мешавад. Корхона  дар тӯли як сол бо харҷи 20 миллион доллари амрикоӣ сохта хоҳад шуд. Дар назар аст, ки баъди ба кор шурӯъ намудани хати истеҳсолӣ дар он автобус, микроавтобус ва мошинҳои боркаш истеҳсол карда мешаванд.

Айни замон бо мақсади нигоҳдории воситаҳои нақлиёти истеҳсолшаванда маркази хизматрасонии техникии замонавӣ бо пешниҳоди хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла, ташхиси компютерӣ, таъмири автобусҳои истеҳсолкунанда, таъминот бо қисмҳои эҳтиётии босифат ва фармоиши онҳо дар реҷаи мустақим (онлайн), инчунин, ташкили хизматрасонии техникии сайёр таъсис шудааст. Маҳсулоти дар корхона истеҳсолшаванда маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қарори пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода дода мешавад.

ШАРИФӢ Фирӯза Бурихонзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ширкати «Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi»-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва таъсиси маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод гардидааст.

Он тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ», ба амалигардонии фаъолияти сармоягузорӣ, ба роҳ мондани истеҳсолот, мусоидат ба содирот, воридотивазкунӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ равона шудааст. Бо мақсади азнавсозии парки техникии шаҳри Душанбе барои харидории 200 адад автобуси тамғаи «AKIA», бо дарназар­дошти бандубасти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати туркии зикргардида шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳаҷми сармоягузорӣ ҷиҳати татбиқи пурраи лоиҳаи банақшагирифта 20 млн. доллари ИМА-ро дар бар гирифта, бо ҳиссаи баробар, яъне Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» 50 фоиз ва Ширкати «Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi»-и Ҷумҳурии Туркия 50 фоизро ташкил медиҳад.

Сохтмони корхонаи истеҳсоли воситаҳои нақлиёти мусофирбарии ҷамъиятию боркаш ва таъсиси маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто автоматив индастри» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сити сервис ЛТД» сурат мегирад.

Илова бар ин, мутахассисони дар бандубаст фаъолияткунанда барои баланд бардоштани савия ва омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар гардида, аз рафти истеҳсолоти аввал то ба охир расонидани истеҳсоли автобусҳо ва дигар намуди воситаҳои нақлиёт дониш андӯхта истодаанд.

Бо мақсади нигоҳдории дурус­ти техникии воситаҳои нақлиёти истеҳсолшаванда маркази хизмат­расонии техникии замонавӣ бо пешниҳоди хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла, ташхиси компютерӣ, таъмири автобусҳои истеҳсолшаванда, таъминот бо қисмҳои эҳтиётии босифат, кафолатнок ва фармоиши онлайни онҳо, инчунин, ташкили хизматрасонии техникии сайёр, таъсис дода мешавад. Фаъолияти корхонаи истеҳсолӣ ба қонеъ намудани талаботи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти маҳсулоти он ба кишварҳои минтақа нигаронида шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон тасдиқ намудани созишномаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 11 октябри соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид. Аз шумо хоҳиш мекунам онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ин ҷо директори генералии Ширкати муштараки «Сити сервис ЛТД» Сулаймонов Эраҷ иштирок дорад. Муҳтарам Сулаймонов, дар хусуси ин масъала чӣ гуфтанӣ ҳастед?

Эраҷ СУЛАЙМОНОВ:

- Муҳтарам Раис! Ширкати мо 30 майи соли ҷорӣ фаъолиятро барои хизматрасонии автобусҳое, ки дар шаҳри Душанбе ба мусофиркашонӣ машғуланд, оғоз намуд. Ҳоло ба нақлиёти дигар низ хизмат расонида мешавад. Дар хатсайрҳои пойтахт 117 автобус мусофир мекашонад ва то охири сол теъдоди он ба 200 адад расонида мешавад.

РАИС: — Дар толор директори иҷроияи ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» Бурҳонзода Зафар Шарифӣ ҳузур дорад. Суханро ба ӯ медиҳем.

БУРҲОНЗОДА Зафар Шарифӣ:

- Муҳтарам Раис! Он тасмиме, ки бо шарикон дар бораи истеҳсоли автобусҳо гирифтем, қатъӣ буда, хизматрасонии пешниҳодшаванда ҷавобгӯйи талаботи меъёрҳои муқаррарнамуда мебошад. Дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхона кӯшиш менамоем, ки тамоми талаботи байналмилалӣ риоя карда шавад. Ҳоло сохтмони корхона идома дорад ва он сари вақт анҷом меёбад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» ва Ширкати «Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi»-и Ҷумҳурии Туркия оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли нақлиёти мусофирбари ҷамъиятию боркаш ва таъсиси маркази хизматрасонии техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ҳаёти иқтисодии замони муосир босуръат ташаккул ёфта, ҳар чӣ зудтар мутобиқкунии меъёрҳои танзимкунандаро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, бо мақсади беҳтар намудани фазои муносибатҳои пулию молии байни субъектон, дастгирӣ ва мусоидат ба фаъолияти қарздиҳӣ ва ба ин васила мусоидат ба рушди иқтисодӣ, ислоҳот вобаста ба ҷорӣ намудани падидаи «уҳдадориҳои таъминшуда» дар заминаи такмили меъёрҳои ҳуқуқии гарави молу мулки манқул роҳандозӣ карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» дар доираи ислоҳоти мазкур, тибқи супориши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2015, №34107 (13-2) ва протоколҳои ҷаласаҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҳамчун идомаи мантиқии раванди ислоҳот барои беҳтар гардидани мавқеи кишвар дар ҳисоботи Бонки умумиҷаҳонӣ таҳти унвони «Пешбурди соҳибкорӣ», аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ бо ҳамоҳангсозии Бонки миллии Тоҷикистон ва иштироки коршиносони байналмилалӣ дар таҳрири нав таҳия ва ба шумо пешниҳод гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур, ҳамчунин, вазифаҳоеро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 вобаста ба такмили қонунгузории соҳаи бонкӣ ва бо мақсади солимгардонии ташкилотҳои қарзӣ дар вазъи буҳрони молиявӣ дарҷ гардидаанд, амалӣ ва иҷрои Матритсаи Барномаи Бонки умумиҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба маб­лағгузории сиёсати рушд таъмин менамояд.

Боиси тазаккур аст, ки лоиҳаи қонун аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравӣ, ки давоми солҳои 2015-2018 чандин ҷаласаи байниидоравӣ даъват ва вохӯрӣ бо коршиносони байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои заруриро доир намуд, дар заминаи Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул» аз 1-уми марти соли 2005 ва такмили назарраси он, дар таҳрири нав, иборат аз 6 боб ва 63 модда омода ва пешниҳод гардидааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки муносибатҳои иқтисодии инкишоф­ёбанда дар як вақт муносибатҳои пулию қарзии байни субъектонро серпаҳлу ва мураккаб намуд ва меъёрҳои Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул» ҳуқуқу манфиатҳои субъектони алоҳидаро ҳангоми сармоягузорӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин карда натавонист. Алалхусус, вобаста ба масъалаҳои мавҷудияти гаравгирони як молу мулк, муқаррар ва қонеъ намудани талаботи онҳо, ба фурӯш баровардани молу мулки манқули багаравгузошташуда мушкилиҳо ба вуҷуд омаданд. Ҳамчунин, ҳимояи манфиатҳои кредиторон, ки бо пулу мол ба иқтисодиёти кишвар сармоягузорӣ менамоянд, мушкил гардида, ҷараёни рӯёнидани маблағҳои қарзӣ, баррасии баҳсҳо тӯлонӣ ва серхароҷот гардиданд. Чунин ҳолат манфиатдории кредиторонро барои сармоягузорӣ коҳиш дода, боварии онҳоро ба ҳуқуқу манфиатҳои худ коста менамояд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшаванда мушкилиҳои дар муносибатҳои иқтисодӣ ҷойдоштаро то андозае бартараф намуда, барои рушди муносибатҳои пулию қарзӣ, аз ҷумла устувор гардидани низоми бонкӣ, ки механизми асосии маблағгузории қарзӣ ба шумор меравад, мусоидат хоҳад намуд.

Ғояи асосии лоиҳаи қонуни мазкур пешбинӣ намудани таъминоти ҳуқуқҳои кредиторҳо дар муносибатҳои алоҳида, инчунин, барои ҳамаи уҳдадориҳои таъминшуда (гарав, лизинг, фурӯши мол бо нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият, комиссия, ҳабси молу мулк ва дигар намудҳо), новобаста аз шакл ва намуди шартномаҳо муқаррар намудани ҳолати ҳуқуқии баробар ва қоидаҳои ҳамоҳангшудаи танзим мебошад. Дар робита ба ин, лоиҳаи қонун пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшударо мутобиқи технологияҳои муосир пешбинӣ менамояд ва боби 2-юми лоиҳаи қонун пешбурд ва истифодаи феҳрасти мазкур, инчунин бақайд­гирии огоҳиномаҳоро муфассал танзим менамояд. Дар фарқ аз Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравии амалкунанда, ки бинобар мушкилиҳои дастрасӣ ба он кори фаъол ва ҷоннок надошт, Феҳрасти бо лоиҳа пешниҳодшаванда дар заминаи интернет – технологияҳои муосир пеш бурда шуда, бо фаъолияти мунтазам дар шабакаи глобалии интернет дастрас мебошад. Ҳамчунин, феҳрасти мазкур хислати универсалӣ касб намуда, доираи истифодабарандагони он бо шомил намудани кредитороне, ки дар доираи уҳдадориҳои таъминшуда молу мулки манқули худро барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии дигар шахсон додаанд, васеъ мегардад. Аз ин рӯ, феҳрас­ти бо лоиҳаи қонун пешбинишуда, бинобар васеъ гардидани намудҳои муносибатҳо, шаффофиятро пурзӯр карда, низоми дахлдори афзалиятҳоро дар байни гарониҳо (маҳдудиятҳо), ба монанди гарав, лизинг, нигоҳдории мол, ҳабси молу мулки манқул ва ба ин монанд, таъмин менамояд.

Инчунин, феҳрасти ягонаи электронӣ аз нуқтаи назари ҷуғрофӣ ва навъи дороӣ муттаҳид гардида, низоми иттилоотии электронии бақайдгирии қарздоронро таъмин ва ҳуқуқи афзалиятноки кредиторони тавассути бақайдгирӣ дар феҳраст таъминшударо муқаррар менамояд. Минбаъд, бартарии кредиторон аз рӯи навбати бақайдгирӣ дар феҳрасти электронӣ муайян карда мешавад.

Тибқи лоиҳаи қонун, тартиби бақайдгирии огоҳиномаҳои гарав ва пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар заминаи чунин муқаррароти ҳуқуқӣ, муносибатҳои иқтисодии субъектон, алалхусус муносибатҳои пулию қарзӣ, устувор гардида, фазои ҳуқуқӣ ва иқтисодии кишвар барои сармоягузорӣ беҳтар мешавад. Дар натиҷа, дастрасии аҳолӣ ва соҳибкории хурду миёна ба маблағгузории қарзӣ бештар мегардад, ки барои рушди иқтисодӣ хеле муҳим мебошад.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонун механизмҳои нисбатан содакардашудаи ҳимояи ҳуқуқ ва рӯёниданро аз предмети таъминот тавассути навиштаҷоти иҷроияи нотариуси давлатӣ ва қарори суд пешбинӣ менамояд, зеро талаботи гаравгир нисбат ба гаравдеҳ, ки аз муносибатҳои пулию қарзии онҳо бармеояд, бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ тасдиқ шуда, зарурати оғоз намудани мурофиаи даъвогӣ ва исботкунии иловагии талаботи тасдиқшуда дар доираи он кори зиёдатӣ буд. Чунин механизмҳои пешниҳодшаванда имкон медиҳанд, ки расмиёти рӯёнидан аз ҳисоби предмети таъминот нисбатан сода ва дар муҳлати кӯтоҳ амалӣ ва хароҷоти зиёдатии кредитор, ки дар натиҷаи оғози мурофиаи даъвогӣ ҷой дошт, коҳиш дода шавад. Дар робита ба ин, боби лоиҳаи қонун оид ба рӯёнидан аз ҳисоби молу мулки гарав (боби 4), дар заминаи муқаррароти боби дахлдори Қонуни амалкунанда «Дар бораи гарави молу мулки манқул» таҷдиди назаррас шудааст.

Бо лоиҳаи қонуни мазкур, ҳамчунин, тартиби фурӯши молу мулки манқул аз ҷониби гаравгир дар боби 5 муфассал танзим ва навбати қонеъгардонии талаботи гаравгирон дар боби алоҳида дақиқ муқаррар карда шуд. Мутобиқи боби мазкур, навбати қонеъгардонии талаботи кредиторон аз худи ҳамон як молу мулк бо санаи бақайдгирии огоҳиномаи гарави дахлдор дар Феҳрасти ягонаи давлатӣ ва дар сурати набудани чунин бақайдгирӣ бо санаи баста шудани шартномаи дахлдор муқаррар карда мешавад. Дар сурати мавҷуд будани талаботи якчанд кредитор нисбат ба ҳамон як молу мулк, афзалият дар навбат ба гарави бақайдгирифташуда дода мешавад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки бо лоиҳаи қонуни мазкур ҳамчунин, меъёрҳои дигари Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул» аз 1-уми марти соли 2005 аз лиҳози имлоӣ, техникаи ҳуқуқӣ, пайдарҳамии меъёрҳо, мутобиқати онҳо ба қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҷдиди назар ва таҳрир карда, такмил дода шуд.

Қабули лоиҳаи қонуни шуда, инчунин, имкониятҳои зеринро фароҳам меорад:

- низоми шаффоф, дақиқ ва даст­раси навбати кредиторон ва афзалияти онҳо дар навбат ташкил мегардад;

- феҳрасти бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда дар асоси модели электронӣ – «лавҳаи эълонҳо» яъне, ташкили интернет-платформаи ягона, ки ба он кредиторон огоҳиномаҳоро дар бораи гарониҳо (уҳдадориҳои таъминшуда) бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамоянд, ба роҳ монда мешавад;

- муҳлати баррасии талаботи кредиторон оид ба рӯёнидан аз ҳисоби предмети таъминот, ки чандин моҳ тӯл мекашид, ба таври назаррас ихтисор мегардад;

- молу мулки манқул, аз ҷумла, майдаи маишӣ, бинобар устувор гардидани қобилияти таъминотии он ҳар чӣ бештар ба муомилот ҷалб карда мешавад;

- раванди барасмиятдарорӣ, огоҳкунӣ, муайян намудани навбати кредиторон ва бартарият, рӯёниш ҳангоми гарави молу мулки манқул шаффоф ва сода карда мешавад;

- дар заминаи шаффофияти таъминшаванда, имконияти ҳар гуна суиистифода дар муомилоти молу мулки манқул пешгирӣ ва то ҳадди имкон аз байн бурда мешавад;

- махзани ягонаи маълумот оид ба гардиши молу мулки манқул дар муомилот ба сифати таъминот, ки барои ҳамаи иштирокчиёни муомилоти иқтисодӣ ҳамчун оинаи шаффофи дастрас хизмат менамояд, ҷорӣ карда мешавад;

- молу мулки манқул ҳамчун воситаи таъминот барои сармоягузорон, аз ҷумла, қарздеҳон, ҷолиби таваҷҷуҳ мегардад.

Маблағгузории барномаи Феҳрас­ти ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда ва дигар хароҷоти вобаста ба татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур, тибқи шартнома, аз ҷониби Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ амалӣ гардида истодааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, такмил ёфт.

Лоиҳаи пешниҳодгардида санади ҳуқуқии асосии ислоҳот вобаста ба ҷорӣ намудани падидаи «уҳдадориҳои таъминшуда» буда, бо қабули он тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдори дигар низ, аз қабили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лизинг», «Дар бораи муфлисшавӣ», «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», кодексҳои гражданӣ (қисмҳои 1 ва 2), Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси мурофиавии гражданӣ, Кодекс дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ ворид карда мешаванд.

Лоиҳаҳои қонунҳои мазкур дар заминаи падидаҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуда, инчунин, таҷрибаи дар соҳаҳои алоҳида ташаккулёфта, бо дарназардошти амалияи хуби байналмилалӣ таҳия гардида, меъёрҳои парешони қонунгузориро сарҷамъ менамояд ва барои бо маълумот дар бораи молу мулки манқули таъминотӣ сари вақт таъмин гардидани кредиторон имконият медиҳад. Қабули лоиҳаҳои қонунҳои мазкур масъулияти қарздоронро барои иҷрои саривақтии уҳдадориҳои пулию молиашон баланд бардошта, мувозинати ҳуқуқу манфиатҳои кредиторон ва қарздоронро таъмин мекунад. Махсусан ба ҳолати молиявии ташкилотҳои қарзӣ таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Ҳамзамон, анҷом додани ислоҳот вобаста ба ҷорӣ намудани падидаи «уҳдадориҳои таъминшуда» ва дар робита ба он қабул намудани лоиҳаи қонуни мазкур, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳисоботи Бонки умумиҷаҳонӣ таҳти унвони «Пешбурди соҳибкорӣ» якчанд зина боло мебардорад, ки дар натиҷа, эътибори (рейтинги) кишвар дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам беҳтар мегардад.

Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Раис: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

Назирӣ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ғояи асосии он таъмини танзими ҳуқуқии якхела барои ҳама намуди таъминот, аз ҷумла, гарав, иҷораи молиявӣ (лизинг), фурӯш бо нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият, комиссия, ҳабси молу мулк ва ғайра мебошад. Минбаъд, бартарӣ байни кредиторон аз рӯи қоидаҳои умумӣ, «Якум дар бақайдгирӣ – якум дар бартарият» муайян карда мешавад ва дар ин замина бартарӣ ба кредиторе дода мешавад, ки таъминоти худро дар Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминотии электронӣ ба қайд гирифтааст.

Бақайдгирии хабарномаҳо дар бораи гарониҳои молу мулки манқул шарти асосӣ барои муқаррар намудани бартарӣ мебошад ва барои огоҳ намудани ин шахсон аз мавҷуд будани ҳуқуқҳои эҳтимолии кредиторон замина мегардад.

Лоиҳаи қонун аз 6 боб ва 63 модда иборат буда, ба он 5 мафҳуми нав, моддаи 2, моддаи 14, 2 боби нав, аз ҷумла, Бақайдгирии огоҳиномаи гарав, илова карда шудааст.

Яке аз мақсадҳои асосии лоиҳаи қонуни мазкур ташкили Феҳрасти ягонаи давлатӣ мутобиқи технологияҳои муосир мебошад. Дар фарқ аз Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гаравии амалкунанда, Феҳрасти тибқи лоиҳаи қонун амалишаванда дар заминаи барномаҳои махсуси электронӣ пеш бурда шуда, маълумот вобаста ба гарави молу мулки манқул дар шабакаи глобалии интернет барои истифодабарандагони чунин маълумот, тибқи қонунгузории кишвар, дастрас мебошад.

Феҳрасти гарави муосири электронӣ қайди хабарномаҳо, бартарият аз рӯи вақти қайд, дастрас будани феҳраст, ихтиёрӣ будани қайдкунӣ, қайди шартномаҳо ва ҷузъиёти молу мулк, фардикунонӣ бо истифодаи ҷузъиёти молу мулк, воситаҳои фардикунонии шахс ва монанди инҳоро таъмин менамояд.

Ҳамчунин, феҳрасти мазкур хислати универсалӣ касб намуда, доираи истифодабарандагони он бо шомил намудани кредитороне, ки молу мулки манқули худро барои соҳибӣ ва истифодабарии муваққатии шахсони дигар додаанд, васеъ мегардад. Аз ин рӯ, феҳрасти тибқи лоиҳаи қонун пешбинишуда, бо назардошти тағйирёбии технологияҳо ва васеъ гардидани намудҳои муносибатҳои иқтисодӣ, шаффофиятро дар бозор пурзӯр карда, низоми дахлдори афзалиятҳои гуногуни гарониҳоро таъмин менамояд. Дар ин замина, дастрасии аҳолӣ ва соҳибкории хурду миёна ба маблағгузорӣ бештар гардида, фазои сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя ба кишвар беҳтар мешавад, ки дар шароити коҳиш ёфтани интиқоли маблағҳо хеле муҳим мебошад.

Бо қабули лоиҳаи қонуни мазкур натиҷаҳои зеринро ноил шудан мумкин аст:

1. Таъмини замина ва шароити мусоид барои ба сифати таъминот ҳар чӣ бештар ҷалб гардидани молу мулки манқул;

2. Сода ва шаффоф гардонидани раванди барасмиятдарорӣ, огоҳкунӣ, муайян намудани навбати кредиторон ва бартарият, рӯёниш аз ҳисоби гарави молу мулки манқул;

3. Пешгирӣ ва то ҳадди имкон аз байн бурдани суиистифода аз номукаммалии танзими ҳуқуқии гарави молу мулки манқул;

4. Мавриди ҳимояи якранг қарор додани манфиатҳои ҳамаи кредитороне, ки ҳуқуқи талаби худро бо ин ё он тарзи таъминоти иҷрои уҳдадорӣ таъмин намудаанд, вале механизми танзими онҳо айни замон номукаммал боқӣ мемонад;

5. Ҷорӣ намудани махзани ягонаи маълумот оид ба гардиши молу мулки манқул дар муомилот ба сифати таъминот, ки барои ҳамаи иштирокчиёни муомилоти иқтисодӣ ҳамчун оинаи шаффофи дастрас хизмат менамояд;

6. Диққатҷалбкунанда намудани молу мулки манқул ҳамчун воситаи таъминот барои кредиторон, алалхусус, кредитороне, ки ба фаъолияти сармоягузорӣ ва қарздиҳӣ машғуланд;

7. Мавриди истифода қарор гирифтани механизмҳои нисбатан содаи ҳифзи ҳуқуқи кредитор, ки бо кам намудани муҳлати ҳифзи ҳуқуқ ба манфиатҳои моддии кредитор мусоидат хоҳад намуд;

8. Бештар намудани фаъолнокии иштирокчиёни муомилоти гражданӣ дар ҳалли тақдири муносибати худ ба молумулк ва манфиатҳои молумулкӣ, ки бешубҳа, барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.

Бақайдгирӣ дар феҳрасти мазкур ихтиёрӣ буда, аз ҷониби кредиторон бо мақсади ҳифзи манфиатҳои худ амалӣ карда мешавад.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон ҷонибдорӣ ва ҳамчунин, баҳри такмили он 62 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 40 ададаш қабул гардид.

Аз ҷумла, дебоча, сархати якум, даҳум, чордаҳум, шонздаҳум, ҳабдаҳуми моддаи 1, қисми 1 моддаи 2, ном ва қисми 2 моддаи 4, қисми 10 моддаи 8, қисми 1 моддаи 15, қисмҳои 6 ва 7 моддаи 19, қисми 1 ва сархати сеюми қисми 2 моддаи 24, қисми 4 моддаи 29, матни моддаи 30, қисми 2 ва 3 моддаи 37, сархати дуюми моддаи 39, қисми 3 моддаи 43, қисми 1 моддаи 48, қисми 2 моддаи 58 аз нав таҳрир карда, қисми 1 моддаи 31 ба моддаи 1 ҳамчун сархати панҷум ва қисми 2 моддаи 63 ба моддаи 2 ҳамчун қисми 3 оварда шуд.

Инчунин, дар лоиҳаи қонун хатоҳои имлоию техникӣ ислоҳ карда шуданд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан ба вакил Раҷабов Равшан дода мешавад.

Равшан РАҶАБОВ: - Ман ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон савол дорам. Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда, ки дар лоиҳа пешниҳод шудааст, аз Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои гарави амволи манқули дар қонуни амалкунанда мавҷуда чӣ фарқ дорад. Бартарии он дар чист?

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Ман дар суханрониам аз ин хусус муфассал маълумот додам. Яке аз бартариҳои он аз байн рафтани маълумоти коғазӣ дар бораи гараву уҳдадориҳои кредиторон буда, бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ шаффофу сода ба тариқи онлайн пешниҳод шудани ҳама маълумоти зарурӣ мебошад, ки аз он метавонад ҳар каси хоҳишманд истифода намояд.

РАИС: - Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод ба ҷаласа даъват шудаанд. Аз ин рӯ, дар хусуси масъалаи аз ҷониби вакил Раҷабов Равшан бамиён­гузошта сухан ба вазири адлия дода мешавад.

Рустам ШОҲМУРОД:

- Муҳтарам Раис!

Саволи вакил бамаврид мебошад. Дар ҳақиқат, то ҳол Вазорати адлия Феҳрасти гарави амволи манқулро пеш мебурд, ки дар он танҳо дар бораи уҳдадориҳои гаравӣ сухан мерафт. Ҳоло муҳтавои он васеъ гардида, Феҳрасти уҳдадориҳои таъминшуда ном гирифтааст.

Ман таваҷҷуҳи шуморо ба қисми чоруми моддаи 19 ҷалб карданиям, ки дар он, аз ҷумла, аз хусуси махзани электронии тамоми маълумоти пешниҳодгардида сухан меравад ва раиси Бонки миллӣ низ онро таъкид доштанд.

РАИС: — Сухан ба вакил Саидов Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед САИДОВ: — Ҳангоми мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур мушкилоти то ин дам мавҷудаи муайян кардани арзиши воқеии иншооти гарав оё аз байн меравад? Зеро масъалаи мазкур тайи солҳои охир боиси пайдо шудани мушкилоти зиёд гардида буд.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Воқеан ҳам нархгузории амвол яке аз мушкилоти рӯз маҳсуб меёбад. Ҳоло дар бонкҳо ба маблағи қариб сеюним миллард сомонӣ гарав барои бозфурӯшӣ гирифта шудааст. Умуман, фурӯхтани амволи гарав яке аз масъалаҳои ҳалталаб мебошанд. Нархҳое, ки, фаразан, соли 2015 ба амволи гарав ­гузошта шудаанд, ба шароити имрӯза мувофиқат намекунанд.

Бинобар ин, мо, бо дарназар­дошти мушкилоти бамиёномада, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда тағйиру иловаҳоро омода карда истодаем. Ба ин хотир, ҳоло мо таҷрибаи кишварҳои дигар, аз ҷумла Федератсияи Россияро, мавриди омӯзиш қарор додаем.

РАИС: — Боз кӣ савол дорад? Кӣ сухан гуфтан мехоҳад?

Сухан ба вакил Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад.

УСМОНЗОДА Саидҷаъфар Усмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Дар заминаи такмили назаррас лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи гарави молу мулки манқул» омода гардида, вазифаҳои зеринро таъмин менамояд:

- ҷорӣ намудани вазъи ҳуқуқии баробари ҳамаи намудҳои муносибатҳои молумулкии ба сифати таъминот истифодашаванда, новобаста аз шакл ва намуди шартномаи дахлдор;

- ташкили низоми шаффоф, дақиқ ва дастраси навбати бартарияти кредиторон, ки ба ҳамаи кредиторон аз рӯи принсипи «Якум аз вақти бақайдгирӣ — якум аз рӯи бартарият» паҳн мегардад;

- навсозии феҳрасти гарави амволи манқул дар асоси модели электронӣ — «лавҳаи эълонҳо», яъне, ташкили интернет — платформаи ягона, ки ба он кредиторон мустақилона ва ихтиёрӣ огоҳиномаҳоро ворид менамоянд;

- ташкили механизми баррасии босуръати талаботи кредиторон оид ба рӯёнидан аз ҳисоби предмети таъминот.

Ғояи асосии он таъмини танзими ҳуқуқии якхела барои ҳама намуди таъминот, аз ҷумла, гарав, иҷораи молиявӣ (лизинг), фурӯш бо нигоҳ доштани ҳуқуқи моликият, комиссия, ҳабси молу мулк ва дигар намуди таъминот мебошад. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Яке аз ҳадафҳои лоиҳаи қонуни мазкур ба танзим даровардани низоми қарздиҳӣ аз тарафи бонкҳо ба шумор меравад. Субъектҳои муносибатҳои гаравӣ (моддаи 4) гаравдеҳон ва гаравгирон мебошанд, ки онҳо давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ буда метавонанд. Гарав дар асоси қонун ё шартнома (шартномаи гаравӣ) мутобиқи муқаррароти Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонуни мазкур байни гаравдеҳ ва гаравгир басташуда ба миён меояд.

Шакл ва мундариҷаи шартномаи гарави молу мулки манқул ба таври хаттӣ (моддаи 8) бо роҳи таҳияи ҳуҷҷате, ки тарафҳо имзо кардаанд, бояд баста шавад. Агар гарав уҳдадориҳоро аз рӯи шартномаи ба таври нотариалӣ тасдиқшаванда тасдиқ кунад, он гоҳ ҳамаи созишномаҳои пешниҳодшуда низ дар шартномаи гарав бо таври нотариалӣ тасдиқ карда мешавад. Риоя накардани он боиси беэътибор гардидани шартномаи гарав мегардад.

Дар моддаи 9 аз хусуси гарави такрорӣ сухан меравад, ки боиси зикр аст. Тибқи он, молу мулке, ки ҷиҳати таъмини иҷрои як уҳдадорӣ (гарави ибтидоӣ) ба гарав гузошта шудааст, метавонад барои таъмини иҷрои уҳдадории дигар (гарави минбаъда) пешниҳод карда шавад.

Нигоҳдорӣ ва таъмири молу мулки ба гарав гузошташуда низ дар лоиҳаи қонун инъикос шудааст. Гаравдеҳ уҳдадор аст, ки молу мулки багаравгузоштаро коршоям нигоҳ дорад, хароҷоташро пардохт кунад. Гаравгир бошад, ҳуқуқ дорад ин ҳолатро мавриди санҷиш қарор диҳад.

Пешбурди Феҳрасти ягонаи давлатӣ, ки тибқи қонун сурат мегирад, имкон медиҳад қарзгир ба хатоҳои ҷиддие, ки боиси сар задани ҷиноят мегарданд, роҳ надиҳад.

Дар охир якчанд пешниҳод дорам:

Забони лоиҳаи қонун басо мураккаб мебошад. Барои оммафаҳм шуданашон он бояд аз тарафи муаллифон шарҳу эзоҳ дода шавад. Ҳамчунин, бо дарназардошти муҳимияти қонун хуб мебуд, ки мутахассисон мазмун ва моҳияти онро аз тариқи радио ва телевизион шарҳу эзоҳ медоданд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан оид ба ин масъала ба вакил Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд!

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум таъкид намуданд, меъёрҳои қонун бо дарназардошти инкишофи соҳаҳои гуногуни ҷомеа бояд ба талаби замон ҷавобгӯй ва амалишаванда бошанд. Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» инкишофи муносибатҳои нави иқтисодӣ ба назар гирифта шудааст.

Лоиҳаи қонун назар ба қонуни амалкунанда афзалияти зиёд дорад ва аз ин хусус раиси Бонки миллӣ ва намояндаи кумитаи ­масъул батафсил маълумот доданд. Хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда, пас аз он яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» бо мақсади роҳандозӣ намудани ислоҳот дар самти уҳдадориҳои таъминшуда ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» (дар таҳрири нав), ки имрӯз аз ҷониби шумо қабул гардид, таҳия шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

- бо дархости кредитори таъминшуда аз ҷониби суд қабул намудани таъинот дар бораи аз моратория хориҷ намудани уҳдадориҳои пулии шахси муфлисшуда, ки дар асоси он молу мулк ба фоидаи чунин кредитор ҳамчун таъминот пешниҳод шудааст (моддаи 53);

- ба қонуни мазкур моддаи 771 илова гардида, тибқи он дар раванди муфлисшавӣ ҷудо намудани молу мулки манқули қарздор, ки ба сифати таъминот (гарав, лизинг ва ба ин монанд) пешниҳод шудааст, ба кредитори таъминшуда барои фурӯш дода мешавад. Инчунин, уҳдадории кредитори таъминшуда ҳангоми фурӯши предмети таъминот, тартиби пардохти маблағи аз фурӯш бадастомада ва дигар масъалаҳо танзим карда шудаанд;

- моддаи 78 такмил дода шуда, навбати қонеъгардонии талаботи кредиторон, аз ҷумла афзалияти (дар навбати аввал) қонеъгардонии талаботи кредиторони таъминшударо (ки дар Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда ҳуқуқи талаби худро ба қайд гирифтааст), пешбинӣ менамояд.

Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.

АКРАМЗОДА Баҳодур Исмоил:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқ намудани он ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия гардидааст. Вобаста ба ин, пешниҳод карда мешавад, ки ба моддаи 53-юми қонун қисми 6, моддаи 771 илова шуда, моддаи 78 аз нав таҳрир гардад.

Лоиҳаи қонуни мазкур барои таъмини ҳифзи манфиатҳои амонатгузорон дар ташкилотҳои қарзӣ пешбинӣ шудааст. Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ карда, шаш таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 4-тояш қабул шуд. Аз шумо хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Кӣ савол дорад? Сухан ба вакил Муртазозода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА:

- Тартиби пардохти маблағи кредитор чӣ гуна сурат мегирад?

Рустам ШОҲМУРОД: — Ҳоло пардохти қарзҳои таъминшуда каме тағйир ёфтааст. Дар қонуни амалкунанда агар амволи ба гаравгузошташуда ҳамин уҳдадориҳои қарздорро напӯшонад, кредитор ҳуқуқ дошт аз дигар амволи қарздор тариқи умумӣ уҳдадориҳои хешро пайгирӣ намояд. Ҳоло ин тартиб каме тағйир ёфта, ин ҳуқуқ ба дигар амволи қарздор низ паҳн карда шудааст. Мақсади асосӣ пешниҳод намудани кафолатҳои бештар ба сармоягузорон мебошад.

РАИС: — Сухан ба Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло:

- Муҳтарам Раис! Ман ба суханони вазири адлия ҳаминро илова карданиям, ки лоиҳаи пешниҳодшуда аз қонуни чанд лаҳза пештар қабулкарда бармеояд. Он ҷо ин масъала хеле содаю равон баён шудааст. Молу мулки барои гарав гузошташуда агар барои иҷрои уҳдадориҳо фурӯхта шавад, молу мулке, ки ба гаравгир дода мешавад, танҳо ба молу мулке дахл дорад, ки ба гарав гузошта шудааст. Агар маблағи қарз боқӣ монад, он аз молу мулки дигари қарздор ситонида мешавад. Он дар навбати аввал не, балки дар маҷмӯъ аз молу мулки қарздор ситонида хоҳад шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Зарурати омода намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», пеш аз ҳама, аз мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи тавсияҳои 10, 11 ва 24 Гурӯҳи тат­биқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», инчунин бартараф намудани камбудиву норасоиҳое, ки дар натиҷаи гузаронидани худбаҳодиҳии мутобиқати техникии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур ошкор шудаанд, иборат мебошад. Бо ин мақсад ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шуд. Аз ҷумла:

Дар моддаи 1-уми қонун мафҳуми молик-бенефитсиар тибқи талаботи луғати тавсияҳои ФАТФ оварда шудааст.

Инчунин, дар банди 7) қисми 1 ва банди 6) қисми 3-юми моддаи 8-уми қонун тағйирот дароварда шуда, дар натиҷа дар Феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар баробари маълумот дар бораи муассисон ва роҳбари шахси ҳуқуқӣ, инчунин нишон додани маълумот дар бораи молик-бенефитсиари шахсони ҳуқуқӣ муқаррар карда шуд.

Ҳамчунин, ба моддаи 8 қисми 4 илова гардид, ки тибқи он мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ уҳдадор шудааст, ки иттилоотро дар бораи молик- бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ дар Феҳрасти ягонаи давлатӣ на кам аз панҷ сол аз лаҳзаи барҳам хӯрдани шахси ҳуқуқӣ, нигоҳ дорад. Ғайр аз ин, ба моддаи 11- уми қонун тағйиру иловаҳо дароварда шуда, минбаъд барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ҳамчунин, пешниҳоди маълумот ва нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба молик -бенефитсиари шахси ҳуқуқӣ муқаррар гардид.

Ҳамчунин, ба моддаи 11 қисми 12 илова гардид, ки тибқи он шахси ҳуқуқӣ уҳдадор гардидааст, ки ҳамаи маълумоти дастрасбударо дар бораи молик-бенефитсиар ба мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ пешниҳод намояд.

Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ворид карда мешаванд, барои баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ равона гардида, он дар навбати худ ба рушди соҳаҳо ва ҷалби сармоя мусоидат хоҳад кард. Ғайр аз ин, тағйироти воридшаванда имкон медиҳад, ки бо мутобиқ намудани меъёрҳои қонунгузорӣ бо талаботи тавсияҳои ФАТФ ва истифодаи маълумоти мазкур самаранокии фаъолияти мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ, мақоми ваколатдор ва дигар мақомоти салоҳиятдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом баланд гардад.

Хотиррасон менамоем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми баҳодиҳии низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом қарор дорад, ки аз ҷониби коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авросиё (яке аз мақомҳои минтақавии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ)) гузаронида мешавад. Қабули лоиҳаи қонуни мазкур, қабл аз ҳама, барои тақвият бахшидани низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом нигаронида шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти хуби баланд бардоштани баҳогузориро дар ин самт муҳайё хоҳад намуд.

Қобили зикр аст, ки дар рафти баҳодиҳӣ гирифтани баҳои манфӣ метавонад ба нишондодҳои умумии давлат таъсир расонида, дар оянда барои нуфузи давлат ва иқтисодиёти он, аз ҷумла барои ҷалби сармоягузорӣ, хавф ба вуҷуд орад. Бинобар ин, аз шумо хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

Сафаралӣ РАҶАБОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бандҳои 10, 11, 12 ва 24 талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм таҳия гардидааст. Вобаста ба ин, пешниҳод мешавад, ки ба моддаҳои 2,3,8 ва 11 қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шаванд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуда, 7 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 5-тоаш қабул шуд. Хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» дар доираи ислоҳоти зикргардида ва мутобиқ намудани меъёрҳои қонунҳо таҳия шудааст.

Он бо мақсади рушди соҳибкорӣ, алалхусус соҳибкории хурду миёна, таҳия гардида, ҷиҳати самаранок истифода намудани предмети лизинг ҳангоми ҷалби маблағҳои иловагӣ равона гардидааст. Ҷиҳати ноил шудан ба ин мақсадҳо тағйиру иловаҳои дахлдор ба моддаҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда ворид гардида, раванди истифода намудани предмети лизинг аз ҷониби лизинггир ба шахсони сеюм ба сублизинг (моддаҳои 6 ва 9), ҳамчунин аз ҷониби лизингдеҳ ҳангоми пешниҳоди предмети лизинг ба сифати гарав (моддаи 15) сода гардонида, амалҳои мазкур бе гирифтани розигии тарафҳо анҷом дода мешаванд.

Қайд карда мешавад, ки дар қонуни амалкунанда пешниҳоди предмети лизинг ба сублизинг ва гарав танҳо бо гирифтани розигии лизингдеҳ ва лизинггир анҷом дода мешуд.

Инчунин, ҳуқуқ ва имкониятҳои лизинггир вобаста ба ихтиёрдории (фурӯш, ба гарав гузоштан ва ғайра) предмети лизинг танҳо дар он қисме, ки бақияи пардохтҳои арзиши предмети лизинг зиёд аст, васеъ карда шуд (моддаи 15).

Моддаи 19 такмил ёфта, рӯёнидан аз ҳисоби предмети лизинг бо дарназардошти ислоҳоти гарави молу мулки манқул сода гардонида, бо тартиб ва шартҳои барои рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав, муайян шудааст.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур тартиби истифода намудани предмети лизинг ва рӯёниданро аз ҳисоби предмети лизинг сода гардонида, барои ҷалби маблағҳои иловагӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он дар ҳамбастагӣ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» таҳия гардидааст.

Дар маҷмӯъ, ворид намудани тағйироту илова ба лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, барои таҳкими заминаи ҳуқуқии истифодаи предмети лизинг, ислоҳоти гарави молу мулки манқул, рушди соҳибкории хурду миёна ва самаранок истифода бурдани предмети лизинг ҳангоми ҷалби маблағҳои иловагӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Онро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ карда, 5 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 3 — тояш қабул шуд. Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо ва муассиси Гурӯҳи Авросиё мебошад. Ин ташкилот яке аз мақомҳои минтақавии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) буда, фаъолияти худро ба ҳамоҳангкунии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом равона намудааст.

Зарурияти омода намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», пеш аз ҳама, мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи тавсияҳои 7, 10, 11, 12 ва 20 ФАТФ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» буда, бо ин мақсад ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шуд:

Дар моддаи 1- уми қонун мафҳуми «молик — бенефитсиар» тибқи талаботи луғати тавсияҳои ФАТФ оварда шуд.

Ба моддаи 20 қисмҳои нав, яъне қисмҳои 13, 14 ва 15 илова гардид, ки тибқи он ташкилоти суғуртавӣ уҳдадор аст ҳангоми ба суғурташаванда ё молик-бенефитсиар ва фоидагиранда аз рӯи шартномаи суғурта пардохт намудани ҷуброни суғуртавӣ, расмиёти санҷиши лозимии суғурташаванда ё молик-бенефитсиарро анҷом диҳад, аз қабили:

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ҷойи истиқомати суғурташаванда ё молик-бенефитсиар ва фоидагирандаи шахси воқеиро талаб намояд, шахсияти онҳоро муайян ва санҷиш намояд;

- гирифтани дигар маълумот дар бораи суғурташаванда ё молик-бенефитсиар, ки барои муайян кардани шахсияти суғурташаванда ё молик — бенефитсиар дар лаҳзаи пардохт пешбинӣ шудааст.

Илова бар ин, ташкилоти суғуртавӣ уҳдадор шудааст, ки шахсони бонуфузи сиёсӣ будани суғурташаванда, молик – бенефитсиар ва ё фоидагиранда, инчунин, барои муайян намудани хавфҳои онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» чораҳо андешад ва оид ба амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабар диҳад. Ғайр аз ин, ташкилотҳои суғуртавӣ уҳдадор гардидаанд, ки маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро на камтар аз панҷ сол, пас аз анҷом ёфтани муносибатҳои корӣ, нигоҳ доранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми баҳодиҳии тарафайни низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом қарор дорад, ки аз ҷониби коршиносон-баҳогузорони Гурӯҳи Авросиё гузаронида мешавад. Натиҷаи ин баҳодиҳии тарафайни давлат сатҳи мутобиқати техникии қонунгузорӣ ба талаботи тавсияҳои ФАТФ ва самаранокии низоми амалишавии онро таҷассум намуда, мустақиман ба нуфузи давлат, инчунин бевосита ба мавқеи он таъсир мерасонанд, ки дар навбати худ барои пешрафти минбаъдаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла тақвияти нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ таъсири назаррас хоҳад расонд.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур, қабл аз ҳама, барои тақвият бахшидани низоми муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом нигаронида шуда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти хуби баланд бардоштани баҳогузориро дар ин самт муҳайё хоҳад намуд. Бинобар ин, аз шумо хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дода мешавад.

ХОЛИҚЗОДА Ҳоким Ҳикматулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардида тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2018, №1853 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он 12 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 11- тояш қабул гардид.

Бо дарназардошти пешниҳодҳо ва ташаббуси кумитаи масъул, матни лоиҳаи пешниҳодгардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида шуда, ҳамчунин, қисмҳои 2 ва 3 лоиҳа, ки дар номутобиқатӣ ба талаботи моддаҳои 1, 8 ва 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» қарор дошт, хориҷ карда шуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров пешниҳод доир ба такмили лоиҳаи қонуни мазкур манзур гардид, ки он ба инобат гирифта, матни лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Кумитаи масъул, бо дарназардошти пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи қонуни зикргардидаро ба баррасии шумо  пешниҳод менамояд. Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Мутобиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қисми якум) вобаста ба ислоҳоти гарави молу мулки манқул ба моддаҳои алоҳидаи Кодекси гражданӣ (қисми якум) тағйиру иловаҳои дахлдор ворид мегардад, ки масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

- тартиб ва навбати қонеъ гардонидани талаботи кредитори таъминшуда аз ҳисоби молу мулки ба соҳибкори инфиродии муфлис тааллуқдошта (моддаи 26);

- иловаи моддаи 641 чунин масъалаҳоро пешбинӣ менамояд: ҷудо ва пешниҳод намудани молу мулки манқули шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда, ки ҳамчун таъминот (гарав, лизинг ва ба ин монанд) муайян шудааст, ба кредитори таъминшуда барои фурӯш; уҳдадориҳои кредитори таъминшуда ҳангоми фурӯши предмети таъминот ва тартиби пардохти маблағҳои аз фурӯш ба дастомада;

- моддаи 65 бо дарназардошти ислоҳоти гарави молу мулки манқул доир ба бартарии қонеъгардонии талаби кредиторони таъминшуда такмил дода, тибқи он, талаби кредиторони таъминшудаи (ки дар Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда ҳуқуқи талаби худро ба қайд гирифтааст) шахси ҳуқуқии барҳамхӯранда дар навбати аввал қонеъ гардонида мешавад;

- ба кодекси мазкур мафҳумҳои нави «кредитори таъминшуда», «кредитори бовиҷдон» илова гардида, мафҳуми «гарав» такмил дода шудааст (моддаҳои 329, 354 ва 359);

- иловаи қисми 4 моддаи 367 тартиби аз ҷониби гаравгир муваққатан додани предмети гаравро барои соҳибӣ ё истифода ба шахси сеюм пешбинӣ менамояд;

- моддаҳои 370 (Ба миён омадани ҳуқуқи гарав), 371 (Гарави минбаъда ва муайян кардани навбати гаравгирон), 378 (Рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав) ва 379 (Фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда), бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва ислоҳоти гарави молу мулки манқул, такмил дода шудаанд;

- таҳрири нави моддаи 389 бартарии қонеъгардонии талаботи кредитори бо нигоҳдории молу мулки таъминшударо аз ҳисоби арзиши он нисбат ба талаботи дигар кредиторон пешбинӣ менамояд;

- илова ба моддаи 401 ҳуқуқҳои баҳрагиранда (бенифитсиар)-ро аз рӯи кафолат оиди гузашт намудан, ба гарав мондан ё ба тариқи дигар ихтиёрдории онро муқаррар мекунад;

- иловаи сархати дуюм ба моддаи 411 навбати қонеъгардонии талабҳои дар ҳолати гарав, гузашти ҳуқуқ (талабҳо) ё ба тариқи дигар додани он ба якчанд шахсро муайян менамояд.

Қабули қонуни мазкур мухолифат ва гуногунфаҳмиҳоро бо қонунҳои дар доираи ислоҳот таҳияшуда аз байн мебарад. Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин мас­ъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (қисми якум)» бо мақсади мутобиқгардонии қонунгузории амалкунанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» мутобиқ кунонида шудааст.

Зимни суханрониашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ки ду рӯз пеш дар Форуми байналмилалии соҳибкории Душанбе — 2018 таҳти унвони «Рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва равандҳои муосири иқтисодӣ» масъалаҳои мавҷударо таҳлил намуданд, муҳимияти ин лоиҳаро таъкид доштанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур масъалаҳои зеринро мавриди танзим қарор додааст:

- тартиб ва навбати қонеъ гардонидани талаботи кредиторони соҳибкори инфиродии муфлисшуда аз ҳисоби молу мулки ба ӯ тааллуқдошта;

- тартиби пешниҳоди молу мулки манқули ба сифати таъминот пешниҳодшудаи шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда барои фурӯш ба кредитори таъминшуда;

- навбати қонеъ гардонидани талаби кредиторони шахси ҳуқуқии барҳамдода;

- тартиби муваққатан додани предмети гарав барои соҳибӣ ё истифода ба шахси сеюм;

- ҳолати ба миён омадани ҳуқуқи гарав, гарави минбаъда, муайян кардани навбати гаравгирон, рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав ва фурӯши молу мулки ба гарав гузошташуда;

- афзалияти қонеъ гардонидани талаби кредитори бо нигоҳдории чизу чора таъминшуда аз ҳисоби арзиши он нисбат ба талаби дигар кредиторон.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1866 аз 20 августи соли 2018 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)»- ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Барои такмили лоиҳа аз ҷониби субъектони номбурда 39 таклифу пешниҳод ироа гардид, ки 9-тои он ба лоиҳа ворид карда шуд.

Кумитаи масъул 11 октябри соли 2018 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонуни мазкурро муҳокима намуд. Субъектони номбурда, дар маҷмӯъ, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо хоҳиш менамоям лои­ҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми II)» оғоз мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми II)» дар робита ба тағйиру иловаҳои қисми якуми Кодекси гражданӣ ва дигар лоиҳаҳои вобаста ба ислоҳот қабулшуда, таҳия гардидааст.

Вобаста ба ислоҳоти гарави молу мулки манқул ба моддаҳои алоҳидаи кодекси мазкур тағйиру иловаҳои дахлдор пешбинӣ мегардад, ки барои коҳиш додани хавфи маблағгузорӣ таҳти таъминот, паст намудани арзиши маблағгузории рушди соҳибкории хурду миёна ва ба қарзгирон барои дарёфти сармояи зарурӣ, инчунин пешгирии ҳар гуна суис­тифода аз ҷониби қарзгирони беэътимод мусоидат намуда, масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

- мафҳумҳои «гарав», «ҳуқуқ ба гарав», «кредитори таъминшуда» пурра шарҳ дода шуда, принсипи ҳуқуқи бартарии кредиторони таъминшударо барои қонеъ гардонидани талаботи худ, аз ҷумла дар ҳолати барҳамдиҳӣ, муқаррар менамояд;

- моддаи 527 бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва ислоҳоти гарави молу мулки манқул такмил дода шуда, ҳуқуқи харидорро тибқи шартномаи хариду фурӯш барои ихтиёрдории (фурӯш, ба гарав гузоштан ва ғайра) мол дар қисми арзиши пардохтшудаи он пешбинӣ менамояд. Инчунин, ҳуқуқи фурӯшандаро барои ихтиёрдории мол ҳангоми дар муҳлати пешбинишуда пардохт нашудани арзиши он ё пеш наомадани ҳолатҳои дигар, пешбинӣ менамояд;

- бо илова ба моддаи 693 ҳуқуқи иҷорагир дар бобати ихтиёрдори (фурӯш, ба гарав гузоштан ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ)-и предмети лизинг, дар қисми арзиши аз бақияи пардохтҳои лизингӣ зиёд, муқаррар мегардад;

- бо дарназардошти ислоҳоти гарави молу мулки манқул, тартиб ва навбати қонеъ гардонидани талаботи кредиторон аз ҳисоби маблағҳои пулии дар суратҳисоб мавҷудаи молики суратҳисоб такмил дода, минбаъд талаби кредиторони таъминшуда дар навбати аввал қонеъ гардонида мешаванд (моддаи 879);

- бо иловаҳо ба моддаҳои 934 ва 950 навбати қонеъгардонии талабҳои комитент, комиссионер, муассиси идора, сардори ваколатдор ва шахсони сеюм аз рӯи шартномаи комиссия ва шартномаи идораи ба боварӣ асосёфта муайян мегарданд.

Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми II) бо мақсади мутобиқгардонии қонунгузории амалкунанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он асосан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» дар таҳрири нав мутобиқ кунонида шудааст.

Он мафҳумҳои «гарав» ва «ҳуқуқ ба гарав»-ро пурра шарҳ дода, принсипи ҳуқуқи афзалиятноки кредитории таъминшударо барои қонеъ гардонидани талаботи онҳо, аз ҷумла дар ҳолати барҳамдиҳӣ, муқаррар менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми II) бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1867 аз 20 августи соли 2018 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми II)»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, барои такмили лоиҳа аз ҷониби субъектони номбурда 14 таклифу пешниҳод ироа гардид, ки 8- тои он ба лоиҳа ворид карда шуд.

Кумитаи масъул 11 октябри соли 2018 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонуни мазкурро муҳокима намуда, онро ҷонибдорӣ карданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми II) ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Хоҳишмандам лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми II)»- ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми II)» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷузъи муҳими ислоҳот дар самти уҳдадориҳои таъминшуда ва тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» мебошад.

Тағйиру иловаҳо ба кодекси мазкур қабули санади судиро дар шакли фармон барои ситонидани молу мулки манқули багаравгузоштаи қарздор ҷиҳати фурӯши минбаъдаи он пешбинӣ намуда, муҳлати рӯёнидан аз ҳисоби предмети гаравро ба таври назаррас кӯтоҳ менамояд (муҳлати баррасии раванди рӯёнидан аз ҳисоби предмети гарав, ки моҳҳои тӯлонӣ баррасӣ мегардид, ихтисор мегардад).

Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъа­ла ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад.

МИРЗОЗОДА Мавлудахон Зайнӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» таҳия шудааст, ки дар натиҷа ҳангоми қабули санадҳои судӣ дар шакли фармон минбаъд ситонанда ҷиҳати фурӯш молу мулки манқуле, ки ба гарав гузош­та шудааст, чораҳо меандешад ва он барои дар муҳлати назарраси кӯтоҳ рӯйпӯш намудани маблағи қарз мусоидат менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1865 аз 20 августи соли 2018 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати такмил 12 таклиф пешниҳод гардид, ки аз онҳо 8-тояш қабул гардид.

Кумитаи масъул 11 октябри соли 2018 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаро баррасӣ намуданд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонун такмил дода шуд. Он 15 октябри соли ҷорӣ дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров барои такмил як қатор таклифу пешниҳодҳо манзур гардид, ки қобили қабул дониста шуда, ба лоиҳа ворид гардид. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Зарурияти таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ислоҳоти роҳандозишуда вобаста буда, амалишавии меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда»-ро таъмин менамояд.

Ба кодекси мазкур боби алоҳида (121) оид ба мурофиаи судии фармонӣ ворид карда мешавад, ки он дар як вақт тартиби ситонидани молу мулки манқули багаравгузоштаи қарздорро ҷиҳати минбаъд ба фурӯш баровардан пешбинӣ намуда, имкон медиҳад, ки тартиби рӯёнидан аз ҳисоби гарав сода ва тезонида шавад (чунин меъёрҳо хароҷоти кредиторонро вобаста ба рӯёнидан таври назаррас коҳиш медиҳад).

Боби мазкур масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

- талаботе, ки дар асоси онҳо фармон қабул карда мешавад;

- асосҳо барои рад намудани қабул ва баргардонидани ариза дар бораи қабули фармон;

- огоҳ намудани қарздор дар хусуси қабули фармон;

- ба ситонанда супоридани фармон ва дигар масъалаҳои муҳим.

Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқгардонии қонунгузории амалкунанда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, асосан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» дар таҳрири нав мутобиқ кунонида шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1864 аз 20 августи соли 2018 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»- ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Барои такмили лоиҳа аз ҷониби субъектони номбурда се таклифу пешниҳод ироа гардид, ки дутои он ба лоиҳа ворид карда шуд.

Кумитаи масъул 11 октябри соли 2018 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи қонуни мазкурро баррасӣ намуд. Дар маҷмӯъ, субъектони номбурда онро ҷонибдорӣ карданд.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Бо лоиҳаи қонуни барои баррасӣ пешниҳодшуда, ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ислоҳоти гарави молу мулки манқул илова пешбинӣ мегардад, ки мутобиқи он, шахси таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор ё судя ворид шудани маълумоти дахлдорро дар бораи ҳабси молу мулк ё бекор намудани ҳабси молу мулк ба Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда ё Феҳрасти ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он таъмин менамояд (моддаи 116). Иловаи мазкур дар муносибатҳои пулию қарзӣ хавфҳоро пешгирӣ хоҳад кард.

Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад.

МИРЗОЗОДА Мавлудахон Зайнӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқат намудан ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда» таҳия шудааст.

Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба моддаи 116 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ислоҳоти гарави молу мулки манқул илова ворид мегардад, ки мувофиқи он дар муддати то се рӯзи корӣ баъд аз қабул кардани санади судӣ мақоме, ки ба суд дархостро дар бораи ба ҳабс гирифтани молу мулк пешниҳод кардааст, нусхаи санади судиро ба мақоми ваколатдор барои ворид намудани маълумоти дахлдор ба Феҳрасти ягонаи давлатии уҳдадориҳои таъминшуда ё Феҳрасти ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ирсол менамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1863 аз 20 августи соли 2018 барои пешниҳоди хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати такмили он аз ҷониби шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ду таклиф, ки хусусияти таҳрирӣ доштанд, манзур гардида, қисман қобили қабул дониста шуданд.

Кумитаи масъул 11 октябри соли 2018 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаро баррасӣ намуданд. Он бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, такмил дода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур 15 октябри соли ҷорӣ дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баҳри такмили лоиҳаи қонуни мазкур як қатор таклифу пешниҳодҳо манзур гардид. Онҳо қобили қабул дониста, ба лоиҳа ворид карда шуданд.

Аз шумо хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Дар доираи ислоҳот дар самти уҳдадориҳои таъминшуда ва таъмини татбиқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда», такмил додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» низ муҳим мебошад.

Тибқи лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда, ба қонуни мазкур моддаи 201 илова шудааст, ки он масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:

- бо риояи қонунгузории гражданӣ бо роҳи аз қарздор гирифтани молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шуда (гарав, лизинг ва ғайра) ва нигаронидани ситониш ба он равона гардидааст ва супоридани предмети таъминот барои фурӯш ба ситонанда — кредитори таъминшуда;

- ҳуқуқу уҳдадориҳои ситонанда — кредитори таъминшуда барои бовиҷдонона ба фурӯш баровардани молу мулки манқули ба сифати таъминот пешниҳодшуда;

- тартиби пардохти маблағҳои аз фурӯши молу мулки манқули ба сифати таъминот пешниҳодшуда бадастомада ва пардохти талаботи дигар ситонандагон.

Мақсади иловаи мазкур таъмини ҳуқуқи ситонанда — кредитори таъминшуда барои тавассути иҷрочӣ маҷбуран гирифтани молу мулки манқул ҷиҳати фурӯши минбаъдаи он мебошад.

Хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.

Насиба СОДИҚОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқ намудани он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гарави молу мулки манқул ва бақайдгирии уҳдадориҳои таъминшуда», ба танзим даровардани тартиби пардохти маблағи аз фурӯши молу мулки манқули ба сифати таъминот пешниҳодшуда (гарав, лизинг ва дигар усули таъминот) бадастомада ва пардохти талаботи дигар ситонандагон таҳия гардидааст.

Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи қонуни мазкурро бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, мақомоти дахлдор ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 11 октябри соли 2018 маротибаи дуюм бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдор лоиҳаи қонун баррасӣ ва ҷонибдорӣ шуд. Бо мақсади такмили он 11 таклиф пешниҳод шуд, ки 5 — тои он қабул гардид. Инчунин, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №332 «Дар бораи масъалаҳои Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон», ба лоиҳа қисми нав ворид карда шуд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров лоиҳа такмил ёфт.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, хоҳиш менамоям ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ