Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Дар бораи медали ҷашнии 30-солагии истиқлолияти давлатӣ қарор қабул шуд

№30-31 (4292-4293) 09.03.2021

DSC_5042Сеюми марти соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмад­тоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуд.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 56 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер Шофақир, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Рустам Назарзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сироҷзода Сайфиддин ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд!

Ба рӯзномаи ҷаласа нуҳ масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳиш мекунам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

2. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т. А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе

3. Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» (0777-TAJ (SF)

4. Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» (0778-TAJ (SF)

5. Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

7. Оид ба Протокол дар бораи қатъ кардани амали Созишномаи таъсиси Кумитаи байнидавлатии асъор аз 26 майи соли 1995

8. Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои ­Мустақил оид ба таъмини омодагӣ дар ҳолати садамаи ядроӣ ё ба вуқӯъ омадани ҳодисаи садамаи радиатсионӣ ва кумаки мутақобила ҳангоми рафъи оқибатҳои онҳо

9. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медали ҷашнии «30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дода мешавад. Марҳамат.

Ашуриён

Музаффар Қурбонмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои банди 1 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015 — 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 таҳти №729 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.

Бо мақсади иҷрои супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 23 апрели соли 2014 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикргардида, «Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015 – 2020» ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи рушди низоми адлия барои солҳои 2015 – 2020» мувофиқан бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015 №101 ва аз 28 ноябри соли 2015 №729 тасдиқ гардиданд.

Мақсади асосии ислоҳот ва таҷдиди сохтории мақомоти адлия аз ташкил намудани низоми идоракунии босамари таъмини сиёсати ҳуқуқии давлат тавассути ҷобаҷогузории сохтор ва ваколатҳо, ки аз ҷониби воҳидҳои зерсохтории Вазорати адлия амалӣ мешаванд, иборат мебошад. Амали мазкур шакли ягона ва бартарафнамоии монеаҳоро дар марҳилаи гузариш ба таҷрибаи муосири идоракунии раванди номбурда таъмин менамояд. Бо дар назар доштани ин омилҳо боло бурдани нақши Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба он додани мақоми муосиру пешрафта, ки вазоратҳои адлияи давлатҳои мутараққии ҷаҳон доранд, мувофиқи мақсад мебошад. Бинобар ин, барои амалисозии вазифаҳои аввалиндараҷаи барнома ва нақшаи чорабиниҳои мазкур лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлия» таҳия гардид.

Бо қабули қонуни мазкур минбаъд самтҳои асосӣ ва принсипҳои фаъолияти мақомоти адлия, низом, сохтор ва ташкили фаъолият, ваколатҳо, хизмат дар мақомоти адлия, инчунин, тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии мақомоти адлия дар доираи санади қонунгузории алоҳида муайян карда шуда, барои пешбурди сиёсати давлатӣ дар самти фаъолияти муқарраргардида мусоидат менамояд. Ҳамчунин, тибқи лоиҳаи қонун, масъалаи ҷойивазкунии кормандони мақомоти адлия, таъминоти моддию иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти адлия пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси Конститутсия ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст ва аз буҷети давлатӣ, дар робита ба иҷрои муқаррароти пешбинигардида, хароҷот талаб намекунад.

Хоҳиш менамоем лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин дода мешавад. Марҳамат.

РАҶАБЗОДА

Равшан Муҳитдин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз муқаддима, 7 боб ва 39 модда иборат буда, ҷанбаҳои муҳими фаъолияти мақомоти адлияро дар бар мегирад.

Боби якум ба «Муқаррароти умумӣ» бахшида шуда, дар он мақоми мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, принсип ва самтҳои фаъолияти мақомоти адлия ба танзим дароварда шудаанд (моддаҳои 1 – 4).

Боби дуюм ба низом, сохтор ва ташкили фаъолияти мақомоти адлия бахшида шуда, моддаҳои 5 – 14 — ро дар бар мегирад. Дар боби мазкур доир ба низом, сохтор, тарзи ташкил ва фаъолияти сохторҳои зерин, ба монанди дастгоҳи марказии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари мақомоти адлия меъёрҳои мушаххас мустаҳкам шудааст.

Боби сеюм ба ваколатҳои мақомоти адлия бахшида шуда, моддаҳои 15 – 27 — ро дар бар мегирад. Дар боби мазкур ваколатҳои зерини мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди соҳаи меъёрэҷодкунӣ, соҳаи таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи баҳисобгирӣ, санҷиш, экспертизаи давлатии зиддикоррупсионӣ ва бақайдгирии давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, соҳаи назорат ва санҷиши фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, соҳаи бақайдгирии давлатӣ, соҳаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, соҳаи экспертизаи судӣ ва криминалистӣ, соҳаи ба ҷо овардани амалиёти нотариалӣ ва апостилгузорӣ, соҳаи расонидани ёрии ҳуқуқӣ, соҳаи таълиму тарбия ва таблиғоти ҳуқуқӣ, соҳаи интишори расмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ваколатҳои мақомоти адлия дар соҳаи хизматрасониҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст.

Боби чоруми қонуни мазкур хизмат дар мақомоти адлия ном дошта, дар он тартиб ва талаботи хизмат, рутбаҳо ва унвонҳои махсуси кормандон, ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда, таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандон, ҳавасмандгардонӣ ва масъулияти кормандони мақомоти адлия муқаррар гардидааст (моддаҳои 28 – 32).

Боби панҷум ба таъминоти молиявӣ ва моддию техникии мақомоти адлия бахшида шудааст (моддаҳои 33 – 34).

Боби шашум меъёрҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқии мақомоти адлияро дар бар гирифта, дар он мавзӯи ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ, принсипҳои ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ ва ваколати мақомоти адлия оид ба ҳамкории байналмилалӣ мустаҳкам шудааст (моддаҳои 33 – 34).

Боби ҳафтум аз «Муқаррароти хотимавӣ» иборат буда, дар моддаҳои 38 – 39 ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани он пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 18 январи соли 2021 №496 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

 Ҳамчунин, баррасӣ ва омода намудани лоиҳаи қонуни мазкур ба Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз он шаҳодат медиҳад, ки баъди муҳокимаи зиёда аз 160 таклифу пешниҳоди вакилон дар Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, хусусан меъёри муқаддима, моддаҳои 1 – 8, 12, 13, 15, 18, 24, 25, 28 – 33 ва 36 такмил, моддаи 2 дар таҳрири нав, бандҳои моддаҳои 4, 16, 19, 20, 21, 23 ва 27 ба мазмун ва моҳияти қисми 1 моддаҳои болозикр мувофиқ ва ба моддаи 17 қисми 6, моддаи 21 қисми 2 ва моддаи 32 қисми 6 илова карда шуданд. Инчунин, ба лоиҳаи қонун 2 моддаи нав, моддаи 26 – Ваколатҳои мақомоти адлия оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва моддаи 38 – Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур илова гардид, ки барои фаҳмо ва сода гардонидани меъёрҳои лоиҳаи қонуни мазкур ва ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ намудани он равона гардидааст.

Дар рафти баррасии лоиҳаи қонуни мазкур ҳама таклиф ва пешниҳоди муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода қабул ва барои такмили лоиҳаи қонуни зикргардида равона карда шуд.

Ҳама таклифу пешниҳоди манзургардида бо розигӣ ва мувофиқа бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонун ворид карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба талаботи қисми 2 моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ», «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло ва зарурати батанзимдарории ҳуқуқии масъалаҳои дарҷгардида, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамояд, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Кӣ оид ба масъала сухан гуфтан мехоҳад?

Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода дода мешавад. Марҳамат.

Эмомалӣ НАСРИДДИНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!

Зарурати таҳия ва пешниҳод гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» — ро метавон бо далелҳои зерин асоснок ва ҷонибдорӣ намуд:

1. Танзими дурусту ҳамаҷониба ва муносибати одилона ҳангоми амалигардонии талаботи фаъолияти гуногунсамти мақомоти адлия.

2. Дар баробари батанзимдарории самтҳои гуногуни фаъолияти мақомоти адлия, самти таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, ки ҳадафаш расидан ба камолоти маърифат ва фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ аст, инчунин, барои амалӣ намудани сиёсати ҳуқуқии давлат ва пешгирии содиршавии зуҳуроти номатлуб, нигаронида шудааст.

3. Ба роҳ мондани механизми дурусти кор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, дар лоиҳаи қонун пайдо намудани ҳамкорӣ ва огоҳӣ аз ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.

4. Лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти принсипҳои асосии ҳуқуқэҷодкунӣ таҳия шуда, муқаррароти моддаҳои лоиҳа дар заминаи моддаи 3-юми он (Принсипҳои фаъолияти мақомоти адлия) меъёр­бандӣ шудааст, ки ҷавобгӯ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад.

5. Омода ва ба имзо расонидани шартномаҳои байналмилалӣ, мувофиқи лоиҳаи қонун заминаи рушду инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ мегардад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғаффор дода мешавад. Марҳамат.

Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Дар ҷомеае, ки рӯ ба самти эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд намудааст, мақомоти адлия ҳамчун мақоми марказӣ ва меҳварӣ дар низоми идораи давлат ва ҳуқуқ баромад менамояд. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори амонати мақомоти адлияро дар низоми идоракунии давлатӣ бар дӯш дорад, дар самти таъмини сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва татбиқи соҳаҳои ҷудогонаи ҳуқуқӣ нақши асосӣ иҷро мекунад. Ба уҳдаи он таъмин ва татбиқи даҳҳо санади қонунгузорӣ ва фаъолияти давлатӣ оғоз аз меъёрэҷодкунӣ, мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ то экспертизаи ҳуқуқӣ, ёрии ҳуқуқӣ ва таъмини иҷрои ҷазои ҷиноятӣ гузошта шудааст. Албатта, боис ба нигаронӣ буд, ки то ҳол дар низоми ҳуқуқӣ вобаста ба самтҳои фаъолияти ин мақомот даҳҳо санади қонунгузорӣ вуҷуд дошту нисбат ба муайян кардани мақоми ҳуқуқии вазорат, ҳамчун мақоми ваколатдор, санади қонунгузорӣ вуҷуд надошта, фаъолияти ташкилию маъмурии он дар асоси низомнома ба роҳ монда мешуд. Маҳз ба ҳамин хотир, соли 2015 Президенти мамлакат ҷиҳати ислоҳи ин вазъ дастур дода буданд.

Боиси хурсандист, ки ҳоло бо ташаббуси Ҳукумат лоиҳаи қонун ҷиҳати пурра намудани норасоии низоми ҳуқуқии кишвар ва муайян намудани доираи салоҳияту ваколатҳои мақомоти адлия пешниҳод шудааст. Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагон лоиҳаро баррасӣ намуда, ҷиҳати такмили он беш аз 50 таклифу пешниҳод намуд, ки аксари онҳо қабул шуданд. Мо лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ менамоем, вале боз гуфтанием, ки дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди муосир нақши мақомоти адлия рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Вазорати адлия ва мо — вакилонро, зарур аст, ки аснои татбиқи қонуни ба тозагӣ қабулшаванда, аз назари таҳлилӣ ба натоиҷи он назар намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани заминаҳои ҳуқуқии мақомоти адлия ва тавсеа додани асосҳои ҳуқуқии фаъолияти он чораандешӣ намоем.

Вазорати адлия дар давлати ҳуқуқбунёд бояд заминаҳои устувори ҳуқуқӣ ва молиявӣ дошта, аз назари моддӣ пурқувват бошад. Асосгузорони давлатҳои нави замони нав ҳанӯз дар асри XVIII гуфта буданд: «Адлияи арзон ба давлат гаронии зиёд меорад». Мо бояд ҷиҳати қавӣ намудани асосҳои ҳуқуқии мақомоти адлия ҳамчун унсури таъминкунандаи адлу инсоф дар ҷомеа, омода бошем. Бинобар ин, ҳамчун қадами нахустини ислоҳоти ин сохтор қонуни онро қабул намуда, ҷиҳати такмил ва тавсеа додани фаъолияти ҳуқуқии он омодагӣ иброз менамоем. Мутмаинем, ки адлияи пурқувват таъминкунандаи реҷаи адл дар фаъолияти меъёрэҷодкунию меъёртатбиқкунии давлати ҳуқуқбунёд аст.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Усмонзода Саидҷаъфар Усмон дода мешавад. Марҳамат.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 «Дар бораи рушди низоми адлия барои солҳои 2015-2020» мебошад.

Яке аз мақсадҳои ин қарор таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳо ба ҳама вазоратҳо тақсим шуда, ҳар як вазорат низомнома дорад. Аммо дар фаъолияти корӣ баъзе ҳолату баҳсҳое пайдо мешаванд ва барои ҳалли онҳо қонун даркор аст, зеро як вазорат иҷрои низомномаи дигар вазоратро ҳатмӣ намедонад, вале агар қонун бошад, иҷрои он ҳатмист.

Низоми кори Вазорати адлия ба самтҳои гуногун равона шуда, бо қишрҳои гуногуни мардуми кишвар сарукор мегирад. Аз ин рӯ, аз соли 2015 то соли 2020 лоиҳаи ин қонунро ҳама зерсохтори он баррасӣ карда, дархост пешниҳод намуданд.

Мутахассисон ва коршиносони соҳа низ дар таҳияи он саҳми зиёд гузоштанд.

Вакилони муҳтарам, қабули қонуни мазкур барои низоми кори Вазорати адлия аҳамият ва зарурати муҳим дорад. Аз шумо хоҳиш менамоям ба ҷонибдории қабули он овоз диҳед.

РАИС: - Сухан ба раиси фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон Обидзода Фозил Саид дода мешавад. Марҳамат.

ОБИДЗОДА Фозил Саид:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ менамояд.

Аз мазмуни моддаи 1 қонуни мазкур бармеояд, ки мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, дар доираи ваколат таъмини амалисозии сиёсати давлатиро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла бақайдгирии давлатӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, амалӣ менамояд.

Диққати шуморо ба меъёрҳои банди 13) моддаи 4 «Бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ» — ҳамчун самти фаъолияти мақомоти адлия ва банди 1) моддаи 19 «Бақайдгирии давлатии ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» — ҳамчун ваколати мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷалб менамоям, ки аз вазифаҳои муҳим ва хосаи Вазорати адлия дар ташаккулёбии давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор мераванд.

Қайд кардан зарур аст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба талаботи қисми 2 моддаи 27 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ҷавобгӯ мебошад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

 РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуда, онро ҷонибдорӣ менамояд. Таклифҳои аз тарафи кумита пешниҳодгардида дар лоиҳа асосан ба назар гирифта шудаанд.

Мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ниҳодҳои калидӣ дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бояд қайд намуд, ки солҳои Истиқлолияти давлатӣ Вазорати адлия дар низоми мақомоти давлатӣ мавқеи хоса ва ниҳоят муҳим касб намуд. Ҳоло бо самаранокии баланди фаъолият сиёсати ягонаи ҳуқуқии давлатиро амалӣ намуда, сатҳи баланди қонуниятро дар самтҳои меъёрэҷодкунӣ ва татбиқи қонун, аз ҷумла расонидани ёрӣ ва хизматрасонии ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва таъмини фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ба роҳ мондааст. Воқеист, ки чунин фаъолият бо қонуни алоҳидаи соҳавӣ бояд танзим карда шавад. Аз ин лиҳоз, қабули қонуни мазкур зарур ва саривақтӣ мебошад.

Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро баррасӣ намуда, онро қобили қабул шуморид.

Муқаррароти сархати 10) моддаи 3. «Принсипҳои фаъолияти мақомоти адлия» дар хусуси ғайриҳизбият ва қисми 2 моддаи 5 «Низом ва сохтори мақомоти адлия» дар мақомоти адлия таъсис додан ва фаъолияти сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои динӣ манъ аст. Яъне, дар мақомоти мазкур сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ таъсис дода намешаванд ва барои хизматчиёни давлатии он қарорҳои ҳизбҳои сиёсӣ асос буда наметавонанд, ба муқаррароти моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» дар хусуси манъ будани таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар мақомоти амният, корҳои дохилӣ, прокуратура, гумрук ва мақомоти андоз, адлия, судҳо ва Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ, инчунин, дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ мутобиқ мебошад.

Ҳамчунин, муқаррароти сархати 13) моддаи 4. Самтҳои фаъолият, сархатҳои 1) ва 3) қисми 1 моддаи 19. Ваколатҳои мақомоти адлия дар хусуси бақайдгирии давлатии ­ҳизбҳои сиёсӣ ва пешбурди феҳристи ягонаи ҳизбҳои сиёсӣ ба моддаи 7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» пурра мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандам ба ҷонибдории қабули қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст. Чӣ андеша доред, он боб ба боб ё яклухт ба овоз монда шавад?

Пешниҳод аст, ки лоиҳаи қонун яклухт ба овоз монда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т. А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод дода мешавад. Марҳамат.

ҚОДИРЗОДА

Саъдӣ Сангинмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Дастгирии иқдомҳои созандаи бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими мавқеи ин самтҳо дар рушди иқтисодиёти миллӣ ва таъмини суботи иҷтимоӣ инъикос меёбад.

Дар ин радиф мехоҳам ба таваҷҷуҳи ҳозирин расонам, ки 28 декабри соли 2020 маросими баимзорасии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т. А.» оид ба сохт­мон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Тибқи лоиҳаи созишномаи сармоя­гузории мазкур, ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т. А.» дар ҳамбастагӣ бо яке аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Озарбойҷон — ширкати «Азкомпозит» истеҳсоли қубурҳои шишапластикиро дар кишвар роҳандозӣ менамояд.

Бо дарназардошти рушди устувори иқтисодиёти мамлакат ва васеъшавии шаҳру ноҳияҳо, зарурати аввалиндараҷа ба азнавсозӣ ва барқароркунии шабакаҳои таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва канализатсия, инчунин, таъмини майдонҳои кишоварзӣ бо об ба воситаи пойгоҳҳои обкашӣ ҷой дорад. Қубурҳои шишапластикии истеҳсолшаванда барои беҳтар гардонидани сатҳи таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ мусоидат намуда, раванди вобастагӣ аз воридоти чунин навъи маҳсулотро аз хориҷи кишвар коҳиш медиҳанд. Тибқи маълумоти гумрукӣ, соли 2020 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 7,5 млн. доллари амрикоӣ қубурҳои пластикӣ ворид карда шудааст.

Қубурҳои истеҳсолшаванда, новобаста аз дарозӣ ва ҳаҷм сабук буда, аз лиҳози насбнамоӣ ва истифодабарӣ хеле сода ва осон мебошанд. Инчунин, ба фишори баланд тобовар ва оташбардор мебошанд.

Барои роҳандозии истеҳсолот ашёи хоми дохилӣ, аз ҷумла конҳои қуми кварсӣ, ки маҳсули он нахи шишагин мебошад, истифода шуда, аз хориҷи кишвар танҳо қатрони махсус ворид карда мешавад.

Маврид ба зикр аст, ки таҳвили қубурҳо аз хориҷи кишвар ва арзиши онҳо бо дарназардошти хароҷоти роҳ зиёд гардида, арзиши онҳо бо ин сабаб дар бозори дохилӣ баланд мегардад. Дар ин замина, татбиқи лоиҳа ҷиҳати ба роҳ мондани маҳсулоти ивазкунандаи воридот, рушди бахши хусусӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии соҳаи саноат ва ташкили ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд.

Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии истеҳсолӣ, бинои иловагии истеҳсолӣ, бинои таъмирӣ — васлу насбнамоӣ, анбори ашёи хом, бинои маъмурӣ ва ошхона, анбори маҳсулоти тайёр роҳандозӣ гардида, дар маҷмӯъ, дар раванди татбиқшавии лоиҳа 8 млн. доллари амрикоӣ ворид карда мешавад. Дар ин замина, барои 100 нафар ҷойи нави корӣ муҳайё гардида, сатҳи некуаҳволии минтақаи татбиқи лоиҳа беҳтар карда мешавад. Майдони сохтмони корхона 4 гектарро ташкил дода, иқтидори истеҳсолии он дар як сол то ба 150 километр қубур баробар хоҳад шуд.

Татбиқи лоиҳа пурра аз ҳисоби маблағҳои сармоягузор сурат гирифта, хароҷоти иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т. А.» оид ба сох­тмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанберо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Холбойзода Неъматулло Холбой дода мешавад. Марҳамат.

ХОЛБОЙЗОДА

Неъматулло Холбой:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т. А.» оид ба сохт­мон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Мақсад аз тасдиқи созишнома бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ҷумҳурӣ сохта, ба истифода додани корхонаи саноатӣ бо сармоягузории умумии 8,0 млн. доллари амрикоӣ ба ҳисоб меравад.

Корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе дар майдони 4 гектар сохта мешавад ва иқтидори истеҳсолии солонаи он то 150 км қубурро ташкил медиҳад. Сохтмони корхона дар дохили кишвар аз лиҳози иқтисодӣ манфиатовар буда, зиёда аз 100 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ кардани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 23 феврали соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сармоягузор созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ намудани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ мебошад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям тасдиқи онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Композит Т. А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти мaxcyc) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» (0777-TAJ (SF) оғоз менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

Қаҳҳорзода

Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (амалиёти мaxcyc) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» №0777-TAJ (SF) бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2020 таҳти №115 маъқул дониста, 29 декабри соли 2020 бо риояи расмиёти амалкунанда ба имзо расонида шудааст.

Барои татбиқи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» аз Бонки Осиёии Рушд 105 млн. доллари амрикоӣ грант ҷалб карда шуда, он аз се қисмати асосӣ иборат буда, маблағҳои ҷалбшаванда ҳадафмандона барои амалӣ намудани онҳо равона мегарданд. Яке аз самтҳои «Барномаи рушди соҳаи энергетика» баланд бардоштани устувории молиявии бахши энергетикаи ҷумҳурӣ ва беҳтар намудани идоракунии молиявии корхонаҳои энергетикӣ мебошад, ки бо ин мақсад ва барои дастгирии буҷети давлатӣ аз ҳисоби Фонди захираҳои Бонки Осиёии Рушд 20,0 млн. доллари амрикоӣ маблағи грантӣ ҷудо карда мешавад.

Мутобиқи шартҳои созишнома, татбиқи ин қисмати барнома дар соли 2021 пешбинӣ шудааст. Аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям лоиҳаи созишномаи грантии пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Маҳмудзода Музаффарҷон Ҷусупович дода мешавад. Марҳамат.

Музаффарҷон МАҲМУДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» (0777-TAJ (SF) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Мақсад аз тасдиқи созишнома ворид намудани маблағи 20,0 миллион доллари америкоӣ дар шакли грант барои дастгирии буҷети давлатӣ мебошад.

Кумитаи масъул 23 феврали соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати энергетика ва захираҳои об, намояндаи Вазорати молия тасдиқ кардани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуд.

Созишнома ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» (0777-TAJ (SF) ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти мaxcyc) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» (0778-TAJ (SF) шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

ҚАҲҲОРЗОДА

Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» №0778-TAJ(SF) пешниҳод мегардад.

Маблағи умумӣ барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» 105 млн. доллари амрикоӣ буда, он аз се қисмати асосӣ иборат аст.

Дар доираи қисмати якум анҷоми корҳои зерин, аз ҷумла насби зиёда аз 398 ҳазор таҷҳизоти ҳисобкунии электронии барқӣ, 1692 км ноқилҳои гуногуншиддати барқӣ, 264 адад трансформатори гуногуншиддат (сатҳи 10/6/0,4 кВ) ва ҷорӣ намудани низоми муосири назорат ва ҳисоби неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба нақша гирифта, барои кам намудани талафоти неруи барқ нигаронида шудааст.

Ҳаҷми умумии маблағи ­масрафшаванда, тибқи созишнома, 70,0 млн. доллари амрикоии грантиро дар бар мегирад.

Дар доираи қисмати дуюми барнома барои маблағгузории шартҳои қарордоди идоракунии ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», ки яке аз самтҳои калидии лоиҳа ба ҳисоб меравад, 15,0 млн. доллари амрикоӣ ҷудо карда мешавад, ки он барои пардохти хизматрасониҳои ширкати байналмилалӣ, ки тавассути озмун ба муддати 5 сол барои идоракунии ширкатҳои энергетикии ҷумҳурӣ ба истилоҳ, «идоракунии беруна» ҷалб карда мешаванд, равона мегардад.

Доир ба қисмати сеюми барнома, ки ҷудо намудани маблағи 20,0 млн. доллари амрикоии грантиро барои дастгирии буҷети давлатӣ дар бар мегирад, ба шумо, вакилони арҷманд, дар доираи маърӯзаи қаблӣ маълумоти муфассал манзур гардид.

Татбиқи барномаи мазкур соли 2021 оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2026 ба нақша гирифта шудааст. Бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ гардидани лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» хоҳиш менамоям созишномаи грантии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Оид ба ҳамин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Маҳмудзода Музаффарҷон Ҷусупович дода мешавад. Марҳамат.

Музаффарҷон Маҳмудзода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» (0778-TAJ (SF) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз тасдиқи созишнома, ки маблағи умумии он 85,0 миллион доллари америкоиро ташкил медиҳад, амалӣ намудани чорабиниҳои тақвияти бахши электроэнергетика дар кишвар мебошад.

Бо амалишавии лоиҳа, ҷамъоварии маблағ ба 91 фоиз расида, талафоти техникӣ то 7,3 фоиз паст ва тақрибан 750 км хатҳои интиқоли барқи шабакаҳои тақсимотӣ азнавсозӣ мешаванд. Инчунин, 15 миллион доллари америкоӣ барои маблағгузории шартномаи идоракунӣ дар ҶСК-и навтаъсиси «Шабакаҳои тақсимоти барқ» равона мешавад.

Кумитаи масъул 23 феврали соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳо, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Вазорати молия тасдиқ кардани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуд.

Созишнома ба муқаррароти моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Барномаи рушди соҳаи энергетика» (0778-TAJ (SF) ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти мaxcyc) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

ҚАҲҲОРЗОДА

Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Созишномаи грантӣ (амалиёти мaxcyc) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо» пешниҳод мегардад.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади ба стандартҳои баналмилалӣ мутобиқ намудани қитъаҳои роҳи байналмилалии ҷумҳурӣ, таъмини бехатарии ҳаракат ва беҳтар намудани робитаҳои байналмилалӣ, ҳамчунин, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи таъмини ҷойҳои нави корӣ, ҳамкориро бо шарикони рушд идома дода, барои таъмини ҳадафҳои стратегӣ мунтазам маблағҳои зарурӣ ҷалб менамояд.

Мутобиқи лоиҳаи созишномаи грантии пешниҳодшуда, роҳи автомобилгарди Ҳулбук — Темурмалик — Кангурт бо дарозии 58,6 км (қитъаи А) ва Данғара — Оқмазор бо дарозии 28,7 км (қитъаи Б) таҷдид ва барқарор карда мешавад.

Арзиши умумии лоиҳа зиёда аз 72,9 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 67,5 млн. доллари амрикоӣ ё 92,6 фоизи он маблағҳои грантии Бонки Осиёии Рушд ва 5,5 млн. доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои ҷуброни талафи замин ва кӯчонидани аҳолӣ, инчунин, рӯйпӯш намудани андозҳо ва дигар пардохтҳо пешбинӣ шудааст.

Созишнома бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2020 № 116 маъқул дониста, ба имзо расонида шудааст. Мутобиқи шартҳои созишнома, татбиқи лоиҳаи мазкур соли ҷорӣ оғоз ёфта, анҷоми он то соли 2024 пешбинӣ шудааст. Бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ гардидани лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо» аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям лоиҳаи созишномаи грантии пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло дода мешавад. Марҳамат.

АҲМАДЗОДА

Бахтиёр Ҳикматулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, ҷиҳати пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Мақсади лоиҳа ҷалби маблағгузорӣ барои рушди шабакаҳои роҳҳои Тоҷикистон, ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани қитъаи роҳи байналмилалӣ дар кишвар, таъмин намудани бехатарии ҳаракат дар роҳ, беҳтар намудани робитаҳои байналмилалӣ, инчунин, паст кардани сатҳи камбизоатӣ бо роҳи таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар давраи амалишавии он мебошад.

Дар доираи лоиҳа таҷдид ва барқарорсозии роҳи автомобилгарди Ҳулбук – Темурмалик — Кангурт ва Бохтар — Данғара ба нақша гирифта шудааст. Амалишавии он имкон фароҳам меорад, ки дар роҳи автомобилгарди зикршуда нақлиёти боркаш ва мусофирбар тамоми фасли сол бе мушкилӣ рафтуомад намояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқи созишномаро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 23 феврали соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқ намудани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» оғоз мебахшем. Аз рӯи он сухан ба президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ҳаждаҳуми марти соли 2020 зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат ба Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми миллӣ дода шуда, дар ин бобат Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2020 № 1505 ба имзо расид.

Бинобар ин, бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 марти соли 2020 № 1505, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» таҳия гардид.

Он аз 7 боб ва 33 модда иборат буда, вобаста ба талаботи нави сиёсати давлатӣ оид ба илм ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат аз 18 марти соли 2020 таҳия шудааст.

Дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои асосӣ, асоси ҳуқуқии фаъолият, мақом, оиннома, сохтори таркибӣ, вазифаҳо, ваколат, самти асосии фаъолияти Академияи миллии илмҳо, танзими давлатии фаъолияти Академияи миллии илмҳо ва ҳамкории Академияи миллии илмҳо бо дигар субъектҳо ва иштирокчиёни фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ дарҷ шудаанд.

Қабули қонун ба рушди пояҳои моддиву техникӣ, озмоишгоҳӣ ва самаранок гардидани фаъолияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон равона гардида, фаъолияти олимони Академияи миллии илмҳоро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва рушди устувори иқтисоди миллӣ мушаххас менамояд.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба Нуруллозода дода мешавад. Марҳамат.

СОДИҚӢ

Насиба Нуруллозода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни мулоқот бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат 18 марти соли 2020 бо мақсади рушди илми ватанӣ вобаста ба шароити имрӯзаи ҷаҳонӣ ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, инчунин, бо мақсади мушаххас намудани ваколатҳо, вазифаҳо, мақом, ҳайат ва сохтори ташкилӣ, имтиёзҳо, самтҳои фаъолияти Академияи миллии илмҳо вобаста ба тағйироти дар сохтор ва номи он бавуқӯъомада, дар таҳрири нав таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Дар бораи лоиҳа президенти Академияи миллии илмҳо Фарҳод Раҳимӣ маълумот манзур намуда, боби аввалро шарҳ доданд. Боби дуюм талабот ба аъзо ва кормандони Академияи миллии илмҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо, унвонҳои илмии академӣ, пардохти унвонпулиҳои ҳармоҳа, ҳуқуқу уҳдадориҳои аъзо ва ҳуқуқҳои аъзои фахрӣ ва хориҷиро ба танзим медарорад.

 Боби сеюм ба идоракунии Академияи миллии илмҳо бахшида шуда, муайян сохтааст, ки мақомоти идоракунии Академияи миллии илмҳо аз Маҷлиси умумӣ, Раёсат, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикис­тон, ноиби аввал ва ноибони президент, саркотиби илмӣ ва раисони шуъбаҳои Академияи миллии илмҳо иборат мебошад. Боби чаҳорум ташкилотҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳо ва дигар ташкилотҳои АМИТ-ро муайян менамояд. Боби панҷум воситаҳои молиявӣ ва молу мулки Академияи миллии илмҳоро муайян намуда, манбаъҳои маблағгузории академияро нишон медиҳад ва муқаррар мекунад, ки молумулки Академияи миллии илмҳо ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, дар идоракунии оперативии Академияи миллии илмҳо қарор дорад. Боби шашум фаъолияти байналмилалии АМИТ-ро муқаррар менамояд. Боби ҳафтум муқаррароти хотимавӣ буда, пас аз қабул шудани қонун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 10 майи соли 2002 аз эътибор соқит дониста мешавад.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаҳои кумитаи масъул бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Муқимӣ Сабоҳат ва президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ баррасӣ гардид. Инчунин, дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 12 феврали соли 2021 бо иштироки шахсони номбурда ва намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмили он дар маҷмӯъ 227 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 50 таклиф пурра ва 12 таклиф қисман қабул гардид.

Бо мақсади такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дар мувофиқа бо субъекти ташаббуси қонунгузорӣ, тағйиру иловаҳои дахлдорро ба лоиҳа ворид намуд. Аз ҷумла дар дебоча, моддаҳои 1, 17, 19, 21 тағйирот ворид гардида, 2 моддаи нав илова карда шуд. Дар натиҷа, лоиҳаи қонуни мазкур такмилу ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардида, матни русии он бо матни забони давлатӣ мувофиқ гардонида шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба моддаҳои 40, 50, 73, 90, 97 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 6 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба моддаҳои 4, 5, 13, 17, 20, 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» (ба истиснои номи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки бо номи Академияи илмҳо дарҷ гаштааст), моддаҳои 5, 6, ва 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ» мухолифат ва маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз шумо, хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст. Чӣ андеша доред, он боб ба боб ё яклухт ба овоз монда шавад? Пешниҳод аст, ки лоиҳаи қонун яклухт ба овоз монда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба Протокол дар бораи қатъ кардани амали Созишномаи таъсиси Кумитаи байнидавлатии асъор аз 26 майи соли 1995» шурӯъ менамоем. Аз рӯи он сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дода мешавад. Марҳамат.

ХОЛИҚЗОДА

Ҳоким Ҳикматулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Протокол дар бораи қатъ кардани амали Созишномаи таъсиси Кумитаи байнидавлатии асъор аз 26 майи соли 1995» аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон таҳия гардида, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи таъсиси Кумитаи байнидавлатии асъор аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои ИДМ — Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Гурҷистон, Ҷумҳурии Молдова, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 майи соли 1995 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба имзо расонида шуда, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 29 июни соли 2001 таҳти № 363 тасдиқ гардида буд.

Кумитаи мазкур дар асоси Созишномаи таъсиси Кумитаи байнидавлатии асъор ташкил гардид ва фаъолиятро тибқи Низомномаи Кумитаи байнидавлатии асъор ба роҳ монда, дар доираи фаъолият назди Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳисоботдиҳанда буд.

Тибқи созишномаи мазкур, Кумитаи байнидавлатии асъор бо мақсади мусоидат ба ташкили ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаи асъорию қарзӣ, мукаммалгардонии қонунгузории асъор, рушди шаклу усулҳои ҳамоҳангсозии сиёсати пулию қарзӣ ва асъории давлатҳо, ҳамчунин, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва анҷом додани фаъолиятҳои мувофиқашуда дар самти назорати асъор аз ҷониби кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъсис ёфта буд.

Самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи байнидавлатии асъор рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ тавассути мукаммалгардонии муносибатҳои асъорию пардохтӣ ва қарзӣ, таъмини ҳисоббаробаркунӣ ҳангоми истифодаи мубодилаи мутақобилаи асъорҳои миллӣ, инкишофи бозори асъор ва коғазҳои қиматнок дар ҳар як давлати иштирокдори созишнома, ба ҳам наздик кардани қоидаҳои танзими савдои берунаи давлатҳо ва ҳамоҳангсозии сиёсати пулию қарзӣ ва сиёсати асъорӣ ба ҳисоб мерафт.

Бояд гуфт, ки аз сабаби ба зиммаи ҳайати мушовараи доимоамалкунандаи вазирони молияи давлатҳои аъзои ИДМ, мақомоти ҳамкории соҳавии ИДМ ва Бонки байнидавлатӣ вогузор шудани ваколатҳои кумитаи зикршуда, аз ҷониби сарони давлатҳо 25 октябри соли 2013 Қарор «Дар бораи барҳамдиҳии Кумитаи байнидавлатии асъор ва ҳамкориҳои минбаъдаи давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаҳои молия, пардохтӣ-­асъорӣ ва муносибатҳои қарзӣ» ва Протокол дар бораи қатъ кардани амали Созишномаи таъсиси Кумитаи байнидавлатии асъор аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид. Дар асоси Қарор ва Протоколи зикргардида, аз ҷониби кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Молдова, Россия ва Ӯзбекистан расмиёти дохилидавлатӣ ҷиҳати ба эътибори қонунӣ даромадани протоколи зикршуда гузаронида шуд.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Протокол дар бораи қатъ кардани амали Созишномаи таъсиси Кумитаи байнидавлатии асъор аз 26 майи соли 1995»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтсиод ва молия Обидзода Фозил Саид дода мешавад. Марҳамат.

ОБИДЗОДА Фозил Саид:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол дар бораи қатъ кардани амали Созишномаи таъсиси Кумитаи байнидавлатии асъор аз 26 майи соли 1995 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Санади мазкур ҳама расмиёти дохилиро дар Маҷлиси намояндагон гузашт. Онро кумитаҳо ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд. Он ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям протоколи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Протокол дар бораи қатъ кардани амали Созишномаи таъсиси Кумитаи байнидавлатии асъор аз 26 майи соли 1995» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъмини омодагӣ дар ҳолати садамаи ядроӣ ё ба вуқӯъ омадани ҳодисаи садамаи радиатсионӣ ва кумаки мутақобила ҳангоми рафъи оқибатҳои онҳо» шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъала сухан ба раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода дода мешавад. Марҳамат.

Рустам НАЗАРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мувофиқи таҳлилҳои гузаронидашудаи солҳои охир, маълум мегардад, ки дар баробари сол то сол афзоиш ёфтани зуҳуроти офатҳои табиӣ, дар баъзе аз давлатҳо ҳолатҳои ба амал омадани садама ва фалокатҳо дар иншооти муҳими стратегӣ, ки дар фаъолияташон маводи ядроӣ ва радиоактив истифода мебаранд, ба қайд гирифта мешавад.

Дар баробари давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар кишварҳо, дар Тоҷикистон низ иншооти муҳими стратегӣ мавҷуд мебошанд, ки дар фаъолияташон маводи радиоактив истифода мебаранд.

Бояд қайд намуд, ки дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» (аз 1 августи соли 2003 №42) мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ — Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатиро пеш бурда, фаъолияти мақомоти дигари дахлдорро ҳамоҳанг месозад.

Айни замон дар кишвар 62 ташкилоту идора зимни фаъолият зиёда аз 1270 манбаи радиоактивии намуди гуногунро истифода ва нигоҳдорӣ мекунанд. Аз ин шумора 391 манбаи дорои фаъолнокии баланд зери назорати кумита қарор дошта, дар корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои тиббӣ, илмӣ-тадқиқотию таълимӣ (ҶСП КМ «Тоҷиказот»-и шаҳри Левакант, ҶСК КМ «Тоҷиккимиёсаноат»-и шаҳри Ёвон, КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»-и шаҳри Турсунзода, Маркази онкологии шаҳри Душанбе, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) истифода бурда мешаванд.

Яке аз калонтарин партовгоҳҳо барои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории дарозмуддати манбаъҳои радиоактивӣ Муассисаи давлатии «Нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ»-и шаҳри Душанбе мебошад, ки дар ноҳияи Файзобод дар майдони 71 га ҷойгир аст. Дар баробари ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 партовгоҳ мавҷуд аст, ки дар наздикии маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Истиқлол, Бӯстон, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳракҳои Адрасмон ва Деҳмой ҷойгир буда, ба КВД «Востокредмет» мансубият дошта, таҳти назорати мақоми ваколатдор қарор доранд.

Бо мақсади таъмини бехатарии аҳолӣ, муҳити зист ва иқтисодиёти кишвар аз ҳодисаҳои садамаи радиатсионӣ Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъмини омодагӣ дар ҳолати садамаи ядроӣ ё ба вуқӯъ омадани ҳодисаи садамаи радиатсионӣ ва расонидани кумак ҳангоми рафъи оқибатҳои онҳо, ки 2 ноябри соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонида шуда буд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади ба имзо расонидани созишномаи мазкур, пеш аз ҳама, аз таҳкими муносибатҳои анъанавии дӯс­тонаи байни давлатҳо иборат буда, барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо ҷиҳати таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, инчунин, коҳиш додани оқибатҳои радиатсияи байнисарҳадӣ, кам кардани оқибатҳои манфӣ барои саломатии аҳолӣ ва муҳити зист мусоидат менамояд.

Созишнома аз муқаддима ва 18 модда иборат буда, мувофиқи қонунгузории миллии давлати тарафҳо таҳия гардида, дар доираи он чорабиниҳои зерин пешбинӣ шудаанд. Аз ҷумла:

- андешидани чораҳои зарурӣ оид ба пешгирӣ ва паст намудани хавфи садамаи ядроӣ ва ҳодисаи садамаи радиатсионӣ;

- бо мақсади паст кардани оқибатҳои радиатсияи байнисарҳадӣ, расонидани маълумоти фаврӣ дар ҳолати рух додани садамаи ядроӣ ва ҳодисаи садамаи радиатсионӣ;

- таъсиси комиссияҳои байниидоравӣ оид ба таҳия намудани чораҳо вобаста ба пешгирии садамаҳои ядроӣ ё ҳодисаҳои садамаи радиатсионӣ;

- расонидани кумаки зарурӣ ҳангоми рафъи оқибатҳои садамаи ядроӣ ё ҳодисаи садамаи радиатсионӣ. Ҳамчунин, дар доираи созишнома воҳидҳои махсусгардонидашудаи садамавию наҷотдиҳӣ, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт ва маводи таъминотии ба давлати тарафи талабкунанда интиқолшаванда ва аз давлати тарафи пешниҳодкунанда баровардашаванда, ки барои расонидани кумак ҷиҳати рафъи оқибатҳои садамаи ядроӣ ё ҳодисаи садамаи радиатсионӣ пешбинӣ шудаанд, шартҳои убури сарҳади давлатӣ аз ҷониби гурӯҳҳои кумакрасон ва реҷаи будубоши онҳо дар давлати тарафи талабкунанда бо шакли содакардашуда амалӣ карда мешаванд. То ҳол аз тарафи ҷумҳуриҳои Беларус, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия расмиёти дохилидавлатии зарурӣ гузаронида шудааст.

Қабули созишномаи мазкур ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо байни мақомоти давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дигар ташкилотҳо, шахсони воқеии тарафҳо, ки фаъолиятро дар самти таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ ба роҳ мондаанд, мусоидат менамояд. Бо мақсади амалисозии Созишнома оид ба таъмини омодагӣ дар ҳолати садамаи ядроӣ ё ба вуқӯъ омадани ҳодисаи садамаи радиатсионӣ ва расонидани кумаки зарурӣ ҳангоми рафъи оқибатҳои онҳо, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Матробиён Саодатшо дода мешавад. Марҳамат.

Саодатшо МАТРОБИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъмини омодагӣ дар ҳолати садамаи ядроӣ ё ба вуқӯъ омадани ҳодисаи садамаи радиатсионӣ ва кумаки мутақобила ҳангоми рафъи оқибатҳои онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Он тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2021 таҳти №538 барои пешниҳоди хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Созишнома аз дебоча ва 18 модда иборат буда, бо мақсади таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, инчунин, зарурати фавран расонидани маълумот ва кумак дар ҳолати садамаи ядроӣ ё ба вуқӯъ омадани ҳодисаи садамаи радиатсионӣ бо мақсади коҳиш додани оқибатҳои радиатсияи байнисарҳадӣ, аз ҷумла кам кардани оқибатҳои манфӣ барои саломатии аҳолӣ ва муҳити зист, ки бо истифодаи неруи атомӣ ба мақсадҳои осоишта алоқамандӣ доранд, ба имзо расидааст.

Дар моддаҳои 1-3 истилоҳоти истифодашаванда дар созишномаи мазкур, шаклҳои асосии ҳамкорӣ ва мақомоти салоҳиятдори тарафҳо ифода ёфта, моддаҳои 4-8 дархостҳо дар хусуси расонидани кумак, идоракунии фаъолияти гурӯҳҳои кумак­расон, шартҳои сарҳади давлатиро убур намудани гурӯҳи кумакрасон, ворид, хориҷ ва транзити таҷҳизоту маводи таъминотиро муқаррар намудааст.

Тибқи муқаррароти моддаҳои 9 ва 10, татбиқи тарзу усулҳои ягонаи назорати ҳаракати воситаҳои нақлиёт, техникаи махсус, таҷҳизот, маводи таъминотӣ, асбобҳо ва мавод тавассути нуқтаҳои гузаргоҳи давлатҳои иштирокчии ин созишнома, аз ҷумла расонидани кумаки тиббӣ, ба танзим дароварда шудааст.

Моддаҳои 11-18-и созишнома хароҷоти марбут ба фаъолияте, ки тарафи пешниҳодкунанда тибқи созишнома амалӣ менамояд, аз ҷумла ҷуброни зарари расонидашуда, ҳамкориҳои иттилоотӣ ва ташкили комиссияи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба истифодаи энергияи атомӣ, инчунин, ворид намудани тағйиру иловаҳо ва пайваст­шавӣ ба он, муҳлати эътибор пайдо намудан, ҳамчунин, ҳалли баҳсҳо ва ихтилофоти байни тарафҳоро вобаста ба тафсир ва истифодаи созишномаи зикршуда муқаррар намудаанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 18 феврали соли 2021 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъмини омодагӣ дар ҳолати садамаи ядроӣ ё ба вуқӯъ омадани ҳодисаи садамаи радиатсионӣ ва кумаки мутақобила ҳангоми рафъи оқибати онҳо ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надорад. Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъмини омодагӣ дар ҳолати садамаи ядроӣ ё ба вуқӯъ омадани ҳодисаи садамаи радиатсионӣ ва кумаки мутақобила ҳангоми рафъи оқибатҳои онҳо» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии ­масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медали ҷашнии «30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи он сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сох­тори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Сафаров Зайнудин дода мешавад. Марҳамат.

Зайнудин САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Таъсиси медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, қисми 2 моддаи 8 ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қарори баррасишаванда бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 феврали соли 2021 таҳти №547 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Лоиҳаи қарори мазкур ҳама расмиёти ҳуқуқиро гузашт. Пешниҳоди мазкур бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ин санаи барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим, таърихӣ ва тақдирсоз ва бо медали ҷашнӣ қадр намудани шахсони арзанда, ки барои ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, таҳия гардидааст.

Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти ҳар халқу миллат падидаи сарнавиштсоз буда, маҳз тавассути он халқу миллатҳо ба оламиён муаррифӣ мегарданд. Роҳи таърихии миллати тоҷик ба сӯи истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ кӯтоҳу ҳамвор набуда, он аз рӯҳу навои парчами Коваю адолатпарастии Анӯшервон, ҷоннисории Спитамену қаҳрамонии Шераку Деваштич, ваҳдатгароии Фирдавсию инсонпарварии Саъдӣ, меҳанпарварии Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров ва дигар бузургони халқи тоҷик оғоз ёфта, бо азму иродаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамовоз шуда, истиқлолияти давлатиро таъмин намуданд.

Аз ин рӯ, ҷиҳати ботантана ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, эътирофу қадр­шиносии хизмати шахсони арзанда дар таҳкими давлатдории Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст, ки медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шавад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоем лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки дар рӯзномаи ҷаласа ворид карда шуданд, баррасӣ гардиданд. Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ менамоям. Бо ҳамин ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

(Идома дорад)

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир

Неъматулло АЛИЕВ