Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Дар бораи палатаи ҳисоб қонуни нав қабул шуд

№59 (4642) 03.05.2023

DSC_1379++++Сеюми майи соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 61 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сайфиддин Сироҷзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ як масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар нест? Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаи зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: - Ба баррасии масъалаи рӯзнома шурӯъ менамоем. Сухан ба раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода дода мешавад. Марҳамат.

Қарахон ЧИЛЛАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» 28 — уми июни соли 2011 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардида, он мавриди амал қарор дорад. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 — уми декабри соли 2011 таъсис ва аз соли 2013 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ба қонуни мазкур 30 — юми майи соли 2017 тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст, ки хусусияти мутобиқкунанда ба тағйиру иловаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», инчунин таҳририву имлоӣ дошт.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардид, ки бо мақсади муайян намудани сатҳи мутобиқати қонунгузории миллӣ, такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи он, иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромади буҷети давлатӣ, баланд бардоштани самаранокиву мақсаднок ва шаффофияти хароҷоти он, мукаммалсозии аудити беруна ва идоракунии неруи инсонӣ, инчунин ба таври васеъ ҷорӣ кардани рақамикунонӣ чораҳои судманд андешида шаванд.

Инчунин, дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2030» такмил додани низоми назорати молиявии давлатӣ ва аудити дохилию беруна пешбинӣ гардидааст.

Палатаи ҳисоб мақоми олии назорати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аудити берунаи мустақилро оид ба баҳодиҳӣ ба лоиҳаи буҷети давлатӣ ва оид ба иҷрои буҷети давлатӣ анҷом дода, барои такмили он пешниҳод ирсол менамояд. Лекин мутобиқи санадҳои меъёрии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи Лима, ­Эъломияи Мексика оид ба таъмини мустақилияти мақоми олии аудит ва қатъномаҳои Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 22 – юми декабри соли 2011 (№66/209) ва аз 19 — уми декабри соли 2014 (№69/228) оид ба мусоидат ба баланд бардоштани самаранокӣ, ҳисоботдиҳӣ, натиҷанокӣ ва шаффофияти идоракунии давлатӣ бо роҳи тақвияти мақомоти олии аудит Палатаи ҳисоб мақоми олии аудити берунаи мустақили давлатӣ эътироф гардида, вазифаи он аз пешниҳоди маълумоти саҳеҳ ва беғаразона ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи буҷети давлатӣ, ҳисоботи солонаи маҷмӯии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва идоракунии захираҳои давлатӣ иборат аст. Яъне, мақомоти аудиторӣ самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои буҷетиро аз рӯи то чӣ андоза сарфанокӣ, маҳсулнокӣ ва натиҷанокӣ арзёбӣ намуда, аз натиҷаи чорабиниҳои аудиторӣ барои беҳтар кардани фаъолият тавсия омода ва ирсол менамояд.

Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», барои таъмини назорати молиявии истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои давлатӣ, захираҳо ва моликияти давлатӣ роҳбарони аввали вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳо, ки гирандагони маблағи буҷетӣ мебошанд, масъул буда, назорати дурусти истифодаи маблағҳо аз ҷониби онҳо таъмин мешавад. Илова бар ин, барои таъмини назорати молиявӣ аз ҷониби роҳбарони аввали гирандагони асосии маблағҳои буҷети давлатӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ» сохтори аудити дохилӣ таъсис ва тавассути он назорати дохилии молиявӣ таъмин шудааст.

Солҳои 2018-2022 дар доираи қисмати «Тақвияти аудити беруна»-и лоиҳаи дуюми «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ» аз ҷониби ширкати байналмилалии CИПФА (Британияи Кабир) санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи аудити берунаи ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш ва мониторинг қарор гирифт. Барои мутобиқ гардонидани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурӣ, инчунин таъмини мустақилияти Палатаи ҳисоб ва мутобиқ намудани фаъо­лияти он ба санадҳои меъёрии байналмилалӣ ва стандартҳои байналмилалии аудит, ки онро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, тавассути Бонки ҷаҳонӣ ва институтҳои назорати молиявии байналмилалӣ (ПЕФА, СЕКО ва ғайра) тавсия дода шудааст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоб» дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шуда, мустақилияти мақоми олии аудити берунаи мустақили давлатӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави аудити молиявӣ, аудити мутобиқат ва аудити самаранокӣ, инчунин мутобиқгардонии заминаҳои меъёрии ҳуқуқии Палатаи ҳисоб мукаммал шавад. Бинобар асосҳои зикршуда, зарурати таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав, мутобиқ намудани он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии байналмилалӣ дар самти аудити берунаи мустақили давлатӣ ба миён омадааст.

 Талаботи муосири илму техника, тақвияти неруи инсонӣ, рушди Палатаи ҳисоб бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ аз ҷорӣ намудани аудити фосилавӣ, аз тарзу усулҳои нави аудитҳои молиявӣ, мутобиқат, самаранокӣ ва намудҳои дигари аудит (иҷтимоӣ, экологӣ ва дигар аудитҳои мавзӯӣ) тариқи рақамикунонии раванди аудитро тақозо дошта, барои таъмини ин ҳолатҳо бояд заминаи ҳуқуқӣ гузошта шаванд.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳои нав, аз ҷумла «аудити мутобиқат», ворид ва «аудити натиҷанокӣ» ҳамчун яке аз қисматҳои «аудити самаранокӣ» хориҷ гардида, қисматҳои аудити самаранокӣ иборат аз сарфанокӣ, маҳсулнокӣ ва натиҷанокӣ мукаммал шуд.

Ҳамзамон, мафҳумҳои «фаъолияти амалиётӣ», «объекти аудит», «чорабиниҳои аудиторӣ», «корманди Палатаи ҳисоб» ва ғайра илова гардида, тарзу усулҳои амалӣ намудани чорабиниҳои аудиторӣ, даврияти гузаронидани аудит, хулосаи аудиторӣ ва фаъолияти молиявии Палатаи ҳисоб ба таври мушаххас пешбинӣ шудааст.

Инчунин, мафҳуми «воситаҳои буҷетӣ» пешбинӣ гардидааст, ки он ғайр аз маблағи буҷетӣ боз дигар намуди воситаҳо дар қисми даромад ба буҷети давлатӣ, аз ҷумла қарзҳои давлатӣ, сармоягузорӣ, дотатсия, субвенсия, субсидия, қоғазҳои қиматнок, металл ва сангҳои қиматбаҳо ва захираҳои давлатиро дар бар мегирад.

Дар матни лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳои «тафтиш», «ревизия», «санҷиш», «санҷидашаванда», «санҷишҳои аудиторӣ», «ошкор карда шуда», «нишондодашуда» ва «зарари молиявӣ» сарфи назар гардида, барои таъмини нуфузи идоракунии молиявии ҷумҳурӣ дар сатҳи байналмилалӣ ба ҷои мафҳуми «зарари молиявӣ» калимаҳои «қоидавайронкуниҳои молиявӣ» истифода шудаанд, ки тибқи талаботи стандартҳои аудит мебошад.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур Палатаи ҳисоб барои амалигардонии фаъолияти аудиторӣ методологияи мувофиқ ва стандартҳои аудитро, ки ҳамчун меъёр, тартиб ва қоидаҳои амалӣ намудани чорабиниҳои аудиторӣ ба шумор меравад, пешбинӣ намудааст. Инчунин, барои таъмини амнияти иқтисодии давлат аудити фаъолияти корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, ки ҳиссаи давлат дар сармояи онҳо назоратшаванда ба ҳисоб меравад, инчунин дар ҳолатҳои истисноӣ бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дархости Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми 10 фоиз ва зиёда аз онро ташкил намудани ин ҳисса, амалӣ намудани аудит аз ҷониби Палатаи ҳисоб пешбинӣ шудааст.

 Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалишавии он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад ва дар доираи сметаи хароҷоти Палатаи ҳисоб татбиқ карда мешавад. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гиёзода Азиз Қодир дода мешавад. Марҳамат.

Азиз ГИЁЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади гузарондани аудити берунаи мустақили давлатӣ, асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо ва самтҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва хизмат дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии он, таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 436 таклифу дархост пешниҳод карданд.

24 -уми апрели соли 2023 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанзода, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз таклифҳои пешниҳодгардида 82-тоаш қабул, 85-тоаш қисман қабул ва 269-тоаш қабул нагардид. Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид шуд. Дар маҷмӯъ муқаддимаи лоиҳаи қонуни мазкур мавриди таҳрир қарор дода шуда, ба моддаи 2 — юми он мафҳумҳои нав — «корманди дигари Палатаи ҳисоб» ва «чорабинии аудиторӣ» илова гардида, бархе аз мафҳумҳо такмил дода шуданд.

Бо мақсади аз байн бурдани номутобиқатии дохилӣ дар моддаи 1 ва матни лоиҳаи қонуни мазкур истилоҳи «аудити берунаи мустақили давлатӣ» якхела ифода ёфта, бо назардошти таъмини фаъолияти бонизоми Палатаи ҳисоб ва мушаххассозии он принсипи «масъулиятнокӣ» ҳамчун меъёри алоҳида ифода гардид.

Меъёрҳои гуногуни моддаҳои лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси риояи талабот оид ба мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ ва миллии аудит мавриди таҳриру таҷдид қарор дода, ба меъёрҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонда, дар ин раванд, бо мақсади дуруст муайян намудани арзёбии сифати чорабиниҳои аудиторӣ ва таҳлилию ташхисӣ, бо назардошти ҳаҷм ва намуди аудит, дар банди 2) қисми 6 моддаи 14 ва моддаи 33 — юми лоиҳа муҳлати гузарондани аудит мушаххас карда шуд.

Инчунин, бо риояи талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ дар қисми 4 моддаи 20, қисми 5 моддаи 22 ва моддаи 24 – уми лоиҳа норасоиҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартараф гардида, дар моддаҳои боби 4 меъёрҳои муайянкунандаи намудҳои аудитҳои мустақили давлатии беруна мавриди таҳрир қарор дода шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?

Кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насиба Содиқӣ дода мешавад. Марҳамат

Насиба СОДИҚӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Мусаллам аст, ки бунёди давлати демократӣ ин сиёсати дурусти молиявӣ ва шаффофу самаранок харҷ намудани буҷети давлатӣ мебошад. Барои судманду шаффоф амалӣ намудан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи буҷет» ва сари вақт амалӣ шудани нақшаҳои барномаҳои давлатӣ гузаронидани аудити берунаи мустақили давлатӣ зарур ва ба талаботи ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ ҷавобгӯй аст. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоб» дар таҳрири нав дар партави сиёсати пешгирифтаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ба ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ, равона гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур барои амалӣ шудани ҳадафҳое, ки вобаста ба маориф, илм, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва рушди сайёҳӣ, ки дар «Созишномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2030» пешбинӣ гардидаанд, мусоидат хоҳад кард.

Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоб» — ро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода дода мешавад. Марҳамат.

Рустам РАҲМАТЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» 28 – уми июни соли 2011 таҳти №749 қабул гардида, пас аз 6 моҳ (12 декабри соли 2011) Палатаи ҳисоб таъсис дода шуда, ба таври пурраву мукаммал аз аввали соли 2013 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Бинобар ин, қонуни мазкур баъзе камбудиву норасоиҳо низ дорад. Бар замми ин, ҳолатҳои дигаре ҷой доранд, ки зарурати таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар таҳрири навро ба миён овардааст.

Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 10 сархати 3) санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд. Ҳамзамон, ин талабот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дарҷ гардидааст, ки санадҳои қонунгузорӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ низоми ягонаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ташкил медиҳанд. Низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани тафовути намудҳои онҳо ва салоҳияти субъе­ктони ҳуқуқэҷодкунанда муқаррар мешавад. Инчунин, тибқи талаботи моддаи 85-и қонуни зикршуда дар ҳолати ҷой доштани ихтилофот байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ин ихтилофот бо роҳҳои бо ҳам мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҷараёни таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии нав ё мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилидавлатӣ (ба истиснои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бояд бартараф шаванд.

 Агар ба санадҳои меъёрии байналмилалии соҳаи аудити беруна назар афканем, тибқи талаботи Эъломияи Лима оид ба принсипҳои роҳбарикунандаи аудит, ки ба таъсиси мақоми олии аудити беруна бахшида шуда, раҳнамову нишондодҳоро нисбат ба тавсияҳои аудиторӣ дар бар гирифта, маҷмӯи пурраи стандартҳои ташкилоти байналмилалии мақоми олии аудит дар ин санади таърихӣ ифода гардидааст.

Маҳз барои татбиқи Эъломияи Лима, ки он аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ гардидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоб»-ро қабул намуда, Палатаи ҳисобро таъсис додааст.

Санади дигари байналмилалӣ дар самти фаъолияти мақоми олии аудит Эъломияи Мексика мебошад, ки соли 2007 қабул гардида, дар он талаботи Эъломияи Лима нисбатан ба таври мушаххас ифода ёфта, принсипҳои мустақилияти аудити берунаи давлатиро муайян намудааст.

Сабаби дигари дар таҳрири нав пешниҳод гардидани лоиҳаи қонуни мазкур дар стандартҳои байналмилалии аудит, ки принсипҳои асосии таъсис ва роҳбарикунандаи мақоми олии аудити мустақили берунаи давлатиро таҷассум менамояд, ворид гардидани тағйиру иловаҳои зиёд ва аз моҳи декабри соли 2019 дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардидани стандартҳои байналмилалии аудит мебошад. Омӯзиши лоиҳаи қонуни мазкур нишон дод, ки он мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии байналмилалӣ, стандартҳои байналмилалии аудит ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло БАРОТЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст, қонуни мукаммал ва иқдоми саривақтӣ буда, ҳадаф такомул бахшидан ба низоми назорати молиявии давлатӣ ва таъмини шаффофияти аудити дохилию беруна бошад. Мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур барои мукаммал гардонидани қонунгузории амалкунанда дар бахши молиявӣ-иқтисодии кишвар ва боло бурдани имиҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти аудити берунаи давлатӣ заминаҳои устувори ҳуқуқӣ муҳайё месозад. Ба андешаи мо зарурати таҳия ва қабули ҳамин қонун аз ду ҷиҳат муҳим аст:

Якум, дар қисмати муқаррароти умумӣ ба таври возеҳу равшан вазъи ҳуқуқии Палатаи ҳисоб ҳамчун мақоми олии аудити давлатӣ барои баҳодиҳӣ ба истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳо ва захираҳои давлатӣ муайян гардида, мафҳумҳои асосӣ бо истифодаи истилоҳоти маъмул баён гардидаанд, ки дарёфти матлаби заруриро аз таҳияи ин қонун осон мегардонад.

Дуюм, дар лоиҳаи қонуни мазкур, ҳамчунин, дар бораи принсипҳои фаъолият, вазифаву ваколатҳои ҳар як корманди ин мақоми аудитӣ – аз раису муовинон то сараудиторон ва ҳайати мушовара маълумоти саҳеҳ ироа шудааст, ки ҳама гуна нофаҳмиҳоро дар самти фаъолияти ин ниҳод аз байн мебарад.

Қабули ин қонун дар таҳкиму татбиқи сиёсати муваффақонаи молиявӣ-иқтисодии Тоҷикис­тон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварди муҳими қонунэҷодкунӣ арзёбӣ мешавад.

Бо эҳтиром хоҳиш мекунам, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: - Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Ахмедов дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Ҳамаи мо шоҳиди рушди бомароми соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат ва дар ин замина ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ мебошем, ки бо шарофати сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоюли болоравиро касб намудааст. Дар ин замина, ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ низ сол аз сол зиёд гардида, зарурат ба такмили заминаи ҳуқуқии низоми назорати давлатии молиявиро, ки аз шарту моҳияти мазмуни низоми ҷории ҳуқуқии давлат ва принсипу меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бармеоянд, ба миён овардааст.

Мақоми олии аудити давлатӣ — Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назораткунандаи давлатӣ фаъолиятро барои муайян намудани самаранокӣ ва қонунӣ будани истифодаи воситаҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ, моликият ва захираҳои давлатӣ аз ҷониби ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин объектҳои фаъолияти хоҷагидор, ки воситаҳои буҷетиро истифода менамоянд, равона намудааст.

Хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, вобаста ба амалҳои давлатдорӣ ва равандҳои шаклгирии ҷомеа таҳия гардидааст. Вақте ки ҷомеаи шаҳрвандӣ шакл мегирад, дар ин раванд идораи давлатдорӣ низ шаклашро иваз мекунад, зеро барои идора кардани давлат низ қонунҳо лозим аст. Инчунин, яке аз талаботи дигар мутобиқ кардан ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мебошад. Лоиҳаи қонуни мазкур дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони босалоҳият баррасӣ шуд. Хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Раҷабзода дода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрии байналмилалӣ дар самти аудити берунаи давлатӣ, инчунин «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки такмил додани низоми назорати молиявии давлатӣ ва аудити дохилию берунаро пешбинӣ намудааст, равона гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур аз 10 боб ва 56 модда иборат мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 9 боб ва 38 модда иборат мебошад.

Боби 1 «Муқаррароти умумӣ» ном дошта, дар 21 банд мафҳумҳои асосии дар қонуни мазкур истифодашуда, ки нисбат ба қонуни амалкунанда 13 банд зиёд мебошад, мус­таҳкам шудааст, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин самт танзим менамояд. Ҳамзамон, мафҳумҳои нав ба монанди: арзёбӣ, аудит, аудити мутобиқат, аудитор, воситаҳои буҷетӣ, воситаҳои фондҳои махсус, воситаҳои ғайрибуҷетӣ – воситаҳои давлатии дар ихтиёри муассисаҳои буҷетибуда, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мансубият надошта, аз ҳисоби манбаъҳои дигар ташаккул ёфтаанд, воситаҳои махсуси буҷетӣ, корманди Палатаи ҳисоб, корманди дигари Палатаи ҳисоб – корманди Палатаи ҳисоб, ки ҳуқуқи гузаронидани чорабиниҳои аудиториро надорад ва ғайра мустаҳкам шудааст, ки муносибатҳои нави ҷамъиятиро, минбаъд дар ин самт танзим менамоянд.

Боби 2 ба масъалаҳои сохтор, вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои раис, муовини раис, сараудиторон ва ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб, бархӯрди манфиатҳо бахшида шуда, боби 3 масъалаҳоро доир ба талаботи тахассусӣ, тартиби таъин, муҳлати ваколат, боздоштан ва қатъи ваколатҳои раис, муовини раис, сараудитор, роҳбари дастгоҳ, аудитор ва корманди дигари Палатаи ҳисоб, кодекси одоби корманди Палатаи ҳисобро муайян намуда, дар он талаботи тахассусӣ нисбат ба раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб, тартиби ба мансаб таъин намудани раис, муовини раис ва сараудитори Палатаи ҳисоб ва ғайраҳо пешбинӣ гардидааст.

Боби 4 — «Аудитҳои берунаи мустақили давлатӣ» ном дошта, моддаҳои 27 – 30 – ро дар бар гирифта, дар он дар бораи аудити молиявӣ, аудити мутобиқат, аудити самаранокӣ ва хулоса аз натиҷаи аудити берунаи мустақили давлатӣ меъёрҳо муқаррар шудааст.

 Боби 5 «Мақсад, банақшагирӣ, марҳила, даврият ва усулҳои амалигардонии чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб. Ҳуқуқ ва уҳдадорӣ» ном дошта, моддаҳои 31 — 43-ро дар бар мегирад. Дар он мақсади гузаронидани чорабиниҳои аудиторӣ, банақшагирии фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоб, марҳилаҳои чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб, даврияти гузаронидани аудит, усулҳои амалигардонии чорабиниҳои аудитории Палатаи ҳисоб, огоҳкунӣ дар бораи аудит гузаронидашаванда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои роҳбари объекти аудити Палатаи ҳисоб, ҷалб кардани коршиносони беруна, методологияи аудит, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманди Палатаи ҳисоб ҳангоми гузаронидани аудит, дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳо ва бартараф намудани камбудиҳои муайянгардида, хулосаи аудиторӣ, уҳдадорӣ барои иҷрои талаботи қонунии корманди Палатаи ҳисоб ва тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳо меъёрҳои мушаххас шудааст.

Боби 6 ба фаъолияти молиявии Палатаи ҳисоб, боби 7 ба ҳамкории Палатаи ҳисоб бо мақомоти давлатӣ ва байналмилалӣ, боби 8 ба ­масъалаҳои ҳисоботдиҳӣ оид ба фаъолияти Палатаи ҳисоб, боби 9 ба аудити ҳисоботи солонаи молиявӣ ва баҳодиҳии сифати аудити Палатаи ҳисоб ва боби 10 ба муқаррароти хотимавӣ, яъне ба ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур бахшида шудааст.

Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даринг Раҳмон дода мешавад. Марҳамат.

Даринг РАҲМОН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ буда, барои ноил гаштан ба ҳадафҳое, ки дар «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» муайян гардидаанд, мусоидат менамояд.

Дар боби III «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» қайд гардидааст, ки бояд низоми назорати молиявии давлатӣ, инчунин аудити дохилию беруна такмил дода шавад. Мо шоҳидем, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба Эъломияи Лима, ки ҳуҷҷати асосии доктриналӣ дар соҳаи назорати давлатӣ ва аудити давлатист, мутобиқ гардид.

Бояд хотиррасон кард, ки эъломияи мазкур принсипҳои аудити давлатиро бо дастурҳо оид ба татбиқи онҳо пешниҳод ва ҷорӣ менамояд. Мақсади асосии ­Эъломияи Лима даъват ба аудити мустақил (берунӣ) дар бахши давлатӣ мебошад.

Ҳар як ниҳоди олии аудит, ки ба ин талабот мутобиқат накунад, дар доираи волоияти қонун ба ин стандарти асосӣ ҷавобгӯ буда наметавонад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи қонуни мазкур мукаммал аст. Он мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» яклухт ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Масъалае, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буд, баррасӣ шуд.

Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои фаъол буданатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ