24 июни соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
3. Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта
4. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон
5. Дар бораи Созишнома тариқи мубодилаи мактубҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи лоиҳаи татбиқи корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем.
Оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад.
Зариф АЛИЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мешавад.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи масъалаҳои шаҳрвандӣ, хусусан муносибатҳои ҷамъиятие, ки баъди қабули қонуни амалкунандаи соли 1995 ба вуқӯъ омадаанд, равона шуда, принсипҳо, асос, шартҳо ва тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, аз ҷониби давлат ҳимоя ва пуштибонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар таъмин менамояд.
Дар лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур як қатор моддаҳо, меъёрҳо ва муқаррароти нав вобаста ба ниҳоди шаҳрвандӣ пешбинӣ шудааст. Чунончӣ, моддаи нав вобаста ба принсипҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 4) ҷойгир карда шудааст, ки асосҳои демократӣ ва моҳияти танзими давлатии муносибатҳои шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода мекунад.
Шартҳои қабул шудан ба шаҳрвандии Тоҷикистон таҷдид гардида, баъдан донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират ва мавриди таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштан талаб карда мешавад. Ҳамзамон тибқи моддаи 16-уми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур доираи шахсоне, ки бидуни истиқомати доимӣ дар қаламрави Тоҷикистон ё бо тартиби имтиёзнок ҳуқуқи ба шаҳрвандии Тоҷикистон қабул шуданро доранд, васеъ карда шуда, чунин имтиёз дар мавриди дар ақди никоҳи шаҳрванди Тоҷикистон на камтар аз се сол қарор доштан ва нисбат ба гурезаҳо аз байн бурда шудааст. Гузашта аз он, фарзандхонд кардани кӯдаке, ки шаҳрванди Тоҷикистон аст, ҳамчун асос барои пешниҳод кардани имтиёз ҷиҳати қабули шаҳрвандии Тоҷикистон аз байн бурда шудааст, зеро он ба қонунгузории амалкунанда дар бобати манъ будани фарзандхондӣ аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ мухолифат мекунад.
Пешниҳод намудани иттилооти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ҳангоми дархости қабул шудан ба шаҳрвандии Тоҷикистон ё барқарор шудан ба он асос барои рад кардани дархост гардида, ҷорӣ намудани чунин талабот барои баланд бардоштани ҳисси масъулияти муроҷиаткунанда, пешгирӣ аз ҳама гуна суиистифода мусоидат мекунад.
Дар лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур тартиб ва асосҳои қатъ гаштани шаҳрвандии Тоҷикистон низ таҷдид гардидааст. Дар сархати сеюми моддаи 22-юми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо мақсади пешгирии бешаҳрвандӣ ва кам кардани шумораи онҳо, надоштани шаҳрвандии давлати дигар ва кафолати ба даст овардани он ҳамчун асоси рад намудан барои аз шаҳрвандии Тоҷикистон баромадан пешбинӣ гардидааст.
Асосҳои аз даст додани шаҳрвандии Тоҷикистон дақиқ гардидааст. Аз ҷумла тибқи қисми 2-юми моддаи 23 меъёри аз даст додани шаҳрвандии Тоҷикистон ҳангоми ихтиёран қабул намудани шаҳрвандии давлати дигар, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартнома дар бораи душаҳрвандӣ надорад, муқаррар шудааст.
Ҷиҳати пешгирии бешаҳрванд гаштани кӯдакон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар боби 4-уми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур як қатор меъёрҳои нав вобаста ба тартиби соҳиб шудан ба шаҳрвандии Тоҷикистон ва қатъ гардидани он пешбинӣ гардидааст.
Салоҳият ва ваколати мақомоти давлатӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ дар матни лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур дақиқ карда шудааст.
Тибқи моддаи 37-уми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур муҳлати баррасии дарохостҳо ва пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, қабули қарор дар бораи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Тоҷикистон ва қатъи он як сол муқаррар карда шудааст. Инчунин дар қисми 1-уми моддаи 38 дақиқ пешбинӣ шудааст, ки дархостҳои такрорӣ танҳо баъд аз гузаштани як сол пас аз қабули қарори қаблӣ баррасӣ шуда метавонанд. Чунин меъёри нав мушкилиҳои зиёди дар амал пайдошударо вобаста ба муҳлатгузаронӣ ва муроҷиатҳои такрорӣ аз байн мебарад.
Санаи соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии Тоҷикистон дар моддаи 39-уми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур, бо назардошти омилҳои дахлдор, муқаррар шуда, номуайяниеро, ки айни замон вобаста ба муқаррароти моддаи 48-уми қонуни амалкунанда ҷой доранд, аз байн мебарад.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанзода Маҳмадалӣ дода мешавад.
Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, манзур мегардад.
Шаҳрвандӣ робитаи устувори сиёсию ҳуқуқии шахс бо давлат буда, маҷмӯи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мутақобилаи тарафҳоро дар бар мегирад. Пайвастагии устувори шахс бо давлат нишон медиҳад, ки он боиси таҳким ёфтани як қатор ҳуқуқу озодиҳои дигар мегардад. Маҳз бо шаҳрвандӣ ҳуқуқҳои конститутсионӣ, ба монанди интихоб кардан ва интихоб шудан, ҳуқуқ ба муроҷиат, манзил, ҳифзи саломатӣ ва ғайра алоқамандии бевосита дорад.
Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур муносибатҳо оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим дароварда, асосҳо, принсипҳо, шартҳо ва тартиби соҳиб шудан, қатъ ва барқарор намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуда, аз ҷониби давлат ҳимоя ва пуштибонии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар таъмин менамояд.
Бояд зикр намуд, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур аз 9 боб ва 44 модда иборат аст. Дар моддаи 1-уми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур мафҳумҳои асосӣ истифода шудаанд, ки дар он мафҳумҳои шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрванди хориҷӣ, шахси бешаҳрванд, душаҳрвандӣ, кӯдак, истиқомат кардан, истиқомати доимӣ ва гувоҳномаи иқомат истифода ва маънидод карда шудаанд.
Мутобиқи моддаи 11-уми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, аз ҳимоя ва пуштибонии Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдор мебошад.
Дар боби 5-уми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур мақомоти ваколатдоре, ки масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал менамоянд, ҷойгир карда шудаанд, ки мутобиқи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти корҳои хориҷӣ ваколатдор карда шудаанд, ки масъалаҳои шаҳрвандиро баррасӣ намоянд.
Дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои қонуни конститутсионии мазкур шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд низ метавонанд бархӯрдор бошанд.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №32 аз 13 апрели соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати такмили он, дар маҷмӯъ, 154 таклифу пешниҳодҳо манзур карданд.
Ҳангоми баррасии масъалаи мазкур дар кумитаи масъул аъзои гурӯҳи ҳукуматӣ оид ба таҳияи лоиҳа ҷалб ва бо иштироки онҳо хулосаҳои воридшуда таҳлил карда шуданд.
Кумитаи масъул рӯзи ҳаштуми июни соли 2015 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ доир намуда, таклифу пешниҳодҳои воридшударо баррасӣ кард ва дар натиҷа, аз 121 таклифу пешниҳодҳо пурра ва ё қисман қобили қабул дониста шуда, 33- тои он қабул нагардид.
Бо назардошти таклифу пешниҳодҳои воридгардида лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур такмил дода шуд.
Ба истиснои таҳрир ва ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ намудани лоиҳа, аз ҷумла:
- дебоча аз нав таҳрир карда шуд;
- аз лоиҳа моддаҳои 1, 28 ва 37 хориҷ карда шуданд;
- ба лоиҳа як моддаи нав, яъне моддаи 32 илова карда шуд;
- дар лоиҳа панҷ қисм илова, се қисм хориҷ, ҳафт қисм таҳрир ва ду қисм муттаҳид карда шуданд;
- дар лоиҳа ҳафт сархат илова ва дувоздаҳ сархат таҳрир карда шуданд;
- дар маҷмӯъ, ба ҳамаи моддаҳои лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд;
- матни лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо ҳам мутобиқ карда шуданд.
Инчунин 16 июни соли 2015 дар ҳамин толор, яъне толори баргузории ҷаласаҳои Иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои гурӯҳи корӣ бо ҳамаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ гузаронида, ба саволҳои онҳо ҷавоб доданд.
Ҳангоми баррасии лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ба лоиҳа як қатор пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд, ки онҳо қабул гардида, лоиҳаро боз ҳам такмил доданд.
Вакилони арҷманд, агар ба матни лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур назар афканед, дар назар чунин менамояд, ки гӯё меъёрҳои он такрор ёфтаанд. Вале дар асл ин тавр нест. Вобаста ба он ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур масъалаи бениҳоят муҳими ҳаёти ҷамъиятиро ҳал мекунад, он бояд мушаххас навишта шавад. Масалан, меъёрҳои моддаҳои 19 ва 25 фақат бо ду калима фарқ мекунанд. Вале яке аз онҳо асоси соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре асоси қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунанд, ки дар санадҳои байналмилалӣ бо номҳои оптатсия ва трансферт маълуманд.
Дигар меъёрҳое, ки дар назар гӯё такрор ёфтаанд, ин меъёрҳои моддаҳои 26 ва 27-уми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур мебошанд. Вале, агар диққат диҳем, мебинем, ки моддаи 26 тағйирёбии шаҳрвандии кӯдакро ҳангоми тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модар ё ин ки волидон муайян карда, моддаи 27 бошад, ин ҳолатро ҳангоми тағйир ёфтани шаҳрвандии падар ё модар , яъне яке аз онҳо муайян кардааст.
Дар лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ба масъалаи кӯдак низ таваҷҷуҳи зиёд дода шудааст ва шояд барои баъзеҳо зиёдаравӣ намояд, вале ин тавр нест. Шаҳрвандии кӯдак вобаста ба вазъи падару модари ӯ гуногун буда метавонад. Масалан, падару модар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд, як оқибат, агар онҳо шаҳрвандони хориҷӣ ё шахсони бешаҳрванд бошанд, дигар оқибат, агар яке аз зан ё шавҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошанд, оқибати тамоман дигар фаро мерасад.
Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мухолифат надорад.
Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Вобаста ба ин масъала савол доред? Марҳамат.
Мирзоанвар АХМЕДОВ: - Мувофиқи моддаи 57-уми Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи кӯдак барои озодона изҳор намудани фикри худ аз синни даҳсолагӣ муайян карда шудааст. Инчунин мутобиқи қисми 1-уми моддаи 27-уми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон қобилияти амали ноболиғони аз 14 то 18- сола бо розигии васӣ ва парастор ба ҷо оварда мешавад.
Дар қисми сеюми моддаи 26-уми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бошад, барои соҳиб шудан ё қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кӯдаки синни аз чордаҳ то ҳаждаҳ розигии ӯ гирифта мешавад.
Оё дар ин маврид мухолифат ба миён намеояд?
Зариф АЛИЗОДА: — Чаро аз синни 14- солагӣ муқаррар карда шудааст? Зеро бисёр масъалаҳое ба миён меоянд, ки дар ин синну сол фикри кӯдакро ба эътибор гирифтан лозим меояд.
Саидҷаъфар ИСМОНОВ: - Дар қисми 7-уми моддаи 13-уми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур омадааст: «Кӯдаке, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шахсони бешаҳрванде, ки ҳар ду ё яке аз онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ доранд, таваллуд шудааст, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад». Савол ин аст, ки мутобиқи кадом арзишҳо? Мисол, дар асоси кадом Созишнома ё Конвенсияҳои байналмилалӣ чунин вазифагузорӣ карда шудааст? Мутобиқи принсипҳои демократӣ арзишҳои миллӣ дахлнопазиранд. Ин меъёрҳоро бояд худи давлат муайян намояд.
Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА: - Яке аз принсипҳое, ки ин қонун пешбинӣ мекунад, мусоидат намудан ба пешгирии бешаҳрвандӣ аст. Ҳамчунин санадҳои байналмилалӣ доир ба пешгирии бешаҳрвандӣ давлатро уҳдадор мекунанд. Кӯдаке, ки аз шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди давлат таваллуд мешавад, бояд ҳамчун шаҳрванди ҳамин давлат эътироф гардад.
Зариф АЛИЗОДА: - Дар ҳуқуқи байналмилалӣ ду принсип вуҷуд дорад. Яке ишора ба хок, яъне, ҷойи таваллуд ва хун, яъне, аз кӣ таваллуд шудааст. Ин ду принсипро тамоми давлатҳои аъзо эътироф менамоянд
Рустам ЛАТИФЗОДА: Мехостам моддаи 25-уми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур – «Интихоби шаҳрвандии давлати дигар (оптатсия) дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шарҳ медодед?
Зариф АЛИЗОДА: — Ин ҷо сухан дар бораи Сарҳади давлатӣ меравад. Агар ҳангоми муайян намудани Сарҳади давлатӣ ягон деҳа ё маҳали давлати мо дар ҳудуди давлати ҳамсоя гузарад ё баръакс, дар он сурат меъёри байналмилалӣ, ки оптатсия ном дорад, истифода мешавад. Яъне, дар чунин ҳолат ихтиёр ба худи шаҳрванд дода мешавад, ки дар шаҳрвандии қаблӣ мемонад ё шаҳрвандии давлати навро қабул менамояд.
Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА: — Савол ба қисми 9-уми моддаи 13-уми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур дахл дорад. Ҳамон ҳолате, ки аз рӯи тавлид ба кӯдак шаҳрвандӣ дода мешавад, агар падару модараш шаҳрванди хориҷӣ бошанду дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шавад ё як тараф бешаҳрванд, тарафи дигар шаҳрванди хориҷӣ бошад.
Дар ҳамин қисми моддаи 13-уми лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур зикр шудааст, ки агар мутобиқи қонунгузории он давлатҳо ба ӯ шаҳрвандӣ дода нашуда бошад. Чунин низоми қонунгузорӣ чӣ гуна муайян карда мешавад?
Зариф АЛИЗОДА: — Дар ин маврид қонунгузории баъзе давлатҳо ба инобат гирифта шудаанд. Агар кӯдак дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шавад, шаҳрвандии давлати моро мегирад.
Абдулғаффор РАҲМОН-ЗОДА: — Дар чанд моддаҳои лоиҳаи қонун мафҳуми «ягона падар ё модар» омадааст.
То чӣ андоза ин мафҳум дуруст аст?
Зариф АЛИЗОДА: — Мафҳуми падару модари танҳо дигар маъно дорад. Дар ин маврид истифодаи мафҳуми мазкур мувофиқ дониста шудааст. Мумкин ин ибора таҷдиди назар шавад.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала кӣ сухан кардан мехоҳад? Марҳамат.
Муҳаббатшо РӮЗАДОР: - Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур баъди муҳокима ва баррасӣ хеле такмил ёфтааст. Вақте онро бо қонунҳои дигар давлатҳо муқоиса намудем, маълум шуд, ки он ҷавобгӯйи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Баъзе таклифу пешниҳодҳо дорам, ки ҳангоми баррасӣ ва ба овоз мондани лоиҳаи қонун баён менамоям.
Аз вакилони муҳтарам хоҳиш дорем, ки ба тарафдории қонуни мазкур овоз диҳед.
Гулбаҳор ТУРСУНОВА: — Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур муносибатҳо оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим дароварда, асосҳо, принсипҳо, шартҳо ва тартиби соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
Қабули қонуни конститутсионии мазкур ин, пеш аз ҳама, боз як қадами ҷиддӣ дар замони равандҳои мураккаби глобалии имрӯза дар Тоҷикистон барин кишваре, ки барои ҷаҳониён бо иқдомҳои наҷибаш муаррифӣ шудааст, зарур ва саривақтӣ мебошад.
Боварӣ дорем, ки қабули қонуни конститутсионии мазкур ба манфиати аҳли ҷомеа мегардад, ки мардумро ба пешомадҳои нек, ободии кишвар, тантанаи адолати иҷтимоӣ, нерумандии иқтидори иқтисодӣ, молиявӣ ва маънавии Тоҷикистон дилпур мекунад ва боварии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷиёнро ба фардои дурахшони Тоҷикистон қавӣ мегардонад.
Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, қобили дастгирӣ мешуморад ва аз шумо хоҳиш дорем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
Абдураҳим ХОЛИҚЗОДА: - Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор гирифт.
Гурӯҳи корӣ ҷиҳати бартараф намудани душворию нофаҳмиҳо тадбирҳои зарурӣ андешид. Дар шароити феълӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани қонуни нав дар бораи шаҳрвандӣ амри воқеӣ дорад.
Аз қабули қонун, яъне соли 1995 то имрӯз бисёр институтҳои ҳуқуқӣ ва стандартҳои байналмилалии роҷеъ ба ҳуқуқи инсон ташкил ва қабул шуданд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёр созишномаҳо ба имзо расонда шуданд, аммо механизми татбиқи санадҳои байналмилалӣ вуҷуд надоштанд.
Ин масъалаҳо дар лоиҳаи қонуни нави конститутсионӣ ба инобат гирфта шудаанд. Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳишмандем ба тарафдории он овоз диҳед.
Ҷӯрахон Маҷидзода: Шаҳрвандӣ алоқаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва мавқеи шахс бо давлат буда, дар маҷмӯъ ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти тарафайнро, ки ба эътироф ва эҳтироми қадру қимат, ҳуқуқу озодии асосии инсон асос ёфтааст, ифода намуда, инчунин мансубияти ҳуқуқӣ ва ё ҳуқуқи сиёсии шахс ва давлат фаҳмида мешавад. Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандро давлат чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ҳифз менамояд.
Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи мустаҳками сиёсию ҳуқуқии шахс ва давлатро, ки дар доираи ҳуқуқу вазифаҳои мутақобилаи тарафҳо ифода меёбанд, муайян менамояд.
Илова бар ин, тартиби қабул ва барқарор намудан ба шаҳрвандӣ, асосҳои рад кардани қабул ба шаҳрвандӣ ва дигар ҳолатҳо танзим карда шуда, мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ, тартиби баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.
Аз ин лиҳоз, қабул гардидани лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав мувофиқи мақсад буда, аз вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қабули лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро якдилона дастгирӣ намоянд.
Саидҷаъфар ИСМОНОВ: - Қонуни конститутсионии мазкур баъди қабул гаштан мавриди амал қарор хоҳад гирифт. Дар раванди татбиқи он масъалаҳое пеш меоянд, ки ба он ворид кардани тағйиру иловаҳо зарур мегарданд.
Ин боис мешавад, ки қонун ҳамаҷониба такмил меёбад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш дорем, ки ба тарафдории лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.
Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо, яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонуни конститутсионӣ Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович дода мешавад.
Саймумин ЯТИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои сархати сеюми банди 50 Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 таҳти №1021 тасдиқ карда шудааст ва дар асоси талаботи банди 7.3 Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012 — 2015, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 таҳти №97 қабул гардидааст, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз 10 қисм иборат буда, меъёрҳои он ягон муносибати нави ҷамъиятиро ба танзим надароварда, татбиқи он ҳуқуқдиҳанда ва (ё) маҳдудкунанда ба ҳисоб намеравад.
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ гардонидани он мебошад.
Бо қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур, номутобиқатӣ ва мухолифатҳои ҷойдоштаи Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бартараф карда мешаванд.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар мувофиқа бо вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, ниёз ба маблағгузорӣ надорад.
Хоҳиш менамоем, ки қабул намудани лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сафаров Зайнуддин дода мешавад.
Зайнуддин САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2015 таҳти № 151 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мукаммал гардонидани танзими ҳуқуқии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутобиқ намудан ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сирри давлатӣ» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 таклиф пешниҳод гардид, ки панҷ пешниҳод қабул, шаш таклиф қисман қабул ва панҷ пешниҳоди дигар қабул нашуд.
Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.
Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта сухан ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодзода Хайрулло дода мешавад.
Хайрулло ИБОДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта» тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 6-уми Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 таҳти №691 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.
Конвенсияи мазкур бо номи СИТЕС яке аз калонтарин созишномаҳои байналмилалии ҳифзи ҳайвоноти ваҳшӣ ба ҳисоб рафта, он соли 1973 дар шаҳри Вашингтон бо иштироки 80 давлати ҷаҳон ба имзо расида, аз 1 июли соли 1975 мавриди амал қарор дода шудааст. Айни ҳол 180 давлатҳои ҷаҳон Тарафҳои Конвенсияи СИТЕС ба ҳисоб мераванд. Мақсади асосии Конвенсия ин ба низоми қатъӣ даровардани қоидаҳои фурӯшу ҷойивазнамоии навъҳои камёфту таҳдиди нобудшавидоштаи олами набототу ҳайвонот, интиқоли ин намудҳои нодир тавассути сарҳадҳои гумрукии кишварҳо, инчунин таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ мебошад.
Эътироф ва қабули Созишнома имконият медиҳад, ки аз ҳисоби даромад аз пардохтҳои иҷозатномадиҳӣ, иҷозатдиҳӣ аз ҳисоби содироту воридот, транзит ва дигар намудҳои истифодабарии объекти олами наботот ва ҳайвонот маблағҳои калон ба ҷумҳурӣ ворид мешаванд, ки на танҳо хароҷоти ҳаққи аъзогиро мепӯшонад, балки буҷети кишварамонро ғанӣ мегардонанд.
Шомил шудан ба Конвенсияи мазкур боиси коҳиш ёфтани гардиши беназорат ва ғайриқонунии намудҳои нодири набототи ёбоӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ мегардад, ки мавриди таҳдиди нестшавӣ қарор доранд.
Айни ҳол, аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор нашри дуюми Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гашта, чоп шуда истодааст, ки ба он 269 намуди наботот ва 214 намуди олами ҳайвонот ворид гаштааст. Аъзои комилҳуқуқи Конвенсия шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо имконият медиҳад, ки назорати ҳифзи намудҳои набототу ҳайвоноти ба Китоби Сурх воридшуда пурзӯр гардад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои нуҳ Конвенсия ва чор Протоколҳои байналмилалӣ мебошад ва ба ин рӯйхат ҳамроҳ шудани як Конвенсияи муҳими дигар барои баланд бардоштани обрӯю эътибори ҷаҳонии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Муҳтарам вакилон, хоҳишмандем ҷиҳати тасдиқи Конвенсияи мазкур овоз диҳед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода дода мешавад.
Рустам ЛАТИФЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини изатманд!
Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (Конвенсияи СИТЕС), ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, манзур мегардад.
Маводи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2015 таҳти № 141 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд ва ҳамаи кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳ онро ҷонибдорӣ намудаанд.
Кумитаи масъул маводҳои Конвенсияи мазкурро дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам А. С. Фелалиев, намояндагони кумитаҳо, шуъбаҳои ҳуқуқ ва тарҷумаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, пешниҳод намудани онро ба баррасии ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон мувофиқи мақсад шуморид.
Конвенсияи мазкур аз 25 модда иборат буда, он ба андешидани тадбирҳои қатъӣ оид ба назорат, маҳдудияти савдо, пешгирии ҷойивазнамоии ғайриқонунии байналмилалӣ ва интиқоли намудҳои ҳайвоноту набототи зери хатари нобудшавӣ қарордошта тавассути сарҳади гумрукии кишварҳо танҳо бо тартиби мувофиқашудаи байналмилалӣ равона карда шудааст.
Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи СИТЕС ва иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фарогирии масъалаҳои ҳалталаби ҳамкориҳои байналмилалӣ яке аз қадамҳои зарурӣ барои таҳким бахшидан ба болоравии обрӯ ва мақому мартабаи ҷумҳурӣ мебошад.
Ҳамзамон дар дохили ҷумҳурӣ барои фаъолияти қонунӣ оид ба истифодаи намунаҳои намудҳои мазкур ба мақсадҳои илмӣ, фарҳангӣ, тиббӣ ва савдо тартиби муайян муқаррар шуда, низоми муомилот ба чунин намудҳо ҷавобгӯи талаботи сатҳи байналмилалӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз иҷозатномаҳо барои истифодаи чунин намудҳо дар давлатҳои дигар дода мешуданд.
Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи СИТЕС имконияти дар дохили ҷумҳурӣ гузаронидани расмиёти пурраи муомилот бо намудҳои ҳайвонот ва набототи зери хатари нобудшавидоштаро ба вуҷуд меорад, зеро тибқи муқаррароти Конвенсия ҳар як давлати аъзо расман мақоми маъмурӣ ва мақоми илмии худро таъсис дода, муомилот бо намудҳои мазкур ва ҳамчунин муносибот бо Котиботи Конвенсияро мустақиман ба роҳ мемонад.
Тавре вакилони муҳтарам иттилоъ доранд, Тоҷикистон соли 2012 ба узияти СУС қабул гардид. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 таҳти №691 «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС)» ба тасвиб расид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни раванди шомилшавӣ ба СУС ба 25 Конвенсия ва Протоколҳои Регламенти Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳ гардидааст ва барои ба даст овардани ҳуқуқи истифодаи тиҷорати имтиёзнок бояд ду конвенсияи дигар, аз ҷумла ба Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта ҳамроҳ шавад.
Узвият дар Конвенсияи СИТЕС, дар қатори чораҳои ҳифзи муҳити зист ва танзими истифодаи олами набототу ҳайвонот, ба ғанӣ гардонидани буҷети ҷумҳурӣ аз ҳисоби пардохтҳо барои иҷозатномаи истифодаи намудҳои мазкур, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои гумрукӣ, андозҳо аз фаъолияти ба он мансуб, инчунин ба танзими беҳтари фаъолияти соҳибкорӣ дар ин бахш мусоидат менамояд.
Конвенсияи мазкур ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз вакилони иззатманд хоҳишмандем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Доир ба тасдиқи Конвенсияи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна дода мешавад.
Меҳринамо ҶОНМА-МАДОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ ҳамчун ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Стратегияи баланд бардоштани некуаҳволии мардуми Тоҷикистон зикр гардидааст. Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ва таъмини пурраи аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Туфайли сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат дар ин самт барномаҳо ва лоиҳаҳои зиёд амалӣ гардида, сол то сол таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ беҳтар мегардад.
Ба муҳокимаи шумо, муҳтарам вакилон, Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки ба маблағи 2,7 миллион доллари ИМА мебошад.
Бояд зикр намуд, ки баҳри амалӣ намудани лоиҳаи мазкур соли 2010 байни Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Созишномаи қарзӣ ба маблағи 10,0 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шудааст. Инчунин соли 2012 Созишномаи грантӣ ба маблағи 10,0 миллион доллари ИМА ва соли 2015 Созишномаи грантии мазкур ба маблағи 2,7 миллион доллари ИМА байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шудаанд, ки дар маҷмӯъ, маблағи умумии лоиҳа 22,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил намуда, ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии обтаъминкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Қайроққум, Конибодом, Истиқлол ва Хоруғ равона карда мешавад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2012 оғоз ёфта, то соли 2016 идома хоҳад ёфт. Мақсади асосии лоиҳа сохтмон, таъмир ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ, харид ва таъмини таҷҳизоти лабораторӣ ҷиҳати безарар гардонидани оби нӯшокӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва сари вақт бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ, инчунин беҳтар намудани фаъолияти Корхонаҳои фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳру ноҳияҳои шимоли ҷумҳурӣ ва шаҳри Хоруғ мебошад.
Маблағи Созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 2,7 миллион доллари ИМА барои иҷрои як қатор корҳои сохтмонию харидорӣ ва барқарорсозии системаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои шимол ва шаҳри Хоруғ равона мегардад.
Аз ҷумла:
-«Барқарорсозии шаба-каҳои обтаъминкунӣ ва обанбори марказии шаҳраки Бобоҷон Ғафуров» — 440000,0 доллари ИМА;
- «Барқарорсозии истгоҳи насосии кӯтали 2-юм ва технологияи коммуникатсионӣ, инчунин барқарорсозии сехи хлормаҳлулкунӣ дар шаҳри Чкалов» — 428 747,0 доллари ИМА;
- «Барқарорсозии обанбори Чоркӯҳ ва Сурх, бино ва хлормаҳлулкунӣ дар шаҳри Исфара» — 270000,0 доллари ИМА;
- «Сохтмони обанбор ва иншооти обгузари Боғивдараи шаҳри Хоруғ» — 200000,0 доллари ИМА;
-«Барқарорсозии чоҳ, истгоҳи насосии кӯтали 2-юм, системаи канализатсионӣ ва технологияи ком-муникатсионӣ, сохтмони сехи нави хлормаҳлулкунӣ дар шаҳри Қайроққум» — 520000,0 доллари ИМА;
- «Сохтмони истгоҳи нави насосии Пойменная, истгоҳи насосии кӯтали 2-юм ва сехи хлормаҳлулкунӣ дар шаҳри Конибодом» — 678 832,0 доллари ИМА;
- «Барқарорсозии каптажҳои Тал Сай ва Подхоз, инчунин обанбор ва истгоҳи насосии Так Мак дар шаҳри Истиқлол (Табошар)» — 90000,0 доллари ИМА;
- захира барои хароҷотҳои пешбининашуда – 92421,0 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур сифати оби нӯшокӣ беҳтар гардида, эътимоднокии таъминоти оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳои Чкалов, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Қайроққум, Конибодом, Истиқлол ва Хоруғ таъмин карда мешавад. Аз ин лиҳоз, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи грантии пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.
РАИС: Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.
ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 феврали соли 2015 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июни соли 2015 таҳти № 152 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Мақсади Созишнома ин ҷудо намудани грант оид ба амалӣ гардидани лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунӣ, расонидани кумак дар амалисозии гузариш ба муносибатҳои бозоргонӣ, инчунин мусоидат ҷиҳати татбиқи ташаббусҳо дар бахшҳои давлатӣ ва хусусии иқтисодиёти шаҳрҳои шимоли Тоҷикистон мебошад.
Мутобиқи шартҳои Созишнома, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба маблағи ду миллиону 720 ҳазор доллари америкоӣ, грантро аз ҳисоби воситаҳои Фонди махсуси Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои хариди мол, кор ва хизматрасонии муайяни ба лоиҳа алоқаманд ҷудо менамояд, ки марҳилаи сеюми лоиҳаро дар бар мегирад.
Маблағи умумии лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» 25 миллиону 890 ҳазор доллари америкоиро ташкил медиҳад.
То ин давра ҷиҳати иҷрои корҳои барқарорсозию харидорӣ 16 адад қарордодҳо ба маблағи умумии 13 млн. 508 ҳазор доллари америкоӣ бо ширкатҳои пудратӣ ба имзо расонида шудааст. Маблағи умумии азхудгардида 10 млн. 563 ҳазор доллари америкоиро ташкил менамояд, ки аз ин 6 млн. 750 ҳазор доллари америкоӣ маблағҳои қарзӣ ва 3 млн. 810 ҳазор доллари америкоӣ маблағҳои грантӣ мебошад. Фоизи маблағҳои азхудгардида то ин давра 52 фоизро ташкил менамояд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ, Созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.
18 июни соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тасдиқи онро мувофиқи мақсад шумориданд.
Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷавобгӯй мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро дастгирӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи Созишнома тариқи мубодилаи мактубҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи лоиҳаи татбиқи корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна дода мешавад.
Меҳринамо Ҷонма-мадова: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз вазифаҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комплекси нақлиётӣ мавқеи махсус дошта, дар солҳои истиқлолият бо дастгириҳои бевоситаи Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарзи куллӣ дигаргун шуда истодааст. Сохтмон ва таҷдиди роҳу нақбҳо, ки робитаи ҳамасолаи маркази ҷумҳуриро бо ҳамаи минтақаҳо таъмин менамояд, босуръат идома дорад.
Дар баробари таҷдиду бунёди роҳҳои автомобилгарди байналмилалӣ дар солҳои охир бо супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷалби маблағҳои бебозгашти Шарикони рушд роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта низ таҷдиду таъмир шуда истодаанд.
Ба ин мақсад аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои техникию иқтисодӣ ба маблағи 120 миллион юани хитойӣ кумаки бебозгашт расонида шуд, ки тариқи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой 22 августи соли 2011 ба имзо расидааст. Дар доираи маблағҳои мазкур таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб пешбинӣ карда шудааст.
Барои амалӣ намудани ин мақсад мактубҳои мубодилавии Сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой аз 8 июли соли 2014 аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ба унвони вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мактуби мубодилавии вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2014 ба унвони Сафири Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба истифодабарии 60 миллион юан дар доираи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ирсол карда шудааст.
Маблағи мазкур барои татбиқи лоиҳаи тармиму таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Қӯрғонтеппа дар масофаи 6 км 765 метр ва шаҳри Кӯлоб дар масофаи 5 км 814 метр ҷамъ дар масофаи 12 км 579 метр равона карда мешавад.
Дар моҳи декабри соли 2014 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани Пудратчии асосии ин Лоиҳа озмун эълон гардида, бо натиҷаи он филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи Ҷумҳурии Халқии Хитой ғолиб дониста шудааст.
Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми иҷроияи (Фармоишгари) Лоиҳаи мазкур тасдиқ гардидааст.
Аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пудратчии асосии Лоиҳа ду шартномаҳои алоҳида аз 17 апрели соли ҷорӣ ба маблағи умумии 58,4 миллион юани хитойӣ, аз ҷумла барои татбиқи корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Қӯрғонтеппа ба маблағи 29,2 миллион юани хитойӣ ва шаҳри Кӯлоб низ ба маблағи 29,2 миллион юани хитойӣ ба имзо расонида шудааст.
Мувофиқи ин шартномаҳо маблағҳои грантӣ барои иҷрои корҳои зерин пешбинӣ карда шудаанд:
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа:
- барои корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳо — 24,8 миллион юан;
- сохтмони роҳи зеризаминӣ — 1,3 миллион юан;
- таъмири кӯпрукҳо — 1,0 миллион юан;
- барои дигар иншооти роҳдорӣ — 2,1 миллион юан.
Дар шаҳри Кӯлоб:
- барои корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳо — 24,8 миллион юан;
- сохтмон ва таъмири кӯпрукҳо — 4,4 миллион юан.
Бояд зикр намуд, ки дар дохили маблағҳо барои корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳо иҷрои корҳо вобаста ба таъмиру азнавсозии обравҳо, равшаннамоӣ, васлкунии чароғакҳои роҳнамо ва дигар иншооти зарурии роҳдорӣ низ пешбинӣ карда шудааст.
Мутобиқи шартҳои мактубҳои мубодилавӣ ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой уҳдадор шудааст, ки маблағи грантии мақсаднокро ҷудо менамояд. Дар навбати худ ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор мебошад, ки ҷониби хитойиро аз пардохти боҷҳои гумрукию андоз ва дигар боҷҳои барои таҷҳизотҳои зарурӣ, маводҳо ва асбобҳои рӯзгории коршиносони хитойӣ, аз ҷумла ширкати хитойиро оид ба идораи лоиҳа аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо дар хариди маводҳои конселярӣ, воситаҳои нақлиёт ва ғайра, ки ба татбиқи лоиҳа мансубият доранд, озод намояд.
Дар асоси банди 3-юми моддаи 16-уми Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) намудани мактубҳои мубодилавӣ аз 8 ва 14 июли соли 2014 ба миён омадааст.
Бинобар ҳамин, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома тариқи мубодилаи мактубҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи лоиҳаи татбиқи корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб» таҳия карда шуда, дар ҷаласаи имрӯза ба баррасии шумо пешниҳод шудааст.
Аз ин лиҳоз ҷиҳати татбиқи лоиҳа ва сари вақт сохта, ба истифода додани роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қарори пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна дода мешавад.
Гулбаҳор ТУРСУНОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!
Созишнома тариқи мубодилаи мактубҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи лоиҳаи татбиқи корҳои таъмирию барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб, ки 8 ва 14 июли соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааcт.
Мақсади Созишномаи мазкур густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои техникию иқтисодӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой, аз ҷумла сохтмон, таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб, самаранок истифода намудани маблағҳои грантӣ ва дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ мебошад. Иҷрои Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой аз 22 августи соли 2011 аз ҳисоби маблағгузориҳои грантии Ҷумҳурии Халқии Хитой амалӣ карда мешавад.
Дар ин асос мактубҳои мубодилавии Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ва 14 июли соли 2014 пешниҳод шудааст, ки тибқи моддаи 1-уми Созишнома Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 120 миллион юани хитойӣ ҳамчун кумаки бебозгашт ҷудо гардидааст.
Ҷониби хитойӣ уҳдадориро ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои сохтмони лоиҳаи мазкур сафарбар менамояд.
Ҷониби тоҷикистонӣ уҳдадориро ҷиҳати таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, тавассути тендер интихоб намудани пудратчӣ, мустақилан муайян намудани машваратчиён оид ба лоиҳа ва ташкил намудани татбиқи лоиҳа ба зимма мегирад, инчунин уҳдадор аст, таҷҳизоти зарурӣ ва маводҳо, ки ба татбиқи лоиҳаи зикргардида мансубият доранд, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозӣ озод намояд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Рӯзи 19 июни соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.
Созишномаи мазкур ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ мебошад.
Вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳишмандем, ки Созишномаи мазкурро дастгирӣ намуда, ба ҷонибдории он овоз диҳед.
Дар хусуси тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонмамадова Меҳринамо Худододовна дода мешавад.
Меҳринамо ҶОНМА-МАДОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба муҳокимаи шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015», ки дар асоси талаботи моддаҳои 56 ва 63 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013 таҳти №1004 дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таҳия гардидааст, пешниҳод карда мешавад.
Бояд тазаккур дод, ки намояндагии Ширкати саҳомии дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ширкатҳои татбиқкунандаи лоиҳаҳои энергетикӣ дар ҷумҳурӣ буда, тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби маблағҳои ширкат бо тариқи эҳсонкорӣ як қатор иншооти иҷтимоӣ ва инфрастохториро дар қаламрави ҷумҳурӣ бунёд намояд. Аз ҷумла сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи 104-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе (23,8 миллион сомонӣ), барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки деҳоти «Қалъаи Дашт»-и ноҳияи Файзобод (23,8 миллион сомонӣ), барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ (10,8 миллион сомонӣ), барои 640 ҷойи нишаст дар мавзеи Данғараи болои ноҳияи Данғара (10,8 миллион сомонӣ), барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат (10,8 миллион сомонӣ) ва инчунин сохтмон ва азнавтаъмиркунии 20 км роҳи автомобилгард дар ноҳияи Данғараро амалӣ намуда, ройгон ба мақомоти дахлдори давлатӣ месупорад.
Барои амалигардонии ташаббуси худ намояндагии Ширкати саҳомии дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ зиёда аз 159 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои сохтмони панҷ мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ – 80 миллион сомонӣ ва сохтмону азнавтаъмиркунии 20 км роҳи автомобилгард -79 миллион сомониро ҷудо менамояд.
Дар моддаҳои 56 ва 63-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки тариқи эҳсонкорӣ муассисаҳои таълимӣ сохта, онҳоро ба моликияти давлатӣ месупоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда мешаванд.
Бо ҳамин мақсад ҷиҳати ҳавасманд намудани ташаббуси эҳсонкории Ширкати саҳомии дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани фармоишгар ва пудратчиёни сохтмони иншооти номбурда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида, инчунин аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти мол пешбинӣ карда шудааст.
Зикр кардан зарур аст, ки маблағи умумии имтиёзҳои андозӣ (иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо ва воридоти молҳо) тақрибан 17,6 миллион сомонӣ, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда – 7,9 милллион сомонӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард – 1,1 миллион сомонӣ, андоз аз фоида – 1,1 миллион сомонӣ ва ҳангоми воридоти молҳо андоз аз арзиши иловашуда -6,1 миллион сомонӣ, боҷи гумрукӣ – 1,4 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст.
Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Салимзода Комил дода мешавад.
Комил САЛИМЗОДА: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2015 таҳти № 164 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Барои амалӣ гардонидани ташаббуси худ намояндагии Ширкати саҳомии дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 159 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои сохтмони панҷ мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ — 80 миллион сомонӣ ва сохтмону азнавтаъмиркунии 20 км роҳи автомобилгард — 79 миллион сомониро ҷудо менамояд.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод карда шудааст, ки ба моддаи 15-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» қисми 11 бо мазмуни зайл илова карда мешавад:
«11. Дар соли 2015 иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби фармоишгар ва пудратчиёни сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷойи нишаст дар маҳаллаи 104-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Элоки деҳоти «Қалъаи Дашт»-и ноҳияи Файзобод, барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ, барои 640 ҷойи нишаст дар деҳаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат, барои 640 ҷойи нишаст дар мавзеи «Данғараи боло»-и ноҳияи Данғара ва сохтмону азнавтаъмиркунии 20 км роҳи автомобилгард дар ноҳияи Данғара аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.
Воридоти мол аз ҷониби фармоишгар ва пудратчии асосӣ барои сохтмони иншооти мазкур тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешавад.».
Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. Исоев