Якуми июли соли 2024 дар Бухарест иҷлосияи солонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) шурӯъ гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сарвиноз Маҷидзода иштирок доранд.
Мавзуи иҷлосия «Нақши САҲА дар меъмории кунунии амният: дурнамои парлумонӣ» буда, то 3 июл идома хоҳад ёфт. Дар назар аст, ки эъломияи Бухарест бо тавсияҳо дар заминаи амният, ҳуқуқи башар, мушкилоти иқтисодию экологӣ ва интихоби мақомоти нави роҳбарикунандаи созмони мазкур баррасӣ гардад.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ