Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Дар Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагон даъвати шашум 634 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

№88 (4671) 30.06.2023

DSC_6372Сиюми июни соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам вакилон!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зариф Ализода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзнома як масъала пешниҳод шудааст. Доир ба он таклифҳои дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш мекунам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо фарогирии масъалаи зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум».

(Кори ҷаласаро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло идома дод).

Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА:

- Вакилони муҳтарам!

Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» шурӯъ менамоем.

Ҳоло аз рӯи масъала, бо камоли эҳтиром, сухан ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокир­зода дода мешавад. Марҳамат.

Маҳмадтоир Зокирзода:

- Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама, ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки чанд рӯз қабл дар саросари кишвар ҷашн гирифта шуд, ҳамаи шуморо самимона табрику шодбош гуфта, бароятон саодати рӯзгор, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу суботи ҷовидона орзумандам.

Иҷлосияи сипаришуда барои тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла барои мо – вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли таърихӣ ва фаромӯшнашаванда ба шумор меравад, зеро дар ин сол 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Иҷлосияи тақдирсоз дар таърихи халқи тоҷик роҳу самтҳои инкишофи ояндаи иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии ҷумҳуриро равшан намуда, тамоми рӯйдодҳо ва дастоварду ком­ёбиҳои Тоҷикистони азиз аз ҳамон замон сарчашма гирифтааст.

Дар асоси моддаи 48-и Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор буда, муҳлати ваколати он 5 сол мебошад. Одатан дар давоми як даъват фаъо­лияти он бо баргузории 6 иҷлосия хулоса мешавад.

Бо амри замон ибтидои фаъолияти вакилони даъвати шашуми Маҷлиси намояндагон ба даврае рост омад, ки бемории сироятии коронавирус COVID-19 бо суръати том дар саросари ҷаҳон доман паҳн мекард ва ба фаъолияти муназзами тамоми сохторҳои давлатҳои олам ва иқтисодиёту иҷтимоиёти сартосарӣ таъсири манфию амиқ гузошта буд. Дар ҳамин гуна шароит, ба шарофати тадбирҳои фаврию амалии дар самти беҳдоштӣ ва пешгирии ин вабои аср андешидаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон вакилони мо тавонистанд, новобаста аз маҳдудиятҳои мавҷуда, дар тӯли чор иҷлосия ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.

Дар ин давра, тибқи талаботи моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 маротиба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Аз ҷумла дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз нав ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон маросими савгандёдкунии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъину озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, ироаи ҳамасолаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», инчунин ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон рӯи кор омаданд. Қобили зикр аст, ки масъалаи додани ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар таърихи фаъолияти мақоми олии қонунгузор ҳодисаи нахустин буд.

Хушбахтона, пас аз додани ризоият, афсарону сарбозони шуҷои Ватан таҳти роҳнамоиҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати хизматию уҳдадориҳои ҳарбиро мардонавор ва бомуваффақият иҷро намуда, сарбаландона ба Ватан баргаштанд.

Қонунгузорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар тӯли фаъолияти чор иҷлосияи гузаш­та 115 маҷлиси Шӯро ва 90 ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор гардида, дар доираи онҳо беш аз 2 ҳазору 492 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин давра 386 қонун, аз ҷумла 58 қонуни мукаммал, 6 кодекс, 19 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 185 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 117 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо таҳия ва манзур карда шуда, аз он 293 қонун қабул гардидааст. Инчунин, беш аз 164 созишномаву протокол тасдиқ шуданд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки амалияи қонунҳои қабулгардида муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, ба устувории сохтори қонунгузории кишвар замина фароҳам оварданд ва ба таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.

Баргузор намудани муҳокимаҳои парламентӣ яке аз василаҳое мебошад, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тавассути таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузорӣ ва барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ба пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми босазо гузоранд ва дар ин замина ҷараёни татбиқи қонунҳои соҳавиро таҳлилу баррасӣ намоянд. Дар ин раванд 16 маротиба муҳокима ва соатҳои парламентӣ баргузор гардида, беш аз 10 маротиба мизҳои мудаввар гузаронида шудааст, ки албатта, натиҷаи он ба рушду инкишофи фаъолияти вакилӣ мусоидат намуд.

Самти дигари фаъолияти мо — вакилони мардумӣ дар ҷодаи намояндагӣ вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва расидагӣ ба мушкилоти онҳо мебошад. Дар ин давра вакилони Маҷлиси намояндагон 4 маротиба бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ вохӯриву мулоқотҳои судманд барпо намуданд, ки ҳадаф аз он шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», инчунин баррасӣ ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи сокинони мамлакат буд.

Дар ин давра робитаҳои байнипарламентӣ бо кишварҳои ҳамҷавор тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ тақвият дода шуданд.

Ҳоло дар Маҷлиси намояндагон бо беш аз 78 давлати хориҷӣ гурӯҳҳои муштараки дӯстӣ таъсис дода шудааст, ки фаъолияти онҳо ба густариши равобити байнипарлумонӣ нақши босазо гузошта истодааст. Инчунин, дар ин давра вакилони Маҷлиси намояндагон бахши ҳамкориҳои байнипарламентиву хориҷиро дар баробари роҳҳои суннатии муносибатҳо тавассути баргузории алоқаҳои маҷозӣ — видеокон­фронсҳо ва суҳбату вохӯриҳоро ба таври фосилавӣ роҳандозӣ намуданд, ки ин таҷриба то имрӯз идома дорад.

Умед аст, ки фаъолияти қонунгузорӣ дар давраи навбатӣ — Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон боз ҳам густариш хоҳад ёфт.

Ҳозирини гиромӣ!

Тибқи муқаррароти моддаи 53-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мақоми корӣ ва ҳамоҳангсози Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мебошад ва пешрафти кори вакилон низ аз сатҳу сифати корбарӣ ва фаъолияти кормандони он вобастагӣ дорад.

Дар ин давра бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ, ваколатҳо, ҳаҷм ва доираи фарогирии вазифаҳо сохтори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 – уми августи соли 2016 «Дар бораи тасдиқи Феҳристи мансабҳои давлатӣ» мутобиқ гардонида шуд. Ҳамчунин, бо мақсади мушаххас намудани вазифа ва ҳуқуқу уҳдадориҳо ба Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон тағйироти куллӣ ворид шуда, мақоми аксарияти шуъбаҳои амалкунанда ба сатҳи раёсат баланд бардошта шуд, ки бешак, ба фаъолияти самараноку муназзами Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мусоидат намуд.

Илова бар ин, дар Маҷлиси намояндагон як қатор корҳои ободониву сохтмонӣ, аз ҷумла таъмиру азнавсозии ошёнаи якуми даромадгоҳи асосӣ, роҳрави ошёнаи дуюм, толори баргузории ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, маҷлисгоҳи хурд ва толори вохӯрии як ба як, осорхона ва китобхона, роҳандозӣ гардиданд.

Инчунин, бо мақсади таъмини вазъи иҷтимоии вакилон ва кормандони Дастгоҳ, ошхона аз таъмири куллӣ бароварда, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки имрӯз дар он хизматрасонӣ бо нархи дастрасу сатҳи лозимӣ тибқи талаботи санитариву беҳдош­тӣ ба роҳ монда шудааст.

Албатта, бо дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, минбаъд низ корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дода мешаванд.

Вакилони гиромӣ!

Тавре медонед, тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Раиси Маҷлиси намояндагон доир ба фаъо­лияти Маҷлиси намояндагон дар давраи иҷлосияи гузашта гузориш медиҳад.

Дар ин асос, ҳоло гузоришро вобаста ба фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум манзури шумо хоҳам кард.

Дар давраи ҳисоботӣ як маротиба ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» манзур намуданд. Дар Паём рафти амалигардонии ҳадафҳои стратегии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон возеҳу мушаххас баён гардида, вазъи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон, буҳрони иқтисодӣ ва молиявӣ, инчунин роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда махсус таъкид карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба фаъо­лияти мақоми олии қонунгузори кишвар иброз доштанд, ки рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан амалӣ намудани стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар, тақозо менамоянд, ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд. Ин вазифа аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз парламенти кишвар талаб менамояд, ки фаъолиятро ҳамаҷониба тақвият бахшад.

Зимнан, таъкид шуд, ки вазифаҳои дар назди мо қарордошта тақозо менамоянд, ки фаъолияти Маҷлиси Олӣ барои қабули қонунҳои саривақтии мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият дода шавад. Ин масъала дар навбати худ ҳамкории зичу доимии парламентро бо дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ, талаб менамояд.

Яке аз муҳимтарин нуктаҳои дигаре, ки дар Паёми Пешвои миллат вобаста ба масъулияти мо таъкид гардида буд, омодагии ҳамаҷониба ва ҳиссагузорию мусоидати пайваста ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин росто, Сарвари давлат, ҳамчунин, дар наз­ди масъулин ва сохторҳои дахлдор вазифа гузоштанд, ки ба ин раванд бо масъулияти том ва ҳисси баланди ватандӯстӣ муносибат карда, ба масъалаи бунёди иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан ободу зебо гардонидани маҳали зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Мутмаинем, ки сокинони ватандӯст ва бонангу номуси мамлакат дар пайи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо камоли масъулияту ифтихор ҷашни дарпешистодаи 35-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои беназиру самарабахш истиқбол мегиранд.

Мо – вакилони мардумӣ низ дар навбати худ барои амалигардонии ҳамаи дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён ёфтаанд, тамоми неру ва малакаву таҷрибаи кориро равона хоҳем кард.

Ҳозирини гиромӣ!

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум фаъолиятро дар асоси волоияти қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба роҳ монда, дар ин давра 28 ҷаласаи Шӯро ва 25 ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 634 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда 451 қарори Шӯро ва 183 қарори Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида қабул гардид. Ба ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон 97 қонун, аз ҷумла 14 қонуни мукаммал, 3 кодекс, 1 қонуни конститутсионӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонуни конститутсионӣ, 49 қонун оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда, 30 қонун оид ба ворид кардани тағйи­ру иловаҳо ба кодексҳо, инчунин беш аз 38 созишномаву протокол ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ манзур гардидаанд.

Дар умум, дар давраи иҷлосияи сипаришуда беш аз 48 қонун бо тартиби муқарраргардида қабул гардида, 47 лоиҳа дар баррасии кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, инчунин 8 лоиҳаи қонуни дигар барои ҷонибдорӣ ба Маҷлиси миллӣ ирсол ва дар муҳокима қарор дорад.

Дар ин давра аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамбастагӣ бо узви Маҷлиси миллӣ (ба таври омехта) 17 лоиҳаи қонун таҳия ва пешниҳод шуда, вакилони Маҷлиси намояндагон дар пешниҳоди 48 лоиҳа иштирок карданд.

Қобили қайд аст, ки дар ин давра вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум қонунҳоеро қабул намуданд, ки дар таҷрибаи қонунгузории кишвар бори нахуст мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз ҷумлаи чунин қонунҳо ба шумор меравад. Қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузорӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Маврид ба зикр аст, ки то қабули қонуни мазкур вобаста ба масъалаи танзими ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа, тақсимоти вазифаҳо дар байни мақомоти баамалбароварандаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайянсозандаи масъулияти онҳо санади қонунӣ қабул нашудааст.

Қонуни зикршуда аз 5 боб ва 21 модда иборат буда, дар он принсипҳои самтҳои тарбияи ватандӯстӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, муносибатҳои вобаста ба ташкили заминаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, таъмин ва танзими фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муайян гардидаанд.

Тавре огоҳед, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 – уми декабри соли 2019 чунин иброз намуда буданд: «Ҳадафи мо аз такмили қонунгузорӣ, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ, махсусан, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, равона гардидааст, ҷорӣ намудани низоми дақиқи андозбандӣ, сода гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва роҳандозии чораҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад».

Дар ин замина, ду ҳафта қабл Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул карда шуд, ки минбаъд тамоми амал ва фаъолияти тавассути иҷозатнома ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ амалишаванда, инчунин масъалаҳои алоқаманд бо додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ба фаъолият, амал ва мол дар доираи як қонуни мукаммал танзим мегарданд.

Инчунин, дар ин давра дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим менамояд.

Бояд қайд намуд, ки муносибатҳои ҳуқуқии маданӣ яке аз самтҳои мураккаби муносибатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад, чунки он асоси муносибатҳои соҳибкорӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, истифодабарии замин, оид ба истифодаи захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва ғайраро дар бар мегирад. Ба ҳамин монанд, вакилони Маҷлиси намояндагон дар таҳия ва қабули як қатор қонунҳои дигари мукаммалу самарабахш ташаббус зоҳир намудаанд.

Қобили қайд аст, ки фаъолияти муназзами Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сатҳи корбарии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон вобастагӣ дошта, фаъолияти Маҷлиси намояндагонро бо сохторҳои марбута ҳамоҳанг сох­та, масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ, коргузорӣ, иттилоотӣ ва моддию техникиро таъмин менамояд.

Дар ин давра зери роҳбарии роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон сардорони воҳидҳои сохтории он ва мушовирони кумитаву комиссияҳо ба фаъолияти қонунгузорӣ саҳми босазо гузоштанд. Дар маҷмӯъ, фаъолияти тамоми кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, аз ҷумла кормандони техникиву ҳайати хизматрасони он, назаррас арзёбӣ мегардад. Умед дорам, ки фаъолияти онҳо минбаъд низ бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ идома хоҳад ёфт.

Албатта, новобаста аз комёбиҳои бадастомада, мо – вакилонро зарур аст, ки аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ бештару самараноктар истифода намуда, тавассути омӯзиши таҷрибаи давлатҳои тараққикарда фаъолияти қонунэҷодкуниро рушд диҳем ва рафти қабули қонунҳоеро тақвият бахшем, ки дар ҳамаи соҳаҳо ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд.

Дар ин давра фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон дар самти ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои парламентӣ назаррас буда, 8 маротиба муҳокима ва соатҳои парламентӣ, инчунин беш аз 5 маротиба мизҳои мудаввар баргузор шудаанд.

DSC_6387Вакилони гиромӣ!

Самти дигари фаъолияти мо – вакилони мардумӣ дар ҷодаи намояндагӣ вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва расидагӣ ба мушкилоти онҳо мебошад. Дар ин давра вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар ҳавзаҳои интихоботӣ ду маротиба вохӯриву мулоқотҳои судманд барпо намуданд, ки ҳадаф аз онҳо:

- шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пайгирии иҷрои дастуру супоришҳои дар сатҳи гуногун додаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон вобаста ба масъалаҳои муҳиму мубрами рӯз, аз ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишт, захираи дусолаи маҳсулоти хӯроквории ниёзи аввалия, сарфаю самаранок истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он,аз даст надодани ҳушёриву зиракии ­сиёсӣ дар замони пуртаҳаввули ҷаҳони муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва равияҳои ифротӣ, даъват ба хизмати ҳарбӣ, татбиқи бемайлону риояи ҳамаҷонибаи талаботи қонунҳои миллии кишвар – қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин омодагию ҳиссагузориҳо барои дар сатҳи лозимӣ истиқбол намудани ҷашни дарпешистодаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳоят, дар доираи ваколату салоҳиятҳо кумаку мусоидат кардан ба сокинони мамлакат дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва масъалаҳои онҳоро нигаронкунанда мебошанд. Албатта, чунин вохӯриву мулоқотҳо мунтазам идома дода мешаванд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 415 муроҷиати хаттӣ ворид гардидааст. Илова бар ин, дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон, ки ҷараёни он тибқи ҷадвал роҳандозӣ гардидааст, беш аз 198 нафар шаҳрванд қабул шуданд. Муроҷиатҳои манзуршуда тибқи таъинот дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар ин раванд, мо-вакилони мардумиро зарур аст, ки минбаъд ҳам ба интихобкунандагон ҳамеша дастрас бошем ва ҳангоми сафарҳои хизмативу корӣ дар маҳалҳо дар доираи ваколату салоҳиятҳоямон барои ҳалли мушкилоти шаҳрвандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Танҳо бо чунин роҳ метавонем обрӯю эътиборамонро ҳамчун вакил ва боварию эътимоди интихобкунандагонро ба худ баланд бардорем.

Ҳозирини гиромӣ!

Новобаста аз хатару таҳдидҳои пешгӯинашаванда дар ин давра Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти рушди устувори сиёсати хориҷӣ қадамҳои ҷиддӣ гузошта, дар ин замина, муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон низ тақвият ёфтанд.

Дар давоми Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Алҷазоир, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Гурҷистон, Филлипин, Япония, Туркия, Ветнам, Австрия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сингапур, Швейтсария, Олмон, Ҷумҳурии Арабии Миср ва Ҷумҳурии Халқии Хитой сафарҳои корӣ анҷом доданд. Дар ин замина, барои боз ҳам тақвият бахшидан ба сатҳи ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамҷавор ва созмонҳои байналмилалӣ вохӯриҳои сатҳи олӣ баргузор гардиданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон бо як қатор меҳмонони олиқадр, роҳбарони гурӯҳҳои дӯстӣ ва дигар ашхоси давлатию сиёсии кишварҳои хориҷӣ, ки ба кишвари мо бо сафарҳои расмию корӣ ташриф оварданд, вохӯриву мулоқотҳо баргузор гардид. Аз ҷумла, мулоқоту дидорҳои судманди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, Амири Давлати Қатар Шайх Тамим Бин Ҳамад Оли Сонӣ ва бо Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Соғиба Али қизи Ғаффорова дар шаҳри Душанбе доир гардиданд.

Зимни ин мулоқотҳо масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Инчунин, дар ин давра, аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон, муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаву комиссияҳо ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо як қатор сафирон ва намояндагони кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо сафирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Молдова, Корея, Озарбойҷон, Қазоқистон, Подшоҳии Шветсия, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Давлати Фаластин ва Ҷумҳурии Португалия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дафтари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони расмӣ суҳбату вохӯриҳо баргузор гардиданд.

Қобили зикр аст, ки иштирок дар чорабиниҳои аҳамияти минтақавию ҷаҳонидошта ба рушди бемайлони ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байнипарламентӣ ва муаррифии парламентаризми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ заминаи мусоид мебошад.

Моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд ва моҳи апрели соли 2023 дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаҳои Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва моҳи майи соли равон ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар шаҳри Минск баргузор гардид. Инчунин, 17-умин конфронси байналмилалии Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир ва нахустин Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва нақши парлумонҳо дар ин раванд» дар шаҳри Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, ки дар кори онҳо ҳайати расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, моҳи майи соли ҷорӣ ҳайати расмии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи махсуси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 100-солагии Пешвои умумимиллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиев дар шаҳри Боку иштирок намуданд. Дар кори ҷаласа номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми мардуми бародари Озарбойҷон ироа гардид.

Дар ҳошияи сафарҳо бо раисони Маҷлиси миллии халқии Алҷазоир, Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон, Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқис­тон ва Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вохӯриҳои расмӣ барпо гардиданд, ки албатта, ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ мусоидат намуданд. Дар ин замина, мулоқоту сафарҳои муовини якум, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар сатҳу доираҳои гуногун низ амалӣ гардиданд, ки асоси фаъолияти байнипарламентиву робитаҳои хориҷии Маҷлиси намояндагонро ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки дар ин давра вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолияти пурсамар анҷом дода, вазифаҳои раис ва муовини раиси комиссияҳоро ба уҳда доранд. Аз ҷумла, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, оид ба иқтисод ва молия, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният дар ҷаласаҳои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баромаду суханронӣ намуда, дар таҳияи санадҳои аҳамияти байналмилаливу минтақавидошта саҳми босазо гузоштанд.

Дар маҷмӯъ, фаъолияти вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамоиш ва рӯйдодҳои байнипарламентиву байналмилалӣ дар давраи ҷараёни Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум хеле назаррас буд, зеро вакилони пуртаҷриба бо маърӯзаву гузориш ва пешниҳодҳои хеш манфиати халқу давлатро ҳимоя намуда, мавқеи кишвар ва дастоварду пешравиҳои миллати куҳанбунёдро ба намояндагони воломақоми ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.

Вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Ин буд гузориши мухтасар оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки ба самъи шумо расонидам.

Тавре шумо – вакилони арҷманд медонед, тибқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» Раиси Маҷлиси намояндагон дар баробари пешниҳоди ҳисобот вобаста ба лоиҳаи «Барномаи кори қонунгузорӣ барои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» гузориш медиҳад.

Дар иҷлосияи сипаришуда «Барномаи кори қонунгузорӣ барои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» низ бо қарори Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардида, дар доираи он таҳияи 50 лоиҳаи қонун пешбинӣ гардида буд. Тибқи маълумот, то ҳоло 41 қонун таҳия ва манзур шуда, 3 лоиҳаи қонун, бинобар аз байн рафтани зарурат, хориҷ гардида ва пешниҳоди 6 лои­ҳаи боқимонда дар «Барномаи кори қонунгузорӣ барои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум» ба нақша гирифта шудааст.

Лоиҳаи «Барномаи кори қонунгузорӣ барои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» таҳия гардида, нусхаи он манзури шумо гардонида шудааст.

Тибқи барномаи тарҳрезишуда, дар иҷлосияи навбатӣ қабули беш аз 40 қонуни гуногунсамт ба нақша гирифта шудааст, ки албатта, теъдоди мазкур ниҳоӣ намебошад ва ин барнома фаъолияти қонунэҷодкунии вакилонро маҳдуд намекунад. Амалӣ гардонидани барномаи мазкур аз ҳар яки шумо – вакилони гиромӣ, масъулияти баланд ва фаъолияти пурсамарро тақозо менамояд.

Умед дорам, ки қабули қонунҳои банақшагирифташуда ба таъмини сатҳи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаҳои воқеӣ ва мусоидаткунанда фароҳам хоҳанд овард.

Дӯстони азиз!

Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳанд, ки нисбат ба ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоламонро аз таъсири тазодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осудаи Ватан саъю талоши бештар намоем.

Албатта, дар ин ҳолат ҳамон миллате манфиатҳои худро ҳимоя карда метавонад, ки Сарвари оқилу доно ва Пешвои ватанпарвару дурнигар дошта бошад. Мо, хушбахтона, чунин Сарвари давлат ва Пешвои миллат дорем, ки тамоми ҳастиашонро дар роҳи ҳифзи истиқлолияти давлативу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи комилу пойдории сиёсӣ, сарҷамъии миллат, ваҳдати миллӣ ва пешрафту ободии Тоҷикистони азизу маҳбубамон бахшидааст.

Ба ҷо овардани ин рисолати бузурги давлатдорӣ, аз мо танҳо дар атрофи Сарвари давлат аз ҳарвақта дида зичтару устувортар сарҷамъ буданро тақозо менамояд.

Боварии комил дорам, ки дар ин амал вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша ҷонибдори сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон боқӣ хоҳанд монд.

Дар интиҳои сухан ба ҳамаи шумо – вакилони арҷманд саодатмандии рӯзгор, сиҳату саломатии пойдор таманно намуда, дар зиндагии шахсию фаъолияти меҳнатиатон барои риоя ва таъмини волоияти қонун, ҳифзи арзишҳои миллию умумибашарӣ, амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору комёбиҳои беназир орзумандам.

Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА:

- Вакилони гиромӣ, гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба охир расид. Лозим аст, ки оид ба он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро қабул намоем.

Хоҳиш мекунам, нисбат ба лоиҳаи қарори мазкур мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

(Кори ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода идома дод).

РАИС: — Вакилони арҷманд!

Масъалае, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ шуд, баррасӣ гардид. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод доред? Нест.

Бо ҳамин ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИС: - Ба ҳамаи шумо, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ, барои иштироки фаъолона миннатдорӣ баён мекунам.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ