Ҳуқуқ ба муроҷиат аз воситаҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқиест, ки ба воситаи он субъект метавонад талаботи сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии худро қонеъ гардонад.
Истифодаи дурусти ин воситаи ҳуқуқӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 апрели соли 2010 зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври зайл таъкид гардидааст: «Ҳамчун кафили риояи Конститутсия ва ҳуқуқу озодиҳои инсон изҳор менамоям, ки баррасии ҳаматарафа ва холисонаи муроҷиати шаҳрвандон ва барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо бояд омили муайянкунандаи арзёбии фаъолияти мақомоти давлатӣ бошад».
Дар моддаи 31 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки шаҳрванд ҳуқуқ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд. Вобаста ба ин муқаррарот Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» ва 23 июли соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» қабул гардиданд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» доираи муроҷиаткунандагонро нисбат ба қонуни қаблӣ васеъ намуд. Қонуни мазкур намудҳои нави муроҷиатҳоро, аз қабили дархост, таклиф, инчунин муроҷиатҳо тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) пешбинӣ намудааст.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаҳои 10, 16 ва 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин боби 9 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кор бо муроҷиати шаҳрвандон ба ҳисоб меравад.
Тибқи моддаи 17 Қонуни конститутсиониии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷитаҳои ба онҳо расидаро бо тартиби дар қонунгузорӣ муқарраргардида баррасӣ менамоянд, барои дуруст ва сари вақт ҳаллу фасл шудани онҳо чора меандешанд, шаҳрвандонро қабул мекунанд, барои рафъи сабабҳои шикоят ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассиса, ташкилот таклиф пешниҳод менамоянд.
Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, корхонаю муассиса, ташкилотҳоро барои иштирок дар қабули шаҳрвандон даъват намоянд.
Бо дарназардошти муҳимияти масъала, роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғ масъалаи қабули шаҳрвандон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз тарафи вакилон ва масъулини Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон қабул ва бо ташкили сафарҳои корӣ ба маҳалҳо ҳаллу фасли шикояти онҳо ба роҳ монда шудааст. Ба ғайр аз ин, ҳар рӯзи шанбе муроҷиаткунандагон аз тарафи навбатдорон қабул мешаванд.
Бояд қайд намуд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи он муроҷиатҳои шаҳрвандонро мунтазам баррасӣ намуда, барои сари вақт ва ҳамаҷониба қонеъ гардонидани арзу шикояти онҳо, пешгирӣ намудани сабабҳои такроран воридшавии муроҷиатҳо ба Маҷлиси намояндагон, мақомоти болоии ҳокимияти давлатӣ корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонанд.
Барои тақвияти фикр овардани чанд далелро бамаврид медонам.
30 ноябри соли ҷорӣ сокини деҳоти «Озодагон»-и ноҳияи Панҷ Н. Файзова ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ муроҷиати хаттӣ намуд ва аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагон ба ӯ дар доираи имкониятҳои мавҷуда кумак расонида шуд.
Ё ин ки Ҷ. Асоев, сокини шаҳри Норак, вобаста ба масъалаи баҳси замин муроҷиат намуд. Баъди таҳлил вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Маҷидзода масъаларо барои баррасӣ ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд ва дар натиҷа, Прокуратураи генералӣ қарор қабул намуда, дар ин бора ба шаҳрванд ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман хабар дод.
Зиёда аз ин, ҳар сол ду маротиба ва зиёдтар аз он вакилони халқ барои вохӯрӣ бо интихобкунандагон сафарбар мешаванд, ки арзу шикоят ва пешниҳоди онҳоро дар макони зист баррасӣ менамоянд. Нисбат ба масъалаҳое, ки ҳалли онҳо ба ваколати мақомоти марказӣ вобастагӣ доранд, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нома ирсол мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи муроҷиатҳо Маҷлиси Олӣ ва муроҷиаткунандагонро огоҳ менамояд.
Аз муҳтавои муроҷиатҳо бармеояд, ки интихобкунандагон бобати мушкилоти иҷтимоӣ, истифодаи самараноки замин, сохтмону таъмири мактабҳо, рушди соҳаҳои фарҳангу маориф, тандурустӣ, саноат, сохтмон, таъмири роҳҳои автомобилгард ва пулҳо, додани қарзҳои имтиёзноки бонкӣ, беҳтарсозии таъминоти аҳолӣ бо оби полезӣ ва нӯшокӣ масъалагузорӣ менамоянд.
Соли 2016 ба Маҷлиси намояндагон зиёда аз 666 арзу шикоят ворид шуд, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда баррасӣ ва аз натиҷаи онҳо ба муаллифон посухи расмӣ дода шуд.
Ҳамин тариқ, муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоти гуногуни давлатӣ, аз ҷумла Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз падидаҳои муҳими демократия буда, равобити вакилонро бо интихобкунандагон тақвият мебахшад.
Сурайё БОБОЕВА, сармутахассиси шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон