Раиси Комиссияи экологӣ Олимҷон Бобоев дар оғози ҷаласа, аз ҷумла гуфт, ки ҳамоиш ба масъалаи хеле муҳими ҳаёти ҷомеа – тамокукашӣ ва оқибатҳои ногувори он бахшида мешавад ва илова кард, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи манъи тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ»- ро қабул карда буд.
Дар ибтидо иҷрои қонуни мазкур қаноатбахш буд, вале мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир мардум аз вуҷуд доштани чунин як қонун фаромӯш кардаанд. Бинобар ин, бозгашт ба ин масъала тақозои замон буда, ҳар яки моро муваззаф месозад, ки дар тарғиби зарари тамоку ба саломатии инсон аз имконият ва шароити мавҷуда истифода намоем.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Ашӯрова оид ба зарари тамокукашӣ ба саломатии инсон муфассал суханронӣ карда, аз ҷумла иброз дошт, ки ҳар сол дар ҷаҳон қариб шаш миллион нафар аз асари тамокукашӣ вафот мекунанд, ки дар маҷмӯъ назар ба фавт аз вируси норасоии масунияти одам, сил ва вараҷа зиёдтар аст. Агар барои пешгирии тамокукашӣ чораҳои муассир андешида нашаванд, то соли 2030 ин теъдод дар як сол аз 8 миллион нафар мегузарад.
Тамокукашӣ дар тамоми давраи ҳаёти инсон ба саломатии ӯ таъсири манфӣ мерасонад. Ҳангоми ҳомиладорӣ эҳтимолияти мурда таваллуд шудани тифл ва нуқсони модарзодиро бештар мекунад. Дар синни ширмакӣ метавонад сабаби марги ногаҳонии навзод гардад. Дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ бошад, таъсири тамоку сабаби халалдоршавии ҷиддии саломатӣ ва маъюбшавӣ дар натиҷаи бемориҳои роҳҳои нафас мешавад. Одамони миёнасол бинобар зиёд кашидани тамоку ба бемориҳои дилу рагҳо, баъдтар ба бемориҳои саратон, хусусан саратони шуш мубтало мегарданд.
Гулбаҳор Ашӯрова дар идома аз Конвенсияи амсилавии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба муборизаи зидди тамокукашӣ ёдовар шуда, гуфт, ки конвенсияи зикршуда даҳ сол қабл ҳукми қонунӣ пайдо карда, дар 50 кишвари аврупоӣ тасдиқ гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 ба Конвенсияи амсилавӣ ҳамроҳ шудааст. Тарафҳо, аъзои ин конвенсия, уҳдадор шудаанд, ки барои амаликунонӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои он ҳадди ақал барои 30 фоиз кам кардани тамокукашӣ саъю кӯшиш намоянд.
Дар семинари минтақавӣ, ки оид ба татбиқи ин конвенсия 14-18 — уми ноябри соли 2015 дар Туркманистон баргузор гардид, ба ҷузъҳои асосии стратегияи самараноки мубориза бо тамоку ва амалӣ намудани онҳо, ҳамчунин стратегияи муҳофизат аз зарари тамоку таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
- Мамлакатҳои дунё ҳоло муносибатҳои инноватсиониро дар доираи Конвенсияи амсилавии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба мубориза зидди тамоку ҷорӣ карда истодаанд. Дар як қатор кишварҳо ҳоло ба сӯи ояндае роҳ кушодаанд, ки дар он барои тамоку ҷой нест, — иброз дошт Гулбаҳор Ашӯрова ва тавсияҳоеро номбар кард, ки барои ҷумҳурии мо қобили қабул мебошанд.
Тавсияҳо чунинанд:
- қабули чораҳо дар доираи қонунгузорӣ ҷиҳати тақвияти мубориза зидди тамоку;
- иҷрои Конвенсияи амсилавии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба мубориза зидди тамоку ва танзими он дар сатҳи давлатӣ;
- таҳия ва тасдиқи чорабиниҳои иҷрои қонун оид ба мубориза зидди тамоку;
- иттилоъ додан ба аҳли ҷомеа ва тарафҳои манфиатдор оид ба мубориза зидди тамоку;
- зиёд намудани андоз барои тамоку ва маҳсулоти он;
- манъ кардани фурӯши тамоку ба шаҳрвандони то 18 — сола, ҳамчунин фурӯши тамоку дар назди муассисаҳои таълимӣ, муолиҷавӣ, фарҳангӣ, варзиш ва ғайра;
- манъ кардани тамокукашӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, санъат, маориф, варзишӣ, дар иншооти савдою тиҷорат ва хизматрасонии маишии аҳолӣ, дар як қатор иншооти хӯроки умумӣ, биноҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, ташкилотҳо, вокзалу фурудгоҳҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ, нақлиёти ҷамъиятӣ ва барои вайронкунандагон тартиб додани протоколи ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷарима кардани онҳо.
Манъ кардани ҷойгиркунии (паҳнкунии) рекламаи маҳсулоти тамоку, паҳнкунии ройгони тамоку, муайян намудани талабот нисбат ба бастабандӣ ва нишонагузории маҳсулоти тамоку мувофиқи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ, дар қуттӣ ва бастаҳои маҳсулоти тамоку ҷойгир намудани навиштаҷоти огоҳкунандаи чашмрас, равшан, намоён ва осон хондашаванда дар бораи зарари тамокукашӣ барои саломатӣ аз ҷумлаи тавсияҳое мебошанд, ки моро зарур аст таблиғи онро дар миёни аҳли ҷомеа васеъ ба роҳ монем.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаёт Одинаев, Олимҷон Сафаров, Садриддин Шарипов, Ҷамшед Муртазоқулов, Латифзода Рустам Барот дар баррасии масъала фаъолона ширкат намуда, оид ба пурзӯр гардонидани чораҳои зидди тамоку, дар қонунгузорӣ муқаррар кардани муҷозоти маъмурӣ ва ҷаримаҳои калон барои кашидани тамоку дар ҷойҳои манъшуда, васеъ ба роҳ мондани тарғиботи зидди тамоку ва маҳсулоти он тавассути воситаҳои ахбори омма фикру мулоҳизаҳои судманд иброз намуданд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев ҷаласаро ҷамъбаст карда, мубориза бар зидди тамокукаширо аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим баҳри таъмини солимии ҷомеа арзёбӣ намуд.
Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»