Дар саноатикунонии кишвар комёб мегардем, агар…

№30 (4613) 27.02.2023

КоллажАсоси рушди ҳар як кишварро саноат ташкил медиҳад. Бе рушди ин бахш такомули рушди ҳеҷ як кишвар имкон надорад ва аз ин хотир  саноа­тикунонии босуръати кишвар авлавият аст.

Боиси фараҳмандист, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз 6-уми январи соли 2022, солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон шуд, ки идомаи мантиқии иқдомҳои дурандешонаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад, зеро бе саноатикунонӣ расидан ба ҳадафҳои дигар — аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани кишвар имконнопазир аст. Дар саноатикунонии кишвар соҳаи маориф нақши калидӣ дорад. Маҳз наврасону ҷавонон бояд ба саноатикунонии кишвар шавқу рағбат зоҳир намоянд ва дар ин кор устодони ғамхор онҳоро раҳнамоӣ кунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон доимо аз сатҳу сифати таълим, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзишу рушди фанҳои дақиқ ҳарф мезананд. Аз ҷумла, дар мулоқот бо аҳли зиёи кишвар 18-уми марти соли 2020 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Мо дар доираи рушди илмҳои муосир саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон намудем. Дар ин раванд мақсад дорем, ки истифодаи технологияҳои муосирро дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ густариш дода, тафаккури техникии аҳолӣ, дар навбати аввал ҷавононро, тақвият бахшем, барои пешрафти илмҳои бунёдӣ ва техникиву технологӣ фазои мусоид фароҳам оварем. Маҳз бо ҳамин мақсад мо солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон кардем ва бовар дорем, ки ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад».

Вобаста ба пешниҳоди Пешвои миллат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 ҷиҳати татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 қабул гардид. Тибқи он, дар марҳилаи аввал таҳия ва татбиқи «Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ба нақша гирифта шудааст.

Аз қабули ин санади муҳим беш аз се сол сипарӣ гардид. Аз назари мо, дар марҳилаи ҳозираи инкишофи илму техника барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Асоси илмҳои дақиқро математика, физика, химия, биология ва ғайра ташкил карда, маҳз ҳамин илмҳо ба мо доир  ба чор унсури муҳими табиат — обу хоку боду оташ, ки асоси пойдории оламу одамро ташкил медиҳанд, маълумот медиҳанд. Зарур аст, ки ҷавонон ба илмҳои дақиқ бештар рӯ оранд. Аз бар кардани илмҳои дақиқ барои ташаккули шахсияти нав­расон ва роиҷ гардидани хислатҳои ҳамида мусоидат менамояд.

 Тафаккури математикӣ, ки ҷузъи фарҳанг аст, на танҳо барои рушди илмҳои дақиқ чун риёзиёт, физика, химия, балки барои рушди илмҳои дигар, ба мисли иқтисодиёт, тиб, ҷуғрофия, сотсиология, баланд гаштани маърифати экологӣ ва ғайра таҳрик мебахшад.

Ҳоло зарурати муносибати нав ба омӯзиши илмҳои дақиқ пеш омадааст. Илмҳои дақиқ дар робитаи мустаҳкам ба воқеият, яъне саноатикунонии кишвар, ки аз ҷавонон донистани илмҳои дақиқ, кор карда тавонистан бо техника ва технологияи навинро талаб мекунанд, бояд таълим дода шаванд.

Насли ҷавон бояд арзишҳои истиқлолият ва озодиро дуруст дарк намоянд,  моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистони азиз таблиғ созанд. Илова бар ин, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва таҳкими давлатдории миллӣ талош карда, дар раванди бунёди ҷомеаи демокративу дунявӣ саҳми арзанда гузоранд.

Б. АҲМАДЗОДА,

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон