Дар Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№34 - 35 (4140 - 4141) 19.03.2020

DSC_9070Ҳаждаҳуми марти соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар он масъалаҳо перомуни «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани сарҳадҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ» ва «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйир додани сарҳадҳои шаҳраки Балх, деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ба ҷойи дигар кӯчонидани маркази маъмурии деҳоти Ҳалевард»- ро Раҳмон Озода Эмомалӣ – раиси Кумитаи Маҷ­ли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният, Файзуллозода Зафар Хайрулло – раиси Куми­таи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Амирзода Раҳмоналӣ Амир – раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия ва Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ – раиси Кумитаи Маҷли­си мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­­ян­да­­гон, ҳо­ки­ми­яти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­пар­ламентӣ шарҳу тавзеҳ доданд.

Сипас, Ализода Зариф – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷли­си Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025»- ро барои баррасӣ пешниҳод намуд.

Раҳмон Юсуф Аҳмадзод — прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019»-ро манзури аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ гардонид.

Инчунин, Ализода Зариф «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Назарзода Ҳ. Н.», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Осимзода Муҳаммадиброҳим», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ваҳобов В. М.», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Мирзозода С. Р.», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҳикматуллозода Абдуғаффор», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Талбакзода Д. С.», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Рофизода М. Ҳ.» ва «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Зоирзода И. О.»- ро ба баррасии аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод кард.

Шӯрои Маҷлиси миллӣ доир ба масъалаҳои баррасишуда қарор қабул намуда, онҳоро ба баррасии Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод намуд.

Шӯрои Маҷлиси миллӣ, ҳамчунин, баъди баррасӣ доир ба масъалаҳо дар бораи «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббой бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон Файзов Ё. Д. бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сарфароз гардонидани раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният Раҳмон Озода Эмомалӣ бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъ­ала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Раҳимӣ Фарҳод бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­­ян­да­­гон, ҳо­ки­ми­яти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­пар­ламентӣ Имомзода М. С. бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сарфароз гардонидани раиси Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Амирзода Р. А. бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур Маҳтобшозода А. Б. бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани муовини раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъ­ала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Бобобекова Меҳринисо бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани муовини раиси Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният Лоиқзода Қ. Х. бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сарфароз гардонидани узви Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба ҳам­­­оҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси на­мо­­ян­да­­гон, ҳо­ки­ми­яти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъия­тӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байни­пар­ламентӣ Дадаҷонова С. М. бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани узви Куми­таи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оид ба таъми­ни асос­ҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озоди­ҳои инсон, шаҳр­ванд ва қонуният Раҳмонова Н. Ш. бо «Ифтихорномаи Маҷли­си миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфароз гардонидани узви Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъ­ала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, мао­риф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Шораҳматов Р. Ш. бо «Ифтихорномаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар алоҳидагӣ қарор қабул намуд.

Ҳамчунин, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи бисту дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул кард.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Исматуллозода Ширин Исматулло, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод иштирок доштанд.

Самариддин АСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ