Дар Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№49-50 (4311-4312) 17.04.2021

КоллажШонздаҳуми апрели соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор гардид.

Ба рӯзномаи он масъалаҳои зерин ворид карда шуданд: «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои вилояти Хатлон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикис­тон «Оид ба иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод».

Онҳоро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод, оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Ҳакимзода Қурбон, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод шарҳу тавзеҳ доданд.

Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи  ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ализода Зариф «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Абдуллозода Л. И.» — ро ба баррасии аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод кард.

Шӯрои Маҷлиси миллӣ доир ба ­масъалаҳои зикршуда қарор қабул намуда, онҳоро ба баррасии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод намуд.

Шӯрои Маҷлиси миллӣ, инчунин, баъди баррасӣ доир ба масъалаҳо дар бораи «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамзода Рустам» ва «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳу­­рии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси мил­лии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия бозхонд намудани Акрамзода Рустам» дар алоҳидагӣ қарор қабул намуд.

Ҳамчунин, Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул кард.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлуба Амонзода, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурзода Абдулҳафиз Абду, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ