Сиюми майи соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Ба рӯзномаи он масъалаҳои зерин дохил карда шуданд: «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони деҳоти Мискинобод, ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ва иваз намудани номи он ба «30 — солагии Истиқлол».
Онҳоро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Дилшод Раҳмон, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Маҳмадшоҳ Гулзода, оид ба иқтисоду коммуникатсия Шарифҷон Ҷумъазода, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои банипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ, муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Лола Одилбекова шарҳу тавзеҳ доданд.
Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Вазирзода Г. Н.», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Мирзозода И. Ш.», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Муродзода Б. Р.», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби машваратчиёни халқии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ба баррасии аъзои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.
Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, оид ба масъалаҳои «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Дастурамали коргузорӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул намуд.
Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён Амонзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раисони Суди конститутсионӣ Ашурзода Абдулқафиз Абду, Суди Олӣ Шоҳиён Шермуҳаммад, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма низ иштирок доштанд.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ