Даҳуми октябри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Баъд аз қабули Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рӯзномаи ҷаласа доир ба масъалаҳои он — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдории роҳ дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ», «Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II — Хоруғ, ВМКБ», «Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II- Хоруғ, ВМКБ», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II — Хоруғ, ВМКБ», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати содагардонии расмиёти воридот, содирот ва транзити борҳои кумаки фавқулода», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Дар бораи лоиҳаи Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия ва Барномаи дастгирии назорати парламентӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷет» раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов ва муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлюда Қаландарзода гузориш манзур намуданд.
Бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои мазкур барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.
Аъзои Шӯро масъалаҳои дигари рӯзномаро «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризми дохилӣ», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ (LN0002 — TJK) оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ бо тағйиру иловаҳо (тағйиру иловаҳо ба Созишномаи қарзӣ аз 27 июли соли 2012) (42232) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон» баррасӣ намуда, қарор қабул карданд, ки мутобиқи онҳо масъалаҳои мазкур барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Ҳамчунин, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафари ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург» қарор қабул кард.
Дар интиҳо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қабул гардиданд.
Самариддин АСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ