Ҳаждаҳуми декабри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Баъд аз тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (қарзи №6024-TJ, қарзи №6025-TJ ва гранти №D179-TJ) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, «Дар бораи Созишномаи ҳукуматии имтиёзию қарзӣ (№ GCL NO. (2017) 27 TOTAL NO.(632) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозӣ ва сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Халқии Хитой» ва «Дар бораи Созишномаи маблағгузорӣ (қарзи №6089 – TJ ва гранти №D205-TJ) оид ба лоиҳаи «Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устувори зидди хатарҳои табиӣ» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот ва мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон қобилҷон Абдуқодиров шарҳу тавзеҳ доданд. Сипас, масъалаҳои зикршуда бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод шуданд.
Масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об» барои баррасӣ ва хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристода шуд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул кард.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ