5 марти соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Баъди тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арманистон дар бораи рафтуомади мутақобилаи шаҳрвандон», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2016-2017» ва «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории техникӣ барои солҳои 2016-2017»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир ва оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова шарҳу тавзеҳ доданд.Сипас, масъалаҳои зикршуда бо қарорҳои алоҳида ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.
Масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории наздисарҳадӣ» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул намуд.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ