17 апрели соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Баъди тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтаргардонии зеристгоҳҳо дар шаҳри Душанбе» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ», «Дар бораи Созишномаи грантӣ (гранти №TF0A6507) оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обёрӣ ва беҳтаркунии идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ», «Дар бораи Мактуб-созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба пешниҳод намудани пешпардохт барои омодасозии лоиҳаи «Таъмини қувваи барқ дар зимистон» (№Q9800 -TJ)» ва «Дар бораи Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов, оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир ва оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ қурбонзода ҳилолбӣ ҷумъахон шарҳу тавзеҳ доданд. Сипас, масъалаҳои зикршуда барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.
Масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии нархгузорӣ», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба фаъолияти намояндаҳои сарҳадӣ 310. 050. 060», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» 310. 010. 000», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ» ва «Оид ба Протокол доир ба амалисозии Созишнома дар бораи ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз 28 ноябри соли 2006 оид ба масъалаҳои ҷуброни хароҷот вобаста ба татбиқи чораҳои ҳимоя, ки 16 сентябри соли 2016 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст», барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул кард.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ