23 апрели соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Баъд аз тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба фаъолияти намояндагони сарҳадӣ», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ ҷиҳати таъмини фаъолияти сарбанди «Фарҳод» ва «Дар хусуси Протокол доир ба амалисозии Созишнома дар бораи ҳимояи иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ аз 28 ноябри соли 2006 оид ба масъалаҳои ҷуброни хароҷот вобаста ба татбиқи чораҳои ҳимоя, ки 16 сентябри соли 2016 дар шаҳри Бишкек ба имзо расидааст» — ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот ва муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насиба Содиқова шарҳу тавзеҳ доданд.
Сипас, бо қарорҳои алоҳида масъалаҳои зикршуда ба баррасии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.
Масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ва «Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе (марҳилаи 2)» байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, инчунин «Дар бораи сафари ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург», «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул кард.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ