Чоруми марти соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар он масъалаҳо «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак», «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фабрикаи қаннодии Амирӣ» оид ба таҷдид, рушд, сохтмон, ба истифода додан ва фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, хока ва шираи нишоста ва маҳсулоти ордӣ», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-техникӣ» ва «Дар бораи Протокол оид ба тартиби супоридани маводи нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, силоҳи оташфишон ва қисмҳои асосии он, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш, ки аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ далелҳои шайъӣ ба ҳисоб мераванд»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов ва оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир шарҳу тавзеҳ доданд. Пасон, масъалаҳои зикршуда бо қарорҳои алоҳида барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул намуд.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ