Ҳаждаҳуми марти соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи нақшаи ҳудудии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор ва оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода шарҳу тавзеҳ доданд ва онҳо бо қарорҳои алоҳида ба баррасии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин, доир ба масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳакимзода Қ.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Бобозода Ш.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Хоҷазода О. А.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Файзуллозода З. Қ.», «Оид ба лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Ҷаласаи ҳаштуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум», «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул кард.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло Алиев