Бистуми майи соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаҳои қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»,
«Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонки исломӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарифов, оид ба иқтисод ва буҷет Шариф Раҳимзода ва муовини раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Зайниддин Сафаров шарҳу тавзеҳ доданд. Сипас, масъалаҳои зикршуда бо қарорҳои алоҳида ба баррасии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин масъалаҳо «Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Протоколи иловагӣ ба Конвенсия дар бораи аҳднома оид ба боркашонии байналмилалии нақлиётӣ (КАБ) марбут ба борхати электронӣ» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок»-ро барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол намуда, «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» низ қарор қабул кард.
«Садои мардум». Суратгир Неъматулло АЛИЕВ