Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№148 (4098) 10.12.2019

DSC_0737Зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 9 декабри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Он ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ки 23 апрели соли 2014 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон доир ба масъалаҳои пешгирӣ намудани қонуншиканӣ аз тарафи ҷавонону наврасон баён намуданд, таҳия шуда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикршуда аз муқаддима, 4 боб ва 29 модда иборат буда, мақсад аз қабули он муқаррар ва муайян намудани салоҳияти мақомот ва идораҳои ваколатдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар таъмини огоҳонӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар кирдорҳои зиддиҷамъиятии ноболиғон арзёбӣ гардид.

Инчунин, баъди шарҳу тавзеҳи раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарипов, оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода ва раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми якум)», «Дар бораи Созишномаи ҳошиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба фаъолият дар доираи Ҳисоби барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба пас гардонидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти сулҳоваронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар хусуси Шартнома оид ба шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус», «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ва «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» бо қарорҳои алоҳида ба баррасии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардиданд.

Масъалаҳо «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар (таҳияи лоиҳаи муфассал)», «Дар бораи Созишномаи молиявӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Дар бораи Созишномаи қолабӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул кард.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ