Бисту панҷуми феврали соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Баъд аз тасдиқи рӯзнома масъала «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи амният» аз ҷониби раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир тавзеҳ дода шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардид. Дар робита ба масъалаҳо «Оид ба пас гардонидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ ва машрубот», «Оид ба Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Роҳрави ҲИМОМ 2,3 ва 5 (роҳи мошингарди Обигарм-Нуробод)», «Оид ба Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Обигарм — Нуробод», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (грант D4780 — TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе», «Дар бораи гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» низ қарорҳо қабул гардиданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» қарор қабул намуд.
Неъматулло СОЛЕҲОВ, «Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ