13 апрели соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҷараён гирифт.
Дар он перомуни масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»,«Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», «Дар бораи Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба «СASA 1000 лоиҳаи дастгирии ҷомеа», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии Гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайруллои Амонулло ва раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Муртазозода Ҷамшед гузориш доданд ва онҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод шуданд.
Баъди баррасӣ ва шарҳу тавзеҳ масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зокирзода М. З.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шоҳмурод Р.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Тағойзода С. С.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳикматуллозода Н.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Орумбекзода Ш. Ш.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Саид Н. С.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сатторӣ И.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Исматуллозода Ш. И.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Гулмаҳмадзода Д. Қ.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ашуриён М. Қ.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Ҷабборзода Г.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Завқизода З. А.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Давлатзода З. Д.», «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Имомзода М. С.» ва «Дар бораи лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Салимзода А. Ф.» барои баррасӣ ба ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.
Инчунин, масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи ҷалб намудани қарзи давлатӣ ҷиҳати барориши коғазҳои қиматноки давлатӣ дар шакли векселҳо», «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» ва «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ирсол гардиданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин, «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул кард.
«Садои мардум»
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ