Понздаҳуми июни соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар он масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Франсия оид ба алоқаи ҳавоӣ», «Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ оид ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 (роҳи автомобилгарди Обигарм — Нуробод)», «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Барномаи солимгардонии молиявии корхонаи энергетикӣ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи давлатии коммуналии «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Хуҷанд», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ва «Дар бораи мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Шифобахш» ва «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» — ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, оид ба иқтисод ва молия Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло ва оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Тағойзода Сумангул Саид шарҳу тавзеҳ доданд. Сипас, онҳо бо қарорҳои алоҳида ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод шуданд.
Масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Хоҷагии коммуналӣ»-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» баъди баррасӣ ва шарҳу тавзеҳи мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Комилзода Абдуқодир Ҷафар барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристода шуд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул кард.
«Садои мардум». Суратгир Неъматулло АЛИЕВ