Нуздаҳуми октябри соли ҷорӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат баргузор гардид.
Ба рӯзномаи он масъалаҳои зерин ворид карда шуданд: «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи рӯзномаи Ҷаласаи якҷояи сеюми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум».
Сипас, баъди шарҳу тавзеҳи мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Комилзода Абдуқодир Ҷафар бо қарорҳои алоҳидаи Шӯро масъалаҳои зикргардида барои хулоса ба кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол карда шуданд.
«Садои мардум»