Зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чордаҳуми декабри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷараён гирифт, баъди шарҳу тавзеҳи раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло ва оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзуллоев масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», «Дар бораи Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994» ва «Дар хусуси мубодилаи ёддоштҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония оид ба кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Япония барои мубориза бо COVID -19 дар доираи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ» бо қарорҳои алоҳида ба баррасии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.
Масъалаҳои дигари рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Файзуллоев М. Қ.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният баровардани Усмонзода Х. У.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Усмонзода Х. У.», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992», «Дар хусуси Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи вазъи ҳуқуқии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002», «Дар хусуси Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002» ва «Дар хусуси Протоколи сеюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи сафари Шоҳмурод Р. ба Ҷумҳурии Қирғизистон», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул кард.
«Садои мардум»