Бисту якуми декабри соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он баъди тасдиқи рӯзнома масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992», «Дар бораи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи вазъи ҳуқуқии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002», «Дар бораи Протоколи дуюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002», «Дар бораи Протоколи сеюм оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба Нуруллозода, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Тағойзода Сумангул Саид, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам ва раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор шарҳу тавзеҳ доданд ва онҳо бо қарорҳои алоҳида ба баррасии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.
Масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои корфармоён», «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ» ва «Дар бораи лоиҳаи Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол шуданд.
Дар хотима, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул гардид.
«Садои мардум»