Бисту дуюми феврали соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд.
Дар он масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва «Оид ба Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таъмини омодагӣ дар ҳолати садамаи ядроӣ ё ба вуқӯъ омадани ҳодисаи садамаи радиатсионӣ ва кумаки мутақобила ҳангоми рафъи оқибатҳои онҳо», ки аз ҷониби раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ ва оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам шарҳ дода шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.
Масъалаҳо «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ва Лоиҳаи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои хулоса ба кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супурда шуд.
Аъзои Шӯро, ҳамчунин, «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2020 таҳти № 180» қарор қабул намуд.
«Садои мардум»