Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 марти соли 2021 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло баргузор шуд, масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба пас гардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», ки аз ҷониби раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода ва оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ шарҳу тавзеҳ ёфтанд, баррасӣ гардида, бо қарорҳои алоҳидаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод шуданд.
Масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ, маблағгузории иловагии дуюм» ва «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе» барои пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ирсол шуданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул намуд.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ