Бисту шашуми апрели соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Зимни он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин баровардани Юсуфӣ М.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Юсуфӣ М.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб намудани Одиназода Ҳ. Р.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб намудани Абдусаломзода М. А.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия интихоб намудани Исмоилиён К. И.», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб намудани Қосимӣ Ф.», «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоият дар бораи озод намудани Ҳабибулозода Р. Ҳ. аз вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба додани ризоият дар бораи таъин намудани Бобоҷонзода М. Б. ба вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд. Онҳоро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло, оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло, оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода ва оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам шарҳу тавзеҳ доданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии ёрирасони шахсӣ» (дар таҳрири нав), «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (дар таҳрири нав), «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул кард.
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ