Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№72 (4334) 01.06.2021

DSC_1204Сиву якуми майи соли равон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он ибтидо лоиҳаи Кодекси манзили  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр гардид, ки он мутобиқи моддаи 58-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои баррасӣ пешниҳод шудааст ва тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ ба манзил дорад. Ҳама гуна амал (беамалӣ), ки барои тат­биқи ҳуқуқ ба манзил монеъ мегардад, манъ аст. Ҳуқуқ ба манзил танҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад маҳдуд карда шавад.

Шаҳрвандон бо ихтиёр ҳуқуқҳои манзилии ба онҳо тааллуқдоштаро амалӣ менамоянд. Инчунин, онҳо дар амалӣ намудани ҳуқуқ ба манзил аз рӯи шартнома ва асосҳои дигари пешбининамудаи қонунгузорӣ озод мебошанд.

Инчунин, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани  тағийру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд, ки ҷиҳати иҷрои «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» ва бо мақсади такмили фаъолияти Суди конститутсионӣ таҳия гардидааст.

Ҳамчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» ва Созишномаи дастгирӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб», ки 2 марти соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар хотима, масъалаҳои зикршуда барои хулоса ба мақомоти дахлдор, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ