Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№108 (4370) 31.08.2021

DSC_8397Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 31 августи соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор шуд, танҳо як масъала — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни шарҳу тавзеҳот, аз ҷумла, қайд гардид, ки лоиҳаи қонуни зикршуда моҳияти башардӯстона дошта, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст. Ва он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таҳти рақами 245 аз 30 августи соли 2021 даъват карда шудааст, ирсол шуд.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода иштирок дошт.

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ