Ёздаҳуми октябри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар он нахуст масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт ва он баъд аз шарҳу тавзеҳи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардид.
Масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳои хатарнок тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон», «Дар хусуси мактубҳои мубодилавӣ оид ба расонидани кумакҳои бебозгашт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002» ва «Дар хусуси мактубҳои мубодилавӣ оид ба расонидани кумакҳои бебозгашт дар доираи Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 27 майи соли 2002» барои пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд.
Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода иштирок ва доир ба баъзе аз масъалаҳо андеша баён кард.
«Садои мардум»