Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№135 (4397) 02.11.2021

Зимни ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 1 ноябри соли 2021 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода доир шуд, масъалаҳои зерин баъди таҳлил барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии  Иҷлосияи  сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  даъвати шашум пешниҳод гардиданд: «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ» оид ба сохтмон ва истифодабарии комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази тақсимоти яклухти витаминҳои Тоҷикистон» оид ба сохтмони гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот дар шаҳри Леваканд ва ташкил намудани се маркази тақсимоти яклухт дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва ноҳияи Спитамен», «Дар хусуси Оинномаи Созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ» ва «Дар хусуси ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония дар бораи «Пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ». Онҳоро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода шарҳу тавзеҳ доданд.

Масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023-2024», «Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-2024», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва  «Дар бораи дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2022 ва давраи миёнамуҳлат» барои пешниҳоди хулоса ба кумитаҳою Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор фиристода шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, инчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» дар алоҳидагӣ қарор қабул намуд.

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Зариф Ализода иштирок дошт.

***

Ҳамчунин, 2 ноябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода ва бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сурат гирифт, ки дар он ибтидо масъала «Оид ба лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳлил қарор гирифта, барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи  сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати шашум ирсол гардид. Дар шарҳу тавзеҳи он раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб Қурбоналӣ, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам ва сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Комилзода Абдуқодир Ҷафар андеша баён намуда, ба пурсишҳои ҳозирин вазири молияи ҷумҳурӣ Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва дигар масъулин посух гуфт.

Сипас, масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» барои пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор фиристода шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон «Дар бораи сафари Усмонов М. С. ба Ҷумҳурии Қирғизистон» низ дар алоҳидагӣ қарор қабул кард.

«Садои мардум»