Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№142 (4404) 23.11.2021

22 ноябри соли равон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Ибтидо дар он масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи парандапарварӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023 — 2024» ва «Дар бораи лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023 — 2024» мавриди таҳлил қарор гирифта, барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум  пешниҳод шуданд. Онҳоро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот, оид ба иқтисод ва молия Файзулло Машраб Қурбоналӣ шарҳу тавзеҳ доданд.

Баъдан, зимни баррасии масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба Нуруллозода, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло, раиси Комиссия оид ба одоби вакилон Баротзода Файзулло, раиси Комиссия оид ба назорати дастур ва ташкили кор Муртазозода Ҷамшед Сайдалӣ, муовини раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан Муҳитдин, узви Кумита оид ба иқтисод ва молия Обидзода Фозил Саид ва сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Комилзода Абдуқодир Ҷафар ба музокира баромада, андеша баён доштанд. Ва масъалаҳои зикршуда барои пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва дигар ниҳодҳои дахлдор фиристода шуданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, инчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» низ дар алоҳидагӣ қарор қабул намуд.

«Садои мардум»