Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода шашуми декабри соли 2021 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи инҳисороти табиӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» ва «Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба таъсиси системаи муттаҳидаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия аз 27 апрели соли 2021» баъди шарҳу тавзеҳи муфассали раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло ва оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод шуданд.
Инчунин, масъалаҳо «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамлу нақл, транзити мол ва мусофирон», «Дар хусуси Протокол байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани молу мулки ғайриманқули аз ҷониби воҳидҳои ҳарбии пойгоҳи ҳарбии Россия озодгардида», «Дар хусуси Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон дар бораи супоридани маҳкумшудагон» ва «Дар хусуси Шартномаи истирдод байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷористон» баъди таҳлилу баррасӣ барои пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва дигар ниҳодҳои дахлдор ирсол гардиданд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи сафари ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Истанбул», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» низ дар алоҳидагӣ қарор қабул кард.
«Садои мардум»